Қисмати 925 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 15-20
Қисмати 925 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 15-20
15
مَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِنَفْسِهِ وَمَنْ أَسَاءَ فَعَلَیْهَا ثُمَّ إِلَى رَبِّکُمْ تُرْجَعُونَ
Ҳарки кори шоистае анҷом диҳад, ба суди худи ӯст ва ҳарки амали баде муртакиб шавад, ба зиёни худи ӯст. Сипас ба сӯи парвардгоратон бозгардонда мешавед.
Дар охирин ояи барномаи қабл, ба наҳваи бархурд бо касоне, ки қиёматро инкор мекунанд, ишора шуд. Ин оя мефармояд: Гумон накунед, имону куфри шумо, ё итоату нофармонии шумо, суду зиёне ба Худо мерасонад. Ҳаркасе кореро анҷом диҳад, ҳосили он ба худаш боз мегардад ва дар қиёмат онро дарёфт мекунад. Дуруст монанди муаллиме, ки ба донишомӯзони худ мегӯяд: Чи дарс бихонед ё нахонед, суду зиёнаш аз они шумост ва барои ман нафъ ё зараре надорад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Низоми кайфару подоши иллоҳӣ бар мабнои аъмоли неку бади инсон аст ва ҳамаи инсонҳо дарбаробари қонуни иллоҳӣ яксон ҳастанд.
2 - Худованд аз инсон бениёз аст ва таолими иллоҳӣ дарвоқеъ дар ҷиҳати рушду таолӣ ва камоли худи инсон аст.
16
وَلَقَدْ آتَیْنَا بَنِی إِسْرَائِیلَ الْکِتَابَ وَالْحُکْمَ وَالنُّبُوَّةَ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّیِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى الْعَالَمِینَ
Ва мо ба банӣ Исроил, китобу ҳукумат ва набувват додем ва аз покизаҳо рӯзияшон кардем ва ононро бар ҷаҳониён дар он рӯзгор бартарӣ додем.
17
وَآتَیْنَاهُم بَیِّنَاتٍ مِّنَ الْأَمْرِ فَمَا اخْتَلَفُوا إِلَّا مِن بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْیًا بَیْنَهُمْ إِنَّ رَبَّکَ یَقْضِی بَیْنَهُمْ یَوْمَ الْقِیَامَةِ فِیمَا کَانُوا فِیهِ یَخْتَلِفُونَ
Ва далоили равшане дар амри дин ба онон додем. Пас ихтилоф накарданд магар пас аз онки илму огоҳӣ барояшон омад, он ҳам аз рӯи ҳасодат ва рақобат миёни худашон. Қатъан парвардгорат рӯзи қиёмат дар бораи ончи дар он ихтилоф мекарданд, миёнашон доварӣ хоҳад кард.
Ин оя ба неъматҳои бузурге, ки Худованд дар адвори гузашта дар ихтиёри қавми банӣ Исроил қарор дода, ишора кардааст, то мояи ибрати уммати ислом бошад. Дар ибтидо ба неъмати китоби осмонӣ, дастёбӣ ба ҳукумат ва беъсати паёмбарон мепардозад ва сипас ба рӯзиҳои пок ишора карда ва мефармояд: Ба хотири ин муҳаббатҳо, онон бар мардумони замони худ бартарӣ ёфтанд. Аммо мутаассифона ба далели ҳасодату рақобат бо якдигар дучори ихтилоф шуданд. Бо онки ҳақ барои онон равшан буд ва бар асоси китоби илоҳӣ, далоили кофӣ барои шинохти ҳақиқат дарихтиёр доштанд, аз ихтилоф даст накашиданд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Неъматҳои моддӣ ва маънавиро аз Худо бидонем ва аз онҳо ба дурустӣ баҳра бубарем, то дар ҳамин дунё низ ба бартарӣ бирасем.
2 - Миёни набуввату ҳукумат мунофоте нест ва сиёсат бояд барпояи усулу арзишҳои динӣ бошад.
3 - Худованд ҳуҷҷатро бар мардум тамом карда ва далоили равшан барои шинохту дарки ҳақиқатро дарихтиёри онҳо қарор додааст, пас дар қиёмат метавонад онҳоро бозхост кунад.
4 - Огоҳӣ ва шинохт ба танҳоӣ кофӣ ва наҷотбахш нест чи басо афроде, ки бар асоси иноду лаҷоҷати дарунӣ ё ҳасодат, ҳақро намепазиранд ва дар ҷомеа ихтилофафканӣ мекунанд.
18
ثُمَّ جَعَلْنَاکَ عَلَى شَرِیعَةٍ مِّنَ الْأَمْرِ فَاتَّبِعْهَا وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَ الَّذِینَ لَا یَعْلَمُونَ
Ай паёмбар! Сипас туро бар шариате вижа ва комил аз амри дин қарор додем, пас онро пайравӣ кун ва аз хостаҳо ва ҳавасҳои касоне, ки намедонанд, пайравӣ накун.
19
إِنَّهُمْ لَن یُغْنُوا عَنکَ مِنَ اللَّـهِ شَیْئًا وَإِنَّ الظَّالِمِینَ بَعْضُهُمْ أَوْلِیَاءُ بَعْضٍ وَاللَّـهُ وَلِیُّ الْمُتَّقِینَ
Зеро онон ҳаргиз дарбаробари Худо, аз ту дифоъ ва ҳимоят намекунанд ва ҳамоно ситамгарон ёру ёвари якдигаранд ва Худованд ёри парҳезкорон аст.
20
هَـذَا بَصَائِرُ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّقَوْمٍ یُوقِنُونَ
Ин Қуръон василаи басирати мардум аст ва барои аҳли яқин, мояи ҳидояту раҳмат аст.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Адёни иллоҳӣ ҳар кадом роҳе барои расидан ба ҳақу ҳақиқат ҳастанд, вале рӯҳи ҳамаи онҳо яке аст. Ойини ислом низ дар идомаи ойини паёмбарони пешин омадааст.
2 - Касе, ки аз роҳи Худо пайравӣ накунад, ногузир аз ҳаво ва ҳаваси худ ё дигарон пайравӣ мекунад, ки барпояи илму огоҳӣ ва дарки саҳеҳ аз ҳақиқат нест.
3 - Пайравӣ аз хостаҳои нобаҷои ҷоҳилон, ба манзалаи пазириши вилояти онон ва дурӣ ҷустан аз вилояти иллоҳӣ аст.
4 - Диндорӣ бояд бар асоси басират ва огоҳӣ бошад, то ба ҳидоят ва расидан ба итминон ва яқин бианҷомад.
5 - Қуръон дар тамоми заминаҳои фикрӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва хонаводагӣ василаи басирату равшанӣ аст.