Қисмати 923 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 1-8
Қисмати 923 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 1-8
بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ
1
حم
Ҳо Мим
2
تَنزِیلُ الْکِتَابِ مِنَ اللَّـهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ
Нозил шудани ин китоб аз сӯи Худованди азизи ҳаким аст.
3
إِنَّ فِی السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ لَآیَاتٍ لِّلْمُؤْمِنِینَ
Ба ростӣ дар осмонҳову замин, барои муъминон нишонаҳоест.
Сураи Ҷосияҳ дар Макка нозил шудааст ва монанди дигар сураҳои Маккаӣ, дар оёти он ба далоили тавҳид, ҳушдор ба гумроҳон ва сарнавишти инсонҳо дар қиёмат ишора шудааст.
Ҳафт сураи Қуръон, бо ҳуруфи мақтааи Ҳомим оғоз мешавад. Ғайр аз ин сура, чаҳор сураи қаблии он ва ду сураи баъд аз он низ бо ҳамин ҳуруф шуруъ мешавад. Чунонки пеш аз ин гуфтем, умуман пас аз ин ҳуруф, сухан аз азамати Қуръону нақши он дар ҳидояти башар аст.
Нузули Қуръон низ ба ду сифати Худованд нисбат дода шудааст, иззату ҳикмат. Ботаваҷҷуҳ ба ин сифот, Худованд аз муъминон низ мехоҳад, ҳамвора иззати худро ҳифз карда ва таҳти ҳеч шароите зиллатро напазиранд. Ҳамчунин бар асоси ақлу ҳикмат, умури худро тадбир кунанд ва аз корҳои сусту бепоя дурӣ ҷуянд.
Оя сипас ба баёни нишонаҳои азамати Худо дар ҳастӣ ишора мекунад ва ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ медиҳад, ки Қуръонро ҳамон касе нозил карда, ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва аҳкому дастуроти ӯ дар Қуръон, бо низоми офариниши ҷаҳону инсон, ҳамроҳу ҳамоҳанг аст. Лизо аҳли имон, на фақат ба оёти китоби осмонӣ назар мекунанд , балки бо диққат ба осмонҳову замин менигаранд, то нишонаҳои Худоро дар ҳастӣ бубинанд ва имонашон тасбиту тақвият шавад.
Азамати осмонҳову низоми шигифтангези онҳо ва сохтмони замину аҷоиби он, ҳаряк ояе аз оёти Худост. Замин дорои ҳаракатҳои муназзаму ҳисобшуда аст. Замин гирди худ мечархад ва дар мадоре муайян ба даври хуршед мегардад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Қуръон, ки китоби қонуни иллоҳӣ барои зиндагии саодатмандонаи башар аст, барпояи илму ҳикмати бепоёни иллоҳӣ нозил шудааст.
2 - Низомҳои ташреу таквин, аз як мабда сарчашма гирифтаанд ва бо якдигар ҳамсӯ ва ҳамоҳанганд.
3 - Ҳам оёти китоби Худо ва ҳам сафаҳоти китоби табиат барои аҳли имон ояву нишона аст.
4
وَفِی خَلْقِکُمْ وَمَا یَبُثُّ مِن دَابَّةٍ آیَاتٌ لِّقَوْمٍ یُوقِنُونَ
Ва дар офариниши шумо ва ҷунбандагоне, ки дар замин пароканда сохта, барои аҳли яқин нишонаҳое аз қудрати иллоҳӣ аст.
5
وَاخْتِلَافِ اللَّیْلِ وَالنَّهَارِ وَمَا أَنزَلَ اللَّـهُ مِنَ السَّمَاءِ مِن رِّزْقٍ فَأَحْیَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَتَصْرِیفِ الرِّیَاحِ آیَاتٌ لِّقَوْمٍ یَعْقِلُونَ
Ва низ дар омаду шуди шабу рӯз ва ончи аз рӯзе, ки Худованд аз осмон нозил карда ва заминро бо он пас аз мурданаш ҳаёт бахшида ва ҳамчунин дар гардиши бодҳо, барои мардуме, ки меандешанд, нишонаҳоест.
6
تِلْکَ آیَاتُ اللَّـهِ نَتْلُوهَا عَلَیْکَ بِالْحَقِّ فَبِأَیِّ حَدِیثٍ بَعْدَ اللَّـهِ وَآیَاتِهِ یُؤْمِنُونَ
Инҳо оёти Худованд аст, ки мо онро ба ҳақ бар ту тиловат мекунем. Пас агар ба ин оёт имон наёваранд, ба кадом сухане баъд аз сухани Худо ва оёташ имон меоваранд.
Чунонки дар падидаҳои табиӣ монанди боду борон ва тулуу ғуруби хуршед биандешед, дармеёбед, ки офаринандаи ҷаҳон, умурро багунае тадбир кардааст, ки ниёзҳои табиии мавҷудоти зиндаи сокин дар замин ва имкони идомаи ҳаёт барои онон фароҳам шудааст.
Агар касоне дар ин ҳамаи нишонаҳои бешумор намеандешанд ва ба ончи бар паёмбари Худо нозил шудааст, таваҷҷуҳ намекунанд ва имон намеоваранд, мушкил аз худи онҳост.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Ваҳйи иллоҳӣ моро ба тааққулу тафаккур дар ҳастӣ даъват мекунад, то имони мо ба Худованд бар пояи шинохту маърифат бошад ва аз ин роҳ ба яқин бирасем.
2 - Падидаҳои табиӣ чун абру боду барф ва боронро тасодуфӣ нанигарем, агар ин рӯйдодҳои табиӣ ба сурати муназзаму ҳисобшуда рух надиҳанд, башар ва дигар ҷондорони рӯи замин аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ нобуд мешаванд.
3 - Худованд бо нузули кутуби осмонӣ ҳуҷҷати худро бар мардум тамом кардааст ва касоне, ки имон намеоваранд, узру баҳонае надоранд.
7
وَیْلٌ لِّکُلِّ أَفَّاکٍ أَثِیمٍ
Вой бар ҳар дуруғгуи гуноҳпеша
8
یَسْمَعُ آیَاتِ اللَّـهِ تُتْلَى عَلَیْهِ ثُمَّ یُصِرُّ مُسْتَکْبِرًا کَأَن لَّمْ یَسْمَعْهَا فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِیمٍ
Оёти Худоро, ки бар ӯ тиловат мешавад, мешунавад, вале аз рӯи такаббур бар инҳирофи худ исрор меварзад, чунонки гуӣ онро нашунидааст. Пас ӯро ба азоби дардноке башорат бидеҳ.
Дар оёти қабл, ба гушае аз нишонаҳои Худованд дар ҳастӣ ва ҳамчунин ба нузули Қуръон аз сӯи Худованд ишора шуд. Ин оёт мефармояд: Касоне ба Худову паёмбараш ва китоби осмонии ӯ имон намеоваранд, ки ба воситаи ҳавову ҳавас, муртакиби гуноҳу фасод шуда ва қалби онҳо омодагии пазириши ҳақро надорад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Сухани иллоҳиро бояд ба гуши тамоми мардум расонд, ҳатто касоне, ки ғарқ дар гуноҳу фасод ҳастанд, то ҳуҷҷат бар онҳо тамом шавад.
2 - Такаббур зишт аст, аммо дарбаробари Худованди холиқ, зишттар аст ва исрор бар ин такаббур, бисёр зишттару нописандтар.