Январ 09, 2021 12:44 Asia/Dushanbe

Қисмати 917 сураи муборакаи “Духон” ояти 1-8

 

1

حم

Ҳо Мим

2

وَالْکِتَابِ الْمُبِینِ

Савганд ба китоби равшангар

 

3

إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِی لَیْلَةٍ مُّبَارَکَةٍ  إِنَّا کُنَّا مُنذِرِینَ

Мо онро дар шабе мубораку фархунда нозил кардем. Мо ҳамвора ҳушдордиҳанда будаем.

 

4

فِیهَا یُفْرَقُ کُلُّ أَمْرٍ حَکِیمٍ

Дар он шаб ҳар амри устуворе, тафсилу табйин ме‌шавад.

 

Ҳафт сӯраи Қуръон, бо ҳуруфи мақтааи Ҳомим оғоз мешавад. Ғайр аз ин сӯра, чаҳор сӯраи қаблии он ва ду сӯраи баъд аз он низ бо ҳамин ҳуруф шуруъ мешавад. Чунонки пеш аз ин гуфтем, умуман пас аз ин ҳуруф, сухан аз азамати Қуръону нақши он дар ҳидояти башар аст.

Дар ин сӯра низ Худованд ба Қуръон савганд ёд кардааст. Китобе, ки муҳтавояш равшану равшангар ва таълимоташ зинда аст ва худ далели ҳаққонияти хеш аст.

Идомаи оя дар хусуси ҷойгоҳи ин китоб дар назди Худованд мефармояд: Ин китоб дар беҳтарин замони ҳар сол, ки Шаби қадр аст, нозил шудааст. Сипас бар вижагии муҳими Шаби қадр таъкид мекунад. Шаби қадр, ки Қуръон нозил шудааст, шаби пурбаракате аст, ки дар он муқаддароти ҷаҳони башарият бо нузули Қуръон ранги тозае ба худ гирифт. Шабе, ки сарнавишти халоиқ ва муқаддароти яксоли онҳо дар он рақам мехурад ва ҳар амри муҳим ва сарнавиштсозе дар он муайяну ме‌шавад.

Оя ба ин нукта ишора мекунад, ки ин китоб барои ҳушдор ба инсонҳо нозил шудааст, чунонки нузули китобҳои осмонии пешин низ бо ҳадафи ҳушдору анзор будааст, то инсонҳо дучори ғафлат нашуда ва сармояи вуҷудии хешро ба бероҳа набаранд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Дар фарҳанги исломӣ, бархе замонҳо аз қадосату аҳаммияти бештаре бархурдоранд, монанди Шаби қадр, ки шаби нузули Қуръон ва шаби таъини сарнавишт аст.

2 - Шаб ҷойгоҳи вижае дар рушду таолии маънавии инсон дорад. Лизо дар фарҳанги Қуръонӣ ба ибодату ниёиши шабона тавсияи фаровон шудааст.

3 - Дар ҷомеаи ғафлат‌зада, биму ҳушдор, заруритару муассиртар аз бишорат додан аст.

 

5

أَمْرًا مِّنْ عِندِنَا إِنَّا کُنَّا مُرْسِلِینَ

Амре аз ҷониби мост ва мо фиристандаи паёмбарон будаем.

 

6

رَحْمَةً مِّن رَّبِّکَ إِنَّهُ هُوَ السَّمِیعُ الْعَلِیمُ

Инҳо раҳмате аз сӯи парвардгори туст. Ҳамоно ӯ шунавои доност.

Равшан аст неъматҳои моддӣ, ки Худованд ба башар арзонӣ доштааст, вақте комил мешавад, ки ҳамроҳ бо ҳидояти башар ба сӯи саодат бошад ва ин ҳидоят бидуни китоби осмонӣ ва паёмбарӣ аз ҷинси инсон, ки битавонад улгуи ӯ бошад, муяссар нахоҳад шуд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Қуръон ба сурати тамому камол аз сӯи Худованд нозил шуда ва сухани Худованд аст, на баёноту суханони паёмбар.

2 - Нузули китоб ба танҳоӣ кофӣ нест. Ҳам ба табйинкунандаи он ниёз дорад ва ҳам роҳнамо ва улгуи амалӣ лозим аст. Бетардид паёмбарон чунин нақширо бар уҳда доштаанд.

3 - Ҳидоят ва тарбияти башар яке аз ҷилваҳои раҳмати иллоҳӣ аст. Гарчи мутаассифона бисёре аз инсонҳо, худро аз ин раҳмат маҳрум сохтаанд.

7

رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَیْنَهُمَا إِن کُنتُم مُّوقِنِینَ

Парвардгори осмонҳо ва замин ва ончи миёни онҳост, агар аҳли яқин бошед.

 

8

لَا إِلَـهَ إِلَّا هُوَ یُحْیِی وَیُمِیتُ  رَبُّکُمْ وَرَبُّ آبَائِکُمُ الْأَوَّلِینَ

Ҳеч маъбуде ҷуз ӯ нест. Ӯст, ки зинда мекунаду ме‌миронад, парвардгори шумо ва парвардгори падарони пешини шумост.

Агар касе дар паи он аст, ки дар мавриди Худованд ба яқин бирасад, равшантарину яқинитарин дидгоҳ дар бораи ӯ, якто ва беҳамтоии ӯст. Чун осору нишонаҳои ягонагӣ ва рубубияти ӯ дар тамоми зарроти олами ҳастӣ ёфт мешавад. Пас бояд фақат ба даргоҳи ӯ рӯй оварем ва танҳо ӯро бипарастем.

Бидуни шак, масъалаи ҳаёту марг аз аҳаммияти фавқулъодае бархурдор аст. Чун сарнавиштсозтарин масъала дар зиндагии инсонҳо ва дар айни ҳол печидатарин масоили олами ҳастӣ ва равшантарин далел бар қудрати Худованд, ҳамин падидаи ҳаёту марг аст.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Холиқ, молик ва ҳокими ҷаҳон якест ва олами ҳастӣ таҳти рубубият ва мудирияти як вуҷуд, ки ҳамон Худованди яктост, идора ме‌шавад.

2 - Нозилкунандаи китоби осмонӣ, ҳамон офаридагори осмону замин ва падидаҳост ва қавонини шариати ӯ бо қавонини табиат ҳамоҳанг аст.

3 - Ба ҷои пайравӣ аз суннатҳо ва боварҳои нодурусти пешиниён, аз дастуроти Худоӣ пайравӣ кунед, ки холиқи шумо ва ниёкони шумост.