Қисмати 930 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 6-10
Қисмати 930 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 6-10
6
وَإِذَا حُشِرَ النَّاسُ کَانُوا لَهُمْ أَعْدَاءً وَکَانُوا بِعِبَادَتِهِمْ کَافِرِینَ
Ва онгоҳ, ки мардум маҳшур шаванд, маъбудон бо онҳо душман хоҳанд буд ва ибодаташонро инкор хоҳанд кард.
Дар барномаи қабл сухан аз парастиши бутҳо тавассути мушрикон буд, ки Қуръон дар баёни бефоида будани он фармуд: Агар то рӯзи қиёмат ҳам барои рафъи мушкилоти худ ё муваффақият дар корҳо онҳоро бихонед, онҳо на сухани шуморо мешунаванд ва на метавонанд коре барои шумо анҷом диҳанд.
Ин оя мефармояд: Фаротар аз он инки ин маъбудҳо дар рӯзи қиёмат алайҳи шумо сухан мегӯянд ва дар муқобили шумо меистанд. Албатта маъбудҳое, ки дорои ақл ва шууранд, монанди бархе фариштагон ва инсонҳое, ки мавриди парастиш қарор гирифтаанд, расман ба душманӣ бармехезанд. Ба унвони мисол, ҳазрати масеҳ ва фариштагон аз парастандагони худ табарӣ меҷуянд. Онҳое низ, ки беақл ҳастанд, назири бутҳо, Худованд онҳоро ба сухан дармеоварад ва нафрати худро аз ин парастишгарон иброз медоранд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Ҳарчи дар дунё ба ҷои Худо мавриди парастиш қарор гирад, дар қиёмат ба ҷои шафоати инсон бо ӯ адоват меварзад ва аз ӯ шикоят мекунад.
7
وَإِذَا تُتْلَى عَلَیْهِمْ آیَاتُنَا بَیِّنَاتٍ قَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لِلْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُمْ هَـذَا سِحْرٌ مُّبِینٌ
Ва ҳаргоҳ оёти равшани мо бар онон хонда шавад, кофарон дар бораи ҳаққе, ки ба сӯяшон омада, мегӯянд: Ин сиҳре ошкор аст.
8
أَمْ یَقُولُونَ افْتَرَاهُ قُلْ إِنِ افْتَرَیْتُهُ فَلَا تَمْلِکُونَ لِی مِنَ اللَّـهِ شَیْئًا هُوَ أَعْلَمُ بِمَا تُفِیضُونَ فِیهِ کَفَى بِهِ شَهِیدًا بَیْنِی وَبَیْنَکُمْ وَهُوَ الْغَفُورُ الرَّحِیمُ
Ё инки мегӯянд: Онро ба дуруғи бофта ва ба Худо нисбат додааст. Бигӯ: Агар онро аз назди худ бофта ва ба Худо нисбат дода бошам, шумо наметавонед барои ман чизе аз азоби Худоро дафъ кунед. Худо ба ончи, ки дар он фуру меравед, донотар аст. Ӯ барои гувоҳ будани миёни ман ва шумо кофист ва ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст.
Ин оёт ба бархе нисбатҳои норавое, ки мушрикони Макка ба паёмбари Акрам медоданд, ишора карда ва мефармояд: Онҳо гоҳе паёмбарро ҷодугар хонда ва Қуръонро сиҳри баёни ӯ мешумурданд, ки бо оёти он мардумро маҷзуби худ сохтааст. Онҳо аз як сӯ наметавонистанд ҷозибаи аҷиби Қуръон ва нуфузи амиқи онро дар дилҳо инкор кунанд ва аз сӯи дигар, ҳозир набуданд дарбаробари ҳаққоният ва азамати он сар фуруд оваранд. Лизо барои мунҳариф кардани афкори умумӣ, онро сиҳр хонданд. Албатта ин худ, эътирофи зимнии онҳо ба таъсири фавқулъодаи Қуръон дар қалбҳост. Дар ҳоле, ки иллати воқеии ҷазби мардум ба Қуръон ва нуфузи он дар аъмоқи дилҳо, ҳаққонияти оёти он аст.
Гоҳе ҳам мегуфтанд: Ончи ин мард мегӯяд: Суханони худи ӯст, ки ба Худо нисбат дода ва худро паёмбари Худо муаррифӣ кардааст. Паёмбар дар посухи онҳо мефармояд: Агар он тавр, ки шумо иддао мекунед, ман паёмбари Худо набошам ва ба дуруғ ин суханонро ба Худо нисбат бидиҳам, бар Худо лозим аст, ки маро расво кунад, то мардум гумроҳ нашаванд. Дар ин сурат, ҳечкас наметавонад дарбаробари иродаи иллоҳӣ биистад ва дарбаробари Худо аз ман дифоъ кунад.
Ин шумо ҳастед, ки бояд аз кайфари Худо битарсед, зеро дарбаробари фиристодаи ӯ истодаед ва мардумро аз роҳи ҳақ бозмедоред, бо онки медонед, ман бар ҳаққам ва барои исботи ҳаққонияти худ ниёзе ба шумо надорам. Зеро Худованд бар ин иддаои ман шоҳид ва гувоҳ аст ва саъйю кӯшиши маро дар иблоғи паёмаш мебинад. Аз сӯи дигар, дуруғ ва ифтиро ва коршикании шуморо низ мебинад. Ҳамин барои ман кофист. Албатта Худованд барои инки роҳи бозгаштро ба онҳо нишон диҳад, то аз мухолифат даст бардоранд ва имон биёваранд, мефармояд: Худо бисёр бахшанда ва меҳрубон аст. Ӯ тавбакоронро мебахшад ва онҳоро аз раҳмати густардаи худ баҳраманд месозад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Нишонаҳои рисолати паёмбар ошкор ва равшан аст, аммо мушкили иддае аз афрод, иноду лаҷоҷати онон аст, ки монеи имон овардани онҳо мешавад.
2 - Ҳатто мухолифон ба қудрати шигифтангези оёти Қуръон дар ҷазби дилҳо эътироф доранд, аммо онро сиҳри баён мешуморанд.
3 - Муроқиб бошем, салиқа ва ақидаи шахсии худро ба номи дин ба Худо нисбат надиҳем, зеро кайфари сахте дар пай дорад.
4 - Роҳи тавба барои ҳамаи афрод ҳатто кофарону муонидон боз аст ва Худои меҳрубон тавбаи онҳоро мепазирад.
9
قُلْ مَا کُنتُ بِدْعًا مِّنَ الرُّسُلِ وَمَا أَدْرِی مَا یُفْعَلُ بِی وَلَا بِکُمْ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا یُوحَى إِلَیَّ وَمَا أَنَا إِلَّا نَذِیرٌ مُّبِینٌ
Бигу: Дар миёни фиристодагони Худо, фиристодае навзуҳур нестам ва намедонам, ки бо ман ва шумо чигуна рафтор хоҳад шуд? Ман фақат аз ончи ба ман ваҳй шуда, пайравӣ мекунам ва ман ҷуз бимдиҳандае ошкор нестам.
Дар ин оя паёмбари ислом маъмур мешавад, ки ба баҳонаҷуиҳои мушрикони Макка посух дода ва бигӯяд: Ман аз соири паёмбарони иллоҳӣ мутафовит нестам ва ҳамонанди дигар паёмбарон, башаре ҳамонанди шумо ҳастам. Ман нахустин паёмбаре нестам, ки мардумро ба тавҳид даъват кардааст. Пеш аз ман низ паёмбарони зиёде омаданд, ки ҳама аз ҷинси башар буданд, либос мепушиданд ва ғизо мехурданд. Танҳо тафовутам бо шумо ин аст, ки Худо бар ман ваҳй мекунад ва маро маъмур карда, ки дар мавриди корҳои баду авоқиби сахти онҳо ба шумо ҳушдор диҳам.
Илми ғайби ман низ аз ҷониби худам нест ва аз умури ғайбӣ чизҳоеро медонам, ки Худо ба ман меомӯзад. Ман намедонам Худо бо ман чи хоҳад кард, ҳамонтавр, ки намедонам бо шумо чи хоҳад кард? Пас аз ман интизори беҷо надошта бошед, ки дар бораи ояндаи худам ё шумо пешгуӣ кунам.
Аз ин оя меомӯзем :
1 - Ҳадафу барномаи паёмбарон дар тӯли таърих яке будааст. Онҳо идомадиҳандаи роҳи якдигар будаанд.
2 - Раҳбарони ҷомеа бояд бо мардум содиқона сухан бигуянд ва дар мавриди чизе, ки дар ихтиёрашон нест, беҷиҳат иддао накунанд ва ба мардум ваъда надиҳанд.
3 - Паёмбарон хайрхоҳ ва дилсузи мардум будаанд ва ҳамвора онҳоро аз корҳое, ки дунё ва охираташонро ба табоҳӣ мекашонад, барҳазар медоштаанд.
10
قُلْ أَرَأَیْتُمْ إِن کَانَ مِنْ عِندِ اللَّـهِ وَکَفَرْتُم بِهِ وَشَهِدَ شَاهِدٌ مِّن بَنِی إِسْرَائِیلَ عَلَى مِثْلِهِ فَآمَنَ وَاسْتَکْبَرْتُمْ إِنَّ اللَّـهَ لَا یَهْدِی الْقَوْمَ الظَّالِمِینَ
Бигу: Агар ин Қуръон аз сӯи Худо бошад ва шумо ба он куфр варзед, дар ҳоле, ки шоҳиде аз банӣ Исроил бар ҳамонанди он яъне Таврот гувоҳӣ дода ва имон оварда, вале шумо такаббур варзидаед, оё оқибати корро дидаед? Ҳамоно Худованд қавми ситамгарро ҳидоят намекунад.
Чунонки дар тафосир омадааст, Абдуллоҳи Ибни Салом, яке аз донишмандони маъруфи яҳуд дар сарзамини Ҳиҷоз буд. Ӯ ба паёмбари ислом имон овард ва эълом кард, ки ӯ ҳамон паёмбарест, ки дар Тавроту Инҷил ваъдаи зуҳураш дода шудааст.
Аммо бисёре аз бузургони яҳуд ӯро турд карда ва муттаҳам сохтанд. Онҳо ҳозир ба пазириши набуввати паёмбари ислом нашуданд. Бетардид, решаи он чизе ҷуз такаббур ва ғурур набуд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Дар гуфтугу бо мухолифон, ба ҷои таассуб бар ақидаи худ ва баёни он ба сурати қатъӣ бигӯем: Шумо баррасӣ кунед, агар ҳарфи мо ҳақ аст, бипазиред, албатта агар ҳақро бифаҳмед ва напазиред, оқибати баде дар интизори шумост.
2 - Решаи аслии куфр, иноду такаббур дарбаробари ҳақ аст на ҷаҳлу ғафлат.
3 - Истодан дарбаробари ҳаққонияти ваҳйи Қуръон, зулме бузург ба башарият аст.