Январ 16, 2021 12:58 Asia/Dushanbe

Қисмати 918 сураи муборакаи “Духон” ояти 9-18

9

بَلْ هُمْ فِی شَکٍّ یَلْعَبُونَ

Балки онон дар шаку тардиди худ саргарманд

10

فَارْتَقِبْ یَوْمَ تَأْتِی السَّمَاءُ بِدُخَانٍ مُّبِینٍ

Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон, дуде ошкор биоварад.

11

یَغْشَى النَّاسَ هَـذَا عَذَابٌ أَلِیمٌ

Дуде, ки ҳамаи мардумро фаро ‌гирад. Ин азобе дарднок аст.

Дар барномаи қабл ба нузули Қуръон ва беъсати паёмбарон барои ҳидояти мардум ишора шуд, ки нишонае аз раҳмати Худованд нисбат ба бандагон аст. Ин оя мефармояд: Аммо иддае аз мардум бо онки ҳақро дарк кардаанд, ҳозир ба пазириши он нестанд ва ҳамвора дар худу дигарон шакку тардид эҷод мекунанд. Онҳо ба ҷои онки аз шакку тардид убур кунанд, то ба итминон бирасанд, худро ба мавориди шакбарангез саргарм карда ва ҳақоиқи китоби осмониро ба бозӣ мегиранд. Сипас ба ин кофирони лаҷуҷу сарсахт ҳушдор медиҳад, ки вақте нишонаҳои азоби иллоҳиро бубинед, пардаҳои ғафлат аз муқобили чашматон канор меравад, ба иштибоҳи бузурги худ пай мебаред ва мефаҳмед, ки ончи паёмбарони иллоҳӣ мегуфтанд, росту дуруст буд на хурофа ва газофа.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Шак набояд бистаре барои ғафлат ва батолат бошад. Дар воқеъ ончи баду нодуруст аст, боқӣ мондан дар шак аст, вагарна шак кардан, иқтизои ақлу дарки башар аст, ки бояд бо таҳқиқу баррасӣ аз шак гузар кард.

2 - Саргарм шудан ба суханони касоне, ки боиси шакку тардид дар боварҳои динӣ мешаванд ва бозӣ гирифтани оёти иллоҳӣ, кайфари сахте ба дунбол дорад.

 

12

 رَّبَّنَا اکْشِفْ عَنَّا الْعَذَابَ إِنَّا مُؤْمِنُونَ

Мегӯянд, парвардгоро! Ин азобро аз мо бартараф кун, ки мо имон ме‌оварем.

13

أَنَّى لَهُمُ الذِّکْرَى وَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مُّبِینٌ

Аммо ин мутазаккир шудан ва пандпазирӣ барои онҳо чи фоида? Ҳол онки паёмбаре равшангар ба суроғашон омад.

14

ثُمَّ تَوَلَّوْا عَنْهُ وَقَالُوا مُعَلَّمٌ مَّجْنُونٌ

Сипас аз ӯ рӯй гардонданд ва гуфтанд: Ӯ таълимёфтае девона аст.

Табиӣ аст, ки мункирони Худо бо дидани нишонаҳои азоби иллоҳӣ, ваҳшату изтироби тамом вуҷудашонро фаро мегирад ва ба даргоҳи Худо рӯй меоваранд ва мегӯянд: Парвардгоро азобро аз мо дафъ кун, мо имон хоҳем овард. Дар ҳоле, ки ин имон аз рӯи тарс аст ва арзише надорад. Дар ҳақиқат имоне арзиш дорад, ки аз рӯи ихтиёр, бидуни тарсу фишори берунӣ барои инсон ҳосил шавад.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Онон, ки имрӯз динро ба бозӣ гирифтаанд, рӯзе чашмашон боз шуда ва аз ғафлату тардид берун меоянд. Онҳо тақозои бозгашт мекунанд, вале дигар фоидае надорад.

2 - Худованд то бо кофирону мункирон итмоми ҳуҷҷат накунад, онҳоро азоб наме‌кунад.

3 - Кофирон ба ҷои онки дар радди суханони паёмбарон, истидлол ва далели мантиқӣ биоваранд, саъй мекунанд, бо туҳмату ифтироҳои нораво, шахсияти онҳоро тахриб кунанд.

 

15

 

إِنَّا کَاشِفُو الْعَذَابِ قَلِیلًا إِنَّکُمْ عَائِدُونَ

Албатта мо андак замоне азобро бартараф мекунем. Аммо шумо дубора ба куфри худ боз ме‌гардед.

16

یَوْمَ نَبْطِشُ الْبَطْشَةَ الْکُبْرَى إِنَّا مُنتَقِمُونَ

Рӯзе, ки бо қудрате бузург онҳоро хоҳем гирифт, ҳамоно мо интиқомгирандаем.

Дарбаробари иддаои кофирон, ки мо имон ме‌оварем, ин оя мефармояд: Мо камии азобро аз онҳо бартараф месозем, вале ибрат намегиранд. Онҳо бори дигар ба куфри худу корҳои зишт бозмегарданд ва аз кардаи хеш пушаймон нестанд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Чи бисёр мавориде, ки Худованд дар ҳамин дунё аз кайфари мо даргузаштааст, аммо бо ин ҳол, аз аъмоли бади худ даст барнадоштаем ва ҳамчунон ба анҷоми корҳои нодуруст исрор ва варзидаем.

2 - Худованд ҳомии паёмбарон ва муъминон аст ва аз кофирони лаҷуҷу золимон ба хотири зулме, ки дар ҳаққи паёмбарону муъминон кардаанд, интиқом ме‌гирад.

17

وَلَقَدْ فَتَنَّا قَبْلَهُمْ قَوْمَ فِرْعَوْنَ وَجَاءَهُمْ رَسُولٌ کَرِیمٌ

Ва ҳамоно мо пеш аз онон, қавми Фиръавнро озмӯдем ва паёмбаре бузургвор барои онон омад.

18

أَنْ أَدُّوا إِلَیَّ عِبَادَ اللَّـهِ إِنِّی لَکُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ

Ба онон гуфт, ки бандагони Худоро ба ман бисупоред. Ҳамоно ман барои шумо паёмбаре эмин ҳастам.

Дар идомаи ояи қабл, ки дар бораи бархурди мушрикони Макка бо паёмбари ислом буд, ин оя ба саргузашти Мусо ва Фиръавн ишора мекунад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки қавми Фиръавн бо доштани ҳукумате нерӯманд, сарвате саршору имконоте фаровон дар авҷи қудрат ба сар мебурданд. Аммо ин қудрати азим онҳоро мағрур кард ва ба анвои гуноҳ ва зулму ситам олуда шуданд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Аввалин рисолати паёмбарон, озод кардани мардум аз зери султаи ҳокимони зӯргу ва золим ва наҷоти маҳрумон ва мустазъафон аз истисмору баҳракашӣ аст. Лизо ҳазрати Мусо қабл аз онки ба суроғи қавми банӣ Исроил биравад, назди Фиръавну дарбориён рафт.

2 - Паёмбарон афроде эмин ва мавриди эътимоди мардум будаанд. Собиқаи неки онҳо, заминаро барои рисолати онҳо ва пазириши даъвати онҳо фароҳам месохт.