Қисмати 926 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 21-25
Қисмати 926 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 21-25
21
أَمْ حَسِبَ الَّذِینَ اجْتَرَحُوا السَّیِّئَاتِ أَن نَّجْعَلَهُمْ کَالَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَّحْیَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ سَاءَ مَا یَحْکُمُونَ
Оё касоне, ки муртакиби корҳои бад шуданд гумон карданд, ки мо онҳоро ҳамонанди касоне, ки имон овар оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, қарор медиҳем ва ҳаёту маргашон яксон аст? Чи бад доварӣ мекунанд.
22
وَخَلَقَ اللَّـهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ وَلِتُجْزَى کُلُّ نَفْسٍ بِمَا کَسَبَتْ وَهُمْ لَا یُظْلَمُونَ
Ва Худованд осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид , то ҳаркас ба муҷиби ончи касб намудааст, подош дода шавад ва онон мавриди ситам қарор нахоҳанд гирифт.
Дар барномаҳои қабл суҳбат аз сарнавишти муъминон ва кофирон дар қиёмат буд. Ин оёт дар мақоми муқоисаи ин ду гурӯҳ мефармояд: Оё касе интизор дорад, ки бархурди Худованди одил, бо хубону бадон яксон бошад?
Оё шумо мепазиред, ки дар дунё ҳаркас ҳаргуна дилаш мехоҳад рафтор кунад ва касоне, ки ба ҷомеа хизмат мекунанд, бо касоне, ки ба мардум зулму ситам мекунанд, яксон дида шаванд?
Агар касе тасаввур кунад, ки имону амали солеҳ ё куфру гуноҳ, таъсире дар зиндагии инсон надорад, чунин боваре нодуруст аст. Бетардид зиндагӣ ва марги муъмин ва кофир бо ҳам мутафовит аст.
Муъминон дар партави имону амали солеҳ аз оромиши хосе бархурдоранд ба тавре, ки ҳаводису тӯфонҳои сахти зиндагӣ таъсири камтаре бар рӯҳи онҳо мегузорад. Афроди боимон ба ваъдаҳои иллоҳӣ дилгарманд, уфуқи ояндаро равшан мебинанд ва ба он умедворанд. Чунонки дар ояи 82 сураи Инъом мехонем: "касоне, ки имон овараданд ва имонашонро ба ситаму ширк наёлуданд, эминӣ аз он онҳост ва онон ҳидоятёфтагонанд."
Дар ҳоле, ки афроди беимону олуда ба фасод доимо дар нигаронӣ ва изтиробанд. Онҳо ҳатто агар ғарқ дар неъмат бошанд, бими заволи он, пайваста ононро ранҷ медиҳад ва дар ҳар ҳол ояндаро торику маргро нобудӣ мебинанд.
Нури ҳидоят қалби гурӯҳи аввалро равшан месозад ва бо дилгармӣ ба сӯи ҳадафҳои хубу арзишманд пеш мераванд. Аммо гурӯҳи дувум ҳадафи мушаххасу равшане барои зиндагӣ надоранд ва дар миёни амвоҷи зулумот саргардонанд.
Ба ҳангоми марг, ки даричае ба сӯи олами бақост, сарнавишти ин ду гурӯҳ низ мутафовит аст. Инсонҳои боимону накукор дар ҳангоми марг ба биҳишт башорат дода мешаванд. Аммо ба муҷримони беимон гуфта шуд, ки аз дарҳои дузах ворид шавед ва ҷовидона дар он хоҳед монд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Аз гумонҳои нодуруст дар бораи Худованд бипарҳезем ва бидонем, милоки кайфару подоши Худованд аъмоли мост на орзӯҳо ва гумонҳои нобаҷои мо.
2 - Ҳам имону амали солеҳ ва ҳам куфру корҳои бад, дар зиндагӣ ва маргу сарнавишти инсон нақшу таъсир доранд.
3 - Низоми ҳастӣ бар асоси ҳақ бино шудааст. Лизо бо инсон ҳам тибқи ҳақ рафтор мешавад.
4 - Фалсафаи барпоии қиёмат, адлу ҳикмати иллоҳӣ аст, то ҳадафи офариниш таъмин шавад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.
23
أَفَرَأَیْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَـهَهُ هَوَاهُ وَأَضَلَّهُ اللَّـهُ عَلَى عِلْمٍ وَخَتَمَ عَلَى سَمْعِهِ وَقَلْبِهِ وَجَعَلَ عَلَى بَصَرِهِ غِشَاوَةً فَمَن یَهْدِیهِ مِن بَعْدِ اللَّـهِ أَفَلَا تَذَکَّرُونَ
Оё дидӣ касеро, ки ҳавои нафси хешро маъбуди худ қарор додааст ва Худованд ӯро бо вуҷуди огоҳиаш, ба бероҳа гузошт ва бар гушу қалбаш муҳр зад ва бар чашмаш пардае ниҳод? Пас баъд аз Худо кист, ки ӯро ҳидоят кунад? Оё панд намегиред?
Ин оя ба решаи ҷурму гуноҳ ишора карда ва мефармояд: Гунаҳкорону муҷримон, хостаҳо ва тамоюлоти нафсонии хешро меъёри ҳамачиз қарор медиҳанд ба гунае, ки гуё ҳаво ва ҳаваси онҳо, Худои онҳост ва ба онҳо фармон медиҳад корҳоеро анҷом диҳанд, ки бештар лаззат бубаранд.
Ин навъи нигариш, кори инсонро ба ҷое мерасонад, ки илму огоҳӣ ва короии худро аз даст медиҳад. Лизо афроди ҳавопараст ҳатто агар донишманд ҳам бошанд, дучори гумроҳӣ ва суқут мешаванд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Танҳо бутҳои чубӣ ва сангӣ ё моҳу хуршед, ё бархе ҳайвонот маъбудҳои башар дар тӯли таърих набудаанд. Чи бисёр афроде, ки ҳавову ҳаваси худро мепарастанд ва фақат лаззатҳои нафсониро дунбол мекунанд.
2 - Агар ҳавопарастӣ бар инсон ҳоким шавад, илму огоҳӣ короии худро аз даст медиҳад ва инсон ба бероҳа кашида мешавад, гарчи аз илму огоҳии зиёде низ бархурдор бошад.
3 - Ҳавову ҳавас ба монанди айнаке бо шишаҳои рангӣ аст, ки иҷоза намедиҳад инсон воқеъиятҳоро онгуна, ки ҳаст мушоҳида кунад ва бар асоси он тасмими дуруст бигирад. Лизо бо ҳавопарастӣ, инсон роҳро гум мекунад.
24
وَقَالُوا مَا هِیَ إِلَّا حَیَاتُنَا الدُّنْیَا نَمُوتُ وَنَحْیَا وَمَا یُهْلِکُنَا إِلَّا الدَّهْرُ وَمَا لَهُم بِذَلِکَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا یَظُنُّونَ
Ва гуфтанд: Ҷуз ҳамин зиндагии дунё, зиндагии дигаре нест, мемирем ва зинда мешавем ва моро чизе ҷуз табиату рӯзгор нобуд намекунад. Ин суханро мегӯянд дар ҳоле, ки ҳеч асоси илмӣ бар он надоранд ва танҳо аз шакку гумон пайравӣ мекунанд.
25
وَإِذَا تُتْلَى عَلَیْهِمْ آیَاتُنَا بَیِّنَاتٍ مَّا کَانَ حُجَّتَهُمْ إِلَّا أَن قَالُوا ائْتُوا بِآبَائِنَا إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ
Ва ҳаргоҳ оёти равшани мо дар бораи маод бар онон хонда шавад, далелу ҳуҷҷате надоранд магар онкӣ мегӯянд: Агар рост мегуед, падарони моро зинда кунед ва биофаред.
Ояи қабл аз ҳавопарастӣ ва нақши он дар дур шудани инсон аз ҳақиқат сухан гуфт. Ин оёт ба яке аз паёмадҳои ҳавопарастӣ ишора карда ва мефармояд: Онон, ки ба дунболи лаззатҳои ғаризӣ ҳастанд ва танҳо тамоюлоти нафсониро дунбол мекунанд, олами пас аз маргу қиёматро инкор мекунанд. Онҳо мегӯянд: Мо бо марг тамом мешавем ва чизе аз мо боқӣ намемонад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Пайравӣ аз ҳавои нафс боис мешавад, ки инсон қиёматро инкор кунад, то бо хиёли роҳат ва бидуни дағдаға, хостаҳои нафсонии худро дунбол карда ва ба ҷурму гуноҳ идома диҳад.
2 - Мункирони маод, далеле барои инкори маод надоранд, балки аз рӯи шакку гумони худ онро инкор мекунанд.
3 - Ҳамонанди мункирони Худо, ки мегӯфтанд, бояд Худоро бубинем, то имон биоварем, бархе мункирони маод низ мегӯянд: Бояд зинда шудани падаронамонро бубинем, то имон биоварем. Гуё ақли онҳо дар чашми онҳост ва ҳарчиро набинанд, инкор мекунанд.