Қисмати 916 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 85-89
Қисмати 916 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 85-89
85
وَتَبَارَکَ الَّذِی لَهُ مُلْکُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَیْنَهُمَا وَعِندَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَإِلَیْهِ تُرْجَعُونَ
Пурбаракат ва баландмартаба аст, онки фармонравоии осмонҳо ва замин ва ончи миёни онҳост, аз они ӯст ва огоҳӣ аз қиёмат махсуси ӯст ва ба сӯи ӯ бозгардонда мешавад.
Дар барномаи қабл, сухан аз рубубияти Худованд буд, ки дар ҳастӣ касе ё чизе ҷуз ӯ сазовори парастиш нест. Маъбуди воқеии фариштагони осмон ва инсонҳои рӯи замин танҳо ӯст.
Ин оя мефармояд: Далели ин ибодату парастиш он аст, ки тамоми ҳастӣ таҳти ихтиёри ӯст. Ӯ бар осмонҳо ва замин ва ончи миёни онҳост, фармонравоӣ мекунад ва касе ҷуз ӯ дар ин олам ҳукме намеронад. Ӯ холиқи тамоми ашё ва қавонини ҳоким бар онҳост.
На фақат дунё, балки қиёмат низ ба дасти ӯст. Танҳо ӯ аз замони қиёмат огоҳӣ дорад. Пас аз марг, ҳама ба сӯи ӯ бозмегардед ва сару кори шумо бо ӯст. Пас касе, ки саодати дунё ва охиратро мехоҳад бояд роҳеро, ки у мушаххас карда, бипаймояд, ончиро мавриди ризояти ӯст анҷом диҳад ва аз ончи қаҳру ғазаби ӯро ба дунбол дорад, дурӣ гузинад.
Аз ин оя меомӯзем:
Мабдаъ ва маоди ҷаҳону дунё ва охирати мо инсонҳо, ба дасти Худованди яктост.
Ҷуз Худованд касе аз замони поёни ҷаҳону барпоии қиёмат, огоҳ нест.
86
وَلَا یَمْلِکُ الَّذِینَ یَدْعُونَ مِن دُونِهِ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَن شَهِدَ بِالْحَقِّ وَهُمْ یَعْلَمُونَ
Ва касонеро, ки ба ҷои ӯ мехонанд ва мепарастанд, ихтиёри ҳечгуна шафоате надоранд, магар касоне, ки ба ҳақ шаҳодат додаанд ва онон худ медонанд, ки чи касе сазовори шафоат аст.
Яке аз ангезаҳои ширк ин аст, ки иддае гумон мекунанд, ашё ё афроде метавонанд дар дунёву охират шафеи онҳо назди Худо шаванд ва раҳмати иллоҳиро ба сӯи онон ҷалб кунанд. Ба ҳамин хотир аз он ашё ё афрод ёрӣ металабанд.
Ин оя мефармояд: Дар додгоҳи иллоҳӣ шафоат вуҷуд дорад, аммо на барои касоне, ки шумо гумон мекунед. Онҳо қодир ба ҳечгуна шафоате нестанд . Шафоат дар пешгоҳи Худованд танҳо ба азну иҷозаи ӯст. Дар воқеъ ҳаққи шафоат барои касонест, ки гуфтору рафтори онҳо ҳамвора бар ҳақ буда ва улгу ва намунае барҷаста барои пайравӣ аз роҳи ҳақ ҳастанд.
Аз ин оя меомӯзем:
Ҳамчун тавба, ки роҳе барои бозгашт ба Худост, шафоат низ роҳе барои бозгашти мардум ба сӯи Худо, албатта аз тариқи авлиёи Худост.
Касоне, ки дар масири ҳақ ҳастанд, боисте дасти дигаронро низ бигиранд ва ба ин масир биоваранд, ки ин шафоати воқеӣ аст.
87
وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَهُمْ لَیَقُولُنَّ اللَّـهُ فَأَنَّى یُؤْفَکُونَ
Ва агар аз онон бипурсӣ, ки чи касе онҳоро офаридааст? Қатъан хоҳанд гуфт Худо. пас чигуна ба инҳироф кашонда мешаванд?
Дар идомаи ояи қабл, ки сухан аз шафоати хостани мушрикон аз ғайри Худо буд, ин оя бо тарҳи як савол онҳоро мавриди бозхост қарор медиҳад: Шумо, ки Худоро холиқи худу ҷаҳон медонед, чаро аз ғайри Худо ёрӣ металабед ва онҳоро ба навъе парастиш мекунед? Дар ҳоле, ки парастиш фақат шоистаи касест, ки холиқу мудаббири ин олам аст. Ин чи инҳирофест, ки шумо дучори он шудаед? Дарбаробари ашё ё афроде, ки ҳеч ҷойгоҳе надоранд, таъзим мекунед ва аз парастиши Худо ба сӯи ғайр меравед ва интизори васотати онҳо дар даргоҳи иллоҳиро доред?
Аз ин оя меомӯзем:
Ҳатто мушрикон, холиқяти Худоро қабул доранд. Мушкили аслӣ дар рубубият ва тадбири умури инсон аст, ки мушрикон онро ба ашёъи беҷон нисбат медиҳанд ва ё дигаронро дар он дахил медонанд.
Ҳаргуна инҳироф аз тавҳид дар рубубият, инҳироф аз фитрати инсонӣ аст.
88
وَقِیلِهِ یَا رَبِّ إِنَّ هَـؤُلَاءِ قَوْمٌ لَّا یُؤْمِنُونَ
Ва сухани расули мо ин аст: Парвардгоро! Инон қавме ҳастанд, ки имон намеоваранд.
89
فَاصْفَحْ عَنْهُمْ وَقُلْ سَلَامٌ فَسَوْفَ یَعْلَمُونَ
Пас аз онон рӯй бигардону бигу: Бадруд. Пас ба зудӣ хоҳанд донист.
Ин ояҳо, ки поёни бахши сӯраи Зухруф ҳастанд, дар поёни мабоҳиси марбут ба тавҳиду ширк мефармояд: Алорақми талоши шабонарӯзии расӯли Худо ва гуфтугӯ бо мушрикон, барои ҳидояти онҳо, бархе аз онҳо имон намеоваранд ва қасди имон овардан ҳам надоранд. Бо онки ҳақро фаҳмидаанд, аммо суханони равшану ба ҳаққи паёмбар дар қалби сарди онҳо таъсир намегузорад ва ҳозир ба пазириши он нестанд, зеро бо манофеи дунявӣ ва лаззати зудгузари онҳо созгор нест.
Лизо Худованд ба паёмбараш мефармояд: Пас аз онки ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кардӣ ва ҳақро ба гуши онҳо расондӣ, аз онҳо рӯй баргардон. Онҳоро ба ҳоли худ вогузор ва раҳояшон кун, то гумон накунанд, ки ба имон овардани онҳо ниёзмандӣ ва ё мехоҳӣ онҳоро ба имон овардан маҷбур кунӣ.
Аз ин оя меомӯзем:
Раҳбарону мубаллиғони динӣ набояд интизор дошта бошанд, ки ҳамаи ии мардум имон биоваранд ва ҳақро бипазиранд.
Баъд аз итмоми ҳуҷҷат бо мухолифон, на илтимос кунем ва на иҷбор. Балки ононро раҳо кунем ва иҷоза диҳем, ба ихтиёри худашон интихоб кунанд.