Қисмати 919 сураи муборакаи “Духон” ояти 19-27
Қисмати 919 сураи муборакаи “Духон” ояти 19-27
19
وَأَن لَّا تَعْلُوا عَلَى اللَّـهِ إِنِّی آتِیکُم بِسُلْطَانٍ مُّبِینٍ
Ва бар Худованд бартарӣ наҷуед, ки ман бурҳоне ошкор барои шумо овардаам.
20
وَإِنِّی عُذْتُ بِرَبِّی وَرَبِّکُمْ أَن تَرْجُمُونِ
Ва аз инки маро сангсор кунед, ба парвардгори худ ва парвардгори шумо паноҳ мебарем.
21
وَإِن لَّمْ تُؤْمِنُوا لِی فَاعْتَزِلُونِ
Ва агар ба ман имон намеоваред, пас аз ман канора бигиред ва маро ба ҳоли худ вогузоред.
Дар барномаи қабл гуфтем, ки ҳазрати Мусо аз ҷониби Худованд маъмур шуд, ба дарбори Фиръавн биравад ва аз ӯ бихоҳад, қавми банӣ Исроилро аз бардагӣ озод кунад. Ин оя идомаи суханони ҳазрати Мусоро чунин баён мекунад: Ай фиръавниён! Ман далоили равшан барои шумо овардаам ва муъҷизотеро низ ба шумо нишон додаам. Пас таслими амри Худо шавед, дар баробари ӯ такаббур наварзед ва нофармонӣ накунед. Фиръавниён! гумон накунед, агар маро ба марг таҳдид кунед, ман аз роҳе, ки интихоб кардаам, даст бармедорам. Ман фиристодаи Худо ҳастам ва дарбаробари тавтеаҳои шумо ба ӯ паноҳ мебарам, ки агар бихоҳад, маро аз хатари шумо ҳифз мекунад.
Ҳол, ки ба ман имон намеоваред ва таслими фармони Худо намешавед, маро ба ҳоли худ вогузоред ва монеи талошҳои ману пайравонам нашавед.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Такаббуру худбузургбинӣ дарбаробари дигар инсонҳо зишт аст ва дарбаробари Худованд, ки холиқу молики инсонаст, бисёр зишттар.
2 - Даъвати паёмбарон, ҳамроҳ бо мантиқу далоили равшан ва қобили фаҳм барои ҳама будааст. Напазируфтани мухолифон низ ношӣ аз рӯҳияи такаббуру худхоҳии онон будааст, на нафаҳмидани таолими паёмбарон.
3 - Дар роҳи даъват ба ҳақ, фишор, шиканҷа ва таҳдиди душманон набояд моро суст карда ва аз идомаи масир боздорад.
4 - Барои пешбурди аҳдофи динӣ, гоҳе ба ҷои даргирӣ бо мустакбирон, бояд аз онон дурӣ ҷуст, то шароити муносиб барои идомаи кор фароҳам шавад.
22
فَدَعَا رَبَّهُ أَنَّ هَـؤُلَاءِ قَوْمٌ مُّجْرِمُونَ
Фиръавниён суханашро напазируфтанд, пас ӯ парвардгорашро хонд, ки онон қавме гунаҳпешаанд.
23
فَأَسْرِ بِعِبَادِی لَیْلًا إِنَّکُم مُّتَّبَعُونَ
Пас Худованд фармуд: Бандагони маро шабона куч бидеҳ зеро, ки шумо таҳти таъқиб ҳастед.
24
وَاتْرُکِ الْبَحْرَ رَهْوًا إِنَّهُمْ جُندٌ مُّغْرَقُونَ
Ва дарёро ором пушти сар бигузор, ки онон лашкаре ғарқшуда хоҳанд буд.
Худованд низ ба ӯ фармон дод қавми банӣ Исроилро, ки дар асорати фиръавниён буданд, омода кунад, то шабона онҳоро аз Миср ба сӯи Фаластин ҳаракат диҳад.
Аммо Худованд ваъда дод, ки роҳро барои онон боз хоҳад кард ва онҳо ба саломат аз руди пуроб ва хурушони Найл хоҳанд гузашт.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Яке аз авомили адами таъсири сухани паёмбарон дар мардум ва напазируфтани даъвати онҳо, олуда шудани мардум ба гуноҳону мафосид аст.
2 - Дуо бидуни талош маъно надорад ва корсоз нест. Мо бояд вазифаи худро анҷом диҳем, дар замин аз Худо бихоҳем моро дар расидан ба натиҷа ёрӣ карда ва роҳҳои бастаро бигушояд.
3 - Агар Худо бихоҳад, руди бузурги Найл барои Мусо ва ёронаш амну ҳамвор мешавад, вале барои лашкари муҷаҳҳази Фиръавн, маҳалли ғарқ шудан ва нобудӣ.
25
کَمْ تَرَکُوا مِن جَنَّاتٍ وَعُیُونٍ
Чи бисёр боғҳо ва чашмасороне, ки онҳо барҷой гузоштанд.
26
وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ کَرِیمٍ
Ва киштзорҳо ва ҷойгоҳҳои олӣ
27
وَنَعْمَةٍ کَانُوا فِیهَا فَاکِهِینَ
Ва нозу неъмате, ки дар он хушу хуррам буданд.
Дар идомаи оёти қабл дар бораи ғарқ шудани Фиръавн ва лашкариёнаш дар руди Найл, ин оя мефармояд: Фиръавн, ки иддаои Худоӣ дошт ва ҳозир ба пазириши даъвати ҳазрати Мусо набуд, дунё ва ончиро дар ихтиёраш буд, аз даст дод ва ҳамаи онҳо ба дасти банӣ Исроил афтод. Аҷиб аст қавме, ки то сооте пеш барда ва зердаст буданд, акнун вориси тоҷу тахти Фиръавн ва дарбориён ва боғҳо ва кохҳо ва амволу амлоки онон шуданд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Иродаи Худованд бартар аз ҳар иродае аст. Бо иродаи иллоҳӣ, лашкари то дандон мусаллаҳу асбсавори Фиръавн натавонист афроди пиёдаи банӣ Исроилро муҳосира карда ва аз пой дароварад.
2 - Имконоти моддӣ ва рифоҳӣ, амниятбахшу наҷотдиҳанда нест. Ҳечяк аз кохҳо ва бурҷҳои мустаҳкам ва устувор дарбаробари қаҳри иллоҳӣ, тоби муқовимат надорад.
3 - Комёбиҳои дунявӣ ҳамвора дармаърази нобудӣ аст. Чи бисёр асбоби комёбӣ, ки мондааст ва соҳибаш рафтааст.
4 - Қудрату сарват мояи наҷот ё саодат нест, чи басо ҳаминҳо муҷиби ҳалокати инсон мешаванд.