Апрел 25, 2021 10:56 Asia/Dushanbe

Қисмати 929 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 1-5

  بسم الله الرحمن الرحیم             

1

حم

Ҳо Мим

2

تَنزِیلُ الْکِتَابِ مِنَ اللَّـهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ

Фуру фиристодани ин китоб, аз сӯи Худои азиз ва ҳаким аст.

 

3

مَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَیْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَأَجَلٍ مُّسَمًّى وَالَّذِینَ کَفَرُوا عَمَّا أُنذِرُوا مُعْرِضُونَ

Мо осмонҳо ва замин ва ончиро миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва то саромаде муайян наёфаридем ва кофарон аз ончи бимашон додаанд, рӯй гардонанд.

Ин сӯра низ монанди 28 сӯраи дигари Қуръони карим, бо ҳарфҳои мақтаа оғоз мешавад ва ҳамонанди онҳо пас аз ин ҳарфҳо, сухан дар бораи аҳаммият ва азамати Қуръон аст. Гуё Худованд мехоҳад бигӯяд: Ман аз ҳамин ҳарфҳои алифбо, ки дар ихтиёри шумост, китобе таълиф кардаам, ки шумо аз овардани мушобеҳи он оҷизед ва ин беҳтарин далел бар муъҷиза будани Қуръон аст.

Таъкид бар нузули Қуръон аз сӯи Худованди азизу ҳаким, ки дар оёти мутааддиди Қуръон омада, баёнгари ҷойгоҳи ин китоби осмонист, ки амал ба таолими он муҷиби иззату иқтидори инсон мешавад. Зеро ҳамаи таолим ва омӯзаҳои Қуръон бар асоси илм ва ҳикмат аст ва ҳеч сухан ё дастури газофае дар он ёфт намешавад.

На фақат китоби шариат, балки низоми табиат низ барпояи ҳақ офарида шуда ва бар асоси барнома ва замонбандии мушаххасе идора мешавад ва ҳарчиз дар ин низом, ҷойгоҳи хоси худро дорад.

Бидуни шак на дар китоби осмониаш калимае бархилофи ҳақ вуҷуд дорад ва на дар маҷмуаи олами хилқаташ чизе номавзун ва мухолифи ҳақ ёфт мешавад. Ҳамаи мавзун, санҷида ва ҳамроҳ бо ҳақ аст. Аммо ҳамонгуна, ки ин офариниш сароғозе дошта, саранҷом ва саромади муайяне низ дорад, ки бо фаро расидани он дунё фонӣ мешавад.

Албатта касоне, ки вуҷуди Худо ё беъсати паёмбаронро инкор мекунанд, ба оёти Худованд дар Қуръон ва низоми офариниш ва ҳушдорҳои ақлу ваҳй беэътино ҳастанд. Онҳо аз ҳақ мегурезанд ва аз он рӯй бармегардонанд, дар натиҷа худро аз ҳидояти иллоҳӣ маҳрӯм месозанд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Қуръон каломи Худост, ки бар қалби паёмбар нозил ва бар забони он ҳазрат ҷорӣ шудааст.

2 - Низоми табиат ва қавонини шариат, ҳар ду бар асоси ҳақ ва ҳикмат аст, зеро ҳар ду аз Худованди олиму ҳаким нашъат гирифтааст.

3 - Дар низоми офариниш, инҳироф, нодурустӣ ва беҳудагӣ роҳ надорад.

4 - Осмону замин ва тамоми ҳастӣ, дорои замонбандии мушаххас ва фарҷоме ҳисобшуда ҳастанд ва ҳеч амре ба сурати иттифоқӣ ва тасодуфӣ рух намедиҳад.

5 - Тамоми ҳастӣ дар масири ҳақ ҳаракат мекунад. Танҳо инсон аст, ки метавонад бо интихоби масире нодуруст, аз ҷоддаи ҳақ мунҳариф шуда ва ба бероҳа биравад.

 

4

قُلْ أَرَأَیْتُم مَّا تَدْعُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ أَرُونِی مَاذَا خَلَقُوا مِنَ الْأَرْضِ أَمْ لَهُمْ شِرْکٌ فِی السَّمَاوَاتِ  ائْتُونِی بِکِتَابٍ مِّن قَبْلِ هَـذَا أَوْ أَثَارَةٍ مِّنْ عِلْمٍ إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ

Бигу: Ончиро ба ҷои Худованд фаро мехонед, дидаед? Ба ман нишон диҳед, ки онҳо чи чизе аз замин офаридаанд ё дар офариниши осмонҳо мушорикате доштаанд? Агар рост мегӯед, китобе пеш аз ин Қуръон ё асаре илмӣ аз пешиниён барои ман биоваред.

 

5

وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّن یَدْعُو مِن دُونِ اللَّـهِ مَن لَّا یَسْتَجِیبُ لَهُ إِلَى یَوْمِ الْقِیَامَةِ وَهُمْ عَن دُعَائِهِمْ غَافِلُونَ

Ва кист гумроҳтар аз онки ҷуз Худо касеро мехонад, ки то рӯзи қиёмат посухи ӯро намедиҳад ва онон аз хонда шудани худ бехабаранд.

Дар ин оёт паёмбари гиромии ислом маъмур мешавад, ки ба мушрикони Макка бигӯяд: Ин бутҳое, ки шумо мепарастед, чи нақшу мушорикате дар офариниш ва тадбири осмон ва замин доштаанд?

Оё пеш аз Қуръон китобе барои шумо омадааст, ки иҷоза дода бутҳоро бипарастед? Ё онки аз сӯи донишмандон далели илмӣ ба шумо ироа шуда, ки бар асоси он маъбудоне ғайри Худоро парастиш мекунед? Шумо, ки худатон иқрор мекунед, офариниши замину осмон ва хуршеду моҳ ва ситорагон тавассути Аллоҳ будааст, пас чаро ин бутҳоро парастиш мекунед ва барои ҳалли мушкилоти худ ба суроғи ин мавҷудоти бехосият ва фоқиди ақлу шуур меравед?

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Интихоби ҳар роҳе ғайр аз роҳи офаридагори ҷаҳон, инҳироф ва гумроҳӣ аст.

2 - Гоҳе лозим аст, мухолифонро дар маърази пурсишҳои ҳисобшуда қарор диҳем, то ба фикр фуру раванд ва суст ва бепоя будани роҳи худро дарк кунанд.

3 - На фақат бутҳои чубӣ ва сангӣ, балки инсонҳои доно ва тавоно низ аз баровардани бисёре аз хостаҳои худ ва дигарон оҷизанд ва наметавон ба ҷои Худо, суроғи онҳо рафт ва ба онҳо такя кард.

4 - Ҳар коре инсон анҷом медиҳад, ё бояд далели ақлӣ ва илмӣ дошта бошад, ё далеле аз каломи Худо ё Расули Худо ва ҷонишинони поку маъсуми он ҳазрат.