Март 27, 2021 14:01 Asia/Dushanbe

Қисмати 922 сураи муборакаи “Духон” ояти 51-59

 

51

إِنَّ الْمُتَّقِینَ فِی مَقَامٍ أَمِینٍ

Баростӣ, ки парҳезгорон дар ҷойгоҳе амн ҳастанд

52

فِی جَنَّاتٍ وَعُیُونٍ

Дар миёни боғҳо ва чашмасорҳо

53

یَلْبَسُونَ مِن سُندُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُّتَقَابِلِینَ

Либосҳои абрешими нозук ва захим мепушанд ва дар баробари ҳам нишастаанд

54

کَذَلِکَ وَزَوَّجْنَاهُم بِحُورٍ عِینٍ

Ин‌гуна мо подош медиҳем ва ҳуриёни дуруштчашмро ба ҳамсарии онон дарме‌орем

55

یَدْعُونَ فِیهَا بِکُلِّ فَاکِهَةٍ آمِنِینَ

Дар онҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир ме‌талабанд

Дар барномаи қабл ба вазъияти золимону гунаҳкорон дар дузах ишора шуд. Ин оёт авзоу аҳволи порсоёнро дар биҳишт тарсим мекунаду мефармояд: Ҷойгоҳи онон дар амнияти комил аст. Амният аз ҳаргуна ғаму андуҳ ва дарду ранҷ ва мусибат. Ҳамин эҳсоси амнияту саломат, худ бузургтарин неъмати Худованд аст, ки дар дунё низ ҳаркас аз он баҳраманд бошад, хотираш осуда шуда ва дар оромиш ба сар ме‌барад.

Макони зиндагии биҳиштиён дар миёни боғҳо ва бустонҳо ва дар канори анвои чашмаҳо ва обшорест, ки худ бисёр нишотофарин аст ва чун мутанаввеъ ва мутафовит аст, ҳаргиз биҳиштиён аз чунин маконе дилзада ва хаста наме‌шаванд.

Дар дунё либосҳои абрешим, ба латофату нармӣ ва зебоӣ маъруфанд. Худованд ба биҳиштиён либосҳое аз абрешимро дар охират ваъда додааст. Албатта он ҳам дар тарҳҳо, рангҳо ва ашколи мутааддид ба гунае, ки ҳамвора зебоӣ, тозагӣ ва ҷаззобияти хиракунанда доранд.

Дар миёни биҳиштиён унсу улфат барқарор аст. Онҳо дар ҷаласоти даври ҳамӣ, ки сафову самимият ва маънавият дар он мавҷ мезанад, бидуни ҳаргуна бартариҷуӣ рӯбарӯи якдигар бар тахтҳо менишинанд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Оромиш ва амнияти комил, аз муҳимтарин неъматҳои иллоҳӣ дар биҳишт аст, ки қабл аз дигар неъматҳо ба он ишора шудааст. Дар биҳишт, тарс аз осебҳо ва хатарҳо, нигаронӣ аз марг ва аз даст додани неъматҳо матраҳ нест.

2 - Ончи инсонро ба биҳишти олӣ мерасонад, риояти тақво ва дурӣ аз корҳои ҳарому ношоист аст.

3 - Ончи дар дунё ба хотири офот ва осебҳояш, инсонро аз он манъ кардаанд ва ӯ аз онҳо дурӣ ҷустааст, ин кори ӯ дар биҳишт ба беҳтарин ваҷҳ ҷуброн ме‌шавад.

4 - Биҳиштиён маҳофили дӯстона доранд ва аз унсу гуфтугӯ боякдигар лаззат мебаранд.

56

لَا یَذُوقُونَ فِیهَا الْمَوْتَ إِلَّا الْمَوْتَةَ الْأُولَى وَوَقَاهُمْ عَذَابَ الْجَحِیمِ

Дар биҳишт ҷуз марги нахустин, ки пушти сар гузоштаанд, марге нахоҳанд чашид ва Худованд ононро аз азоби сӯзон ҳифз кардааст.

57

فَضْلًا مِّن رَّبِّکَ  ذَلِکَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِیمُ

Ин‌ҳо ҳама бахшише аст, аз сӯи парвардгорат, ин ҳамон комёбии бузург аст.

Яке аз дағдағаҳои ҳамешагии инсон дар дунё, масъалаи марг аст. Марг сабаби ҷудоии инсон аз хешону дӯстон ва соири тааллуқоташ мешавад. Аммо Худованд ваъда додааст, ки биҳиштиён дигар намемиранд ва ҷовдонаанд.

Қуръон дар идома ба нуктаи муҳимме ишора карда ва мефармояд: Ҳамаи ин неъматҳо бар асоси фазлу лутфи иллоҳӣ аст. Худованд аз рӯи лутфи худ, ин ҳама неъматро дар ихтиёри инсонҳои поку дурусткор қарор медиҳад ва ононро чунон комёб месозад, ки барои афроди ин дунё ҳаргиз қобили тасаввур нест.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Ҳаркас ба биҳишт ворид шуд, аз он хориҷ намешавад, балки дар онҷо ҷовдона аст.

2 - Ҳаркас дар дунё дарбаробари хостаҳои нафсонӣ хештандорӣ карда ва худро аз гуноҳ ҳифз кунад, Худованд дар охират ӯро аз оташи дузах ҳифз ме‌кунад.

3 - Корҳои неки мо дар дунё маҳдуд ва андак аст ва қобили муқоиса бо неъматҳои бузурги Худо дар биҳишти ҷовдона нест. Пас биҳишту комёбиҳои ниёкон дар онҷо, аз рӯи фазлу лутфи Худованд аст, на талаби онҳо аз Худо.

58

فَإِنَّمَا یَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِکَ لَعَلَّهُمْ یَتَذَکَّرُونَ

Ҳамоно мо Қуръонро ба забони ту осон сохтем, то шояд мутазаккир шаванд.

59

فَارْتَقِبْ إِنَّهُم مُّرْتَقِبُونَ

Пас мунтазир бош, ки онон низ мунтазиранд

Ин оёт, ки поёнбахши сӯраи Духон ҳастанд, дар поёни ин сӯра хитоб ба паёмбари Акрам мефармояд: Ҳадаф аз нузули ваҳй, тавваҷуҳ додану тазаккур додан аст, то афроди ғофил аз ғифлат берун оянд ва муроқиби худ бошанд.

Бархилофи китобҳои илмӣ, ки бештари мардумии оддӣ аз онҳо баҳрае намебаранд, Қуръон бо онки муҳтавояш жирфу амиқ аст, содда, равон ва барои ҳамаи ақшори мардум қобили фаҳму дарк аст.

Аммо инсонҳое, ки банои инкор ва мухолифат ва иноду лаҷоҷат доранд, ҳар қадар ҳам ин оёт бар онҳо хонда шавад, мутазаккир намешаванд. Зеро онон намехоҳанд ҳақро бипазиранд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Маорифи Қуръон бояд бо забони содда ва қобили фаҳм барои умум баён шавад, зеро ҳадафи он ҳидояти умуми мардум аст, на гурӯҳ ё ҷамъияте хос.

2 - Худованд бо фиристодан икитобҳои осмонӣ ва беъсати паёмбарон, бо мардум итмоми ҳуҷҷат кардааст. Агар касе амдан ҳақро напазирад, бояд мунтазири қаҳри иллоҳӣ бошад.