Апрел 14, 2021 11:55 Asia/Dushanbe

Қисмати 927 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 26-32

 

26

قُلِ اللَّـهُ یُحْیِیکُمْ ثُمَّ یُمِیتُکُمْ ثُمَّ یَجْمَعُکُمْ إِلَى یَوْمِ الْقِیَامَةِ لَا رَیْبَ فِیهِ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَعْلَمُونَ

Бигу: Худованд аст, ки шуморо ҳаёт мебахшад, сипас мемиронад ва онгоҳ барои рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, ҳамаро гирд меоварад, вале бештари мардум намедонанд.

 

27

وَلِلَّـهِ مُلْکُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ  وَیَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ یَوْمَئِذٍ یَخْسَرُ الْمُبْطِلُونَ

Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост ва рӯзе, ки растохезе барпо шуд, дар он рӯз аҳли ботил зиён хоҳанд дид.

Дар барномаи қабл ба сухани мункирони маод ишора шуд, ки барои қабули қиёмат, зинда шудани ниёкони худро аз паёмбару муъминон талаб карданд. Ин оя дар посухи онҳо мефармояд: Худи шумо, ки акнун зиндаед, чи касе шуморо офарида ва ба шумо ҳаёт бахшидааст? Оё офаридагори худро низ мункиред? Агар бар ин боваред, ки касе шуморо офарида, чаро намепазиред, ки ҳамон холиқ метавонад дубора шуморо зинда кунад? Чаро ба ҷои тааммулу тааққул мехоҳед, ҳамачизро ба чашм бубинед?

Идомаи оёт бар ин нукта таъкид дорад, ки агар дар қудрати Худо барои офариниши дубора шак доред, қадре дар азамати осмонҳо ва замин биандешед, то бидонед қудрате, ки метавонад ин ҷаҳони боазаматро биофаринад ва молику ҳоким бар тамоми олами ҳастӣ аст, мусалламан аз офариниши дубораи шумо оҷиз нест. Пас муроқиб бошед, ба ҷои ҳақ, аз ботил пайравӣ накунед, ки дар қиёмат дучори ҳасрату хисрон мешавед. Чун сармояи умрро аз каф дода ва ҷуз ҳасрату андуҳ, ҳосиле ба даст наёвардаед.

Бидуни шак, умри инсон ва ҳушу ақлу истеъдоди ӯ сармояҳои ӯ дар ин ҷаҳон ҳастанд, аммо ботилгароён онҳоро бо чизҳои зудгузар мубодила мекунанд ва рӯзи растохез, ки танҳо имону амали солеҳ ба кор меояд, ба зиёнкории худ пай мебаранд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Ҳаёти нахустин инсон, далел бар имкони ҳаёти дубораи ӯ дар қиёмат аст.

2 - Аксари мардум ба ҷои тафаккур дар оёти хилқат, интизор доранд, ҳамачизро бо чашми худ мушоҳида кунанд, то бипазиранд.

3 - Онон, ки қиёматро ботил ме‌шуморанд, рӯзи қиёмат мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки дучори чи хисрони азиме шудаанд.

 

28

وَتَرَى کُلَّ أُمَّةٍ جَاثِیَةً  کُلُّ أُمَّةٍ تُدْعَى إِلَى کِتَابِهَا الْیَوْمَ تُجْزَوْنَ مَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Ва дар он рӯз ҳар умматеро базонударомада мебинӣ, ҳар уммате ба сӯи корномаи худ фаро хонда мешавад ва ба онон мегӯянд, имрӯз ончиро анҷом медодед, ба шумо подош медиҳанд.

 

29

هَـذَا کِتَابُنَا یَنطِقُ عَلَیْکُم بِالْحَقِّ إِنَّا کُنَّا نَسْتَنسِخُ مَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Ин аст китоби мо, ки ба ҳақ алайҳи шумо сухан мегӯяд, ҳамоно мо ончиро анҷом медодед, менавиштем.

Ин оёт додгоҳи қиёматро тарсим мекунад, ки инсонҳо бар асари тарсу нигаронӣ, базонударомада ва мунтазири равшан шудани вазъияти худ ҳастанд.

Оёт дар тавсифи саҳнаҳои қиёмат мефармояд, ҳар уммате ба сӯи китобаш хонда мешавад. Корномаи аъмоли ҳаркас аз қабл омода шудааст, зеро фариштагони иллоҳӣ маъмур будаанд, дар тули умри ҳар инсоне, ҳамаи корҳои неку бади ӯро сабт кунанд, то чизе аз қалам наафтад ва имрӯз дар додгоҳи қиёмат нусхае аз онро ба худи ӯ бидиҳанд, то гумон накунад беҷиҳат кайфар мебинад ё подоши ме‌гирад.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Низоми ҳастӣ бар асоси ҳаққу адл идора мешавад ва дорои ҳисобу китоб аст ва ҳамаи аъмоли инсон сабт ме‌шавад.

2 - Мабнои кайфар ё подоши инсонҳо дар қиёмат, аъмоли неку бади онҳо дар дунёст.

3 - Ҳар инсоне дорои парвандаест, ки ҳамаи корҳои ӯ ба диққату мутобиқ бо воқеият дар он сабт мешавад. Бадеҳист, имон ба сабти дақиқи аъмол боздорандаи инсон аз корҳои зишту муҷримона аст.

 

30

فَأَمَّا الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَیُدْخِلُهُمْ رَبُّهُمْ فِی رَحْمَتِهِ  ذَلِکَ هُوَ الْفَوْزُ الْمُبِینُ

Пас касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, парвардгорашон ононро дар раҳмати худ дармеоварад, ин ҳамон комёбии ошкор аст.

 

31

وَأَمَّا الَّذِینَ کَفَرُوا أَفَلَمْ تَکُنْ آیَاتِی تُتْلَى عَلَیْکُمْ فَاسْتَکْبَرْتُمْ وَکُنتُمْ قَوْمًا مُّجْرِمِینَ

Ва аммо касоне, ки куфр варзиданд, ба онон гуфта шавад: Магар оёти ман бар шумо хонда намешуд? Вале шумо такаббур варзидед ва гурӯҳе гунаҳкор будед.

Дар поёни додгоҳи қиёмат, инсонҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва ҳар гурӯҳ ба ҷазои корҳои худ мерасад. Гурӯҳе муъминони солеҳ ва гурӯҳе кофирони фосиқ.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Имону амали солеҳ аз якдигар ҷудо нест ва ҳаряк ба танҳоӣ муҷиби саодати инсон намешавад. Имони ҳамроҳ бо амали солеҳ, саодати фарду ҷомеаро ба дунбол дорад.

2 - Решаи ин куфр, такаббуру гарданкашӣ дарбаробари ҳақ аст.

3 - Решаи ин ҷурму гуноҳ, куфру саркашӣ дарбаробари Худованду фаромини ӯст.

 

32

وَإِذَا قِیلَ إِنَّ وَعْدَ اللَّـهِ حَقٌّ وَالسَّاعَةُ لَا رَیْبَ فِیهَا قُلْتُم مَّا نَدْرِی مَا السَّاعَةُ إِن نَّظُنُّ إِلَّا ظَنًّا وَمَا نَحْنُ بِمُسْتَیْقِنِینَ

Ва ҳаргоҳ гуфта мешуд: Ваъдаи Худованд ҳақ аст ва дар вуқуи қиёмат шакке нест, мегуфтед: Мо намедонем қиёмат чист. Онро ҷуз гумоне намепиндорем ва ба яқин нарасидаем.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Аҳли имон бояд сухани ҳақро ба гуши ҳама бирасонанд, то ҳуҷҷат бар онҳо тамом шавад, гарчи бисёре аз мардум онро наме‌пазиранд.

2 - Яқин ба қиёмат лозим нест, ҳатто гумон ба вуқуи он, бояд инсонро аз иртикоби ҷароиму гуноҳон боз дорад, зеро хатару зиёни он бисёр бузург аст.