Қисмати 931 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 11-14
Қисмати 931 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 11-14
11
وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لِلَّذِینَ آمَنُوا لَوْ کَانَ خَیْرًا مَّا سَبَقُونَا إِلَیْهِ وَإِذْ لَمْ یَهْتَدُوا بِهِ فَسَیَقُولُونَ هَـذَا إِفْکٌ قَدِیمٌ
Ва кофарон дар бораи муъминон гуфтанд: Агар ин дин хуб буд, онҳо дар пазируфтани он бар мо пешӣ намегирифтанд ва чун худашон ба василаи он ҳидоят наёфтанд, ба зудӣ хоҳанд гуфт: Ин як дуруғи қадимӣ аст.
Дар оғози даъвати паёмбари ислом касоне, ки фақиру тиҳидаст ё барда буданд, зудтар аз дигарон ба паёмбар имон оварданд, зеро амвол ва манофеи номашруе надоштанд, ки ба хатар биафтад ва дучори кибру ғурур набуданд, ки дарбаробари паёмбар биистанд.
Рӯй овардани ақшори заифи ҷомеа ба ислом муҷиб шуд, ки ашрофу бузургони Макка вокуниш нишон диҳанду бигӯянд: Инҳо як идда афроди фақир ва бесарупо ва каммаърифатанд. Агар ин ойин, ойини дурусте буд, ибтидо мо, ки аз дарку фаҳми болотар ва қудрату сарвати бештаре бархурдорем, ба он имон меоварадем.
Ин суханони ғуруромез ва дур аз мантиқи кофарон аз рӯи такаббур ва саркашӣ буд. Дар ҳоле, ки решаи мушкил дар худи онҳо буд на дар ойини ислом. Агар пардаҳои кибру ғурур бар қалбҳои онҳо наафтода буд, агар масти молу мақом ва шаҳват набуданд, агар аз худ бартарбинӣ ва бузургталабӣ даст мекашиданд ва ҳамонанди тиҳидастони покдил, ҳақҷу ва ҳақталаб буданд, онҳо низ ба суръат ба ойини ислом мегиравиданд.
Лизо идомаи оя мефармояд: Онҳо чун ҳидояти Қуръонро напазируфтанд, ба зудӣ мегӯянд: Қуръон каломи Худо нест ва ҳамонанди дигар афсонаҳои қадимӣ, суханоне сохтагӣ ва бепоя аст. Онҳо туҳмат задан ба Қуръонро пушише барои адами имони худ қарор медоданд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Кофарон худро оқилтар ва зирангтар аз мусулмонон мепиндоранд ва гумон мекунанд, мактабу ойини онҳо беҳтар аз ойини ислом аст.
2 - Нисбатҳои нораво ба Қуръон ва паёмбари ислом, реша дар кибру ғурур ва инод ва лаҷоҷат дорад на мантиқу истидлол.
12
وَمِن قَبْلِهِ کِتَابُ مُوسَى إِمَامًا وَرَحْمَةً وَهَـذَا کِتَابٌ مُّصَدِّقٌ لِّسَانًا عَرَبِیًّا لِّیُنذِرَ الَّذِینَ ظَلَمُوا وَبُشْرَى لِلْمُحْسِنِینَ
Ва пеш аз он, китоби Мусо роҳнамо ва раҳмате буд ва ин Қуръон, китобе ба забони арабӣ аст, ки тасдиқкунандаи он аст, то ситамкоронро бим диҳад ва барои накукорон башорате бошад.
Дарбаробари туҳматҳое, ки мушрикони Макка ба Қуръону паёмбари ислом мезаданд ва онро афсонае мешумурданд, ки поя ва асосе надорад, ин оя мефармояд: Яке аз нишонаҳои сидқи ин китоб он аст, ки ному вижагиҳои паёмбари ислом дар Таврот омада аст. Оёти Қуръон низ бо оёти Таврот ҳамоҳанг аст ва якдигарро тасдиқ мекунанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ин китобҳо аз як мабда нозил шудаанд.
Гарчи забони Таврот ибрӣ ва забони Қуръон арабӣ аст, вале муҳтавои ҳарду барои даъвати мардум ба сӯи Худо ва пайравӣ аз дастуроти ӯст ва ҳадафи ҳарду, мубориза бо золимон ва ҳушдор додан ба онҳо ва башорати пирӯзӣ ва саодат ба инсонҳои солеҳ ва накукор аст.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Нузули китобҳои осмонӣ, яке аз суннатҳои иллоҳӣ дар тӯли таърих барои ҳидояти башар будааст. Ин китобҳо ҳамсӯ бо ҳам ҳастанд на онки якдигарро нафӣ кунанд.
2 - Китоби осмонӣ ҷилвае аз раҳмати Худост ва ҷомеае ба раҳмати иллоҳӣ даст меёбад, ки китоби осмонӣ, роҳнамо ва пешвои он бошад.
3 - Имон ба Худо бо зулм ба дигарон созгор нест. Имоне корсоз аст, ки ба эҳсон ва накукорӣ биянҷомад.
13
إِنَّ الَّذِینَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّـهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا فَلَا خَوْفٌ عَلَیْهِمْ وَلَا هُمْ یَحْزَنُونَ
Бетардид касоне, ки гуфтанд: Парвардгори мо Аллоҳ аст, сипас дар ин роҳ истиқомат варзиданд на биме бар онон аст ва на андуҳгин мешаванд.
14
أُولَـئِکَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ خَالِدِینَ فِیهَا جَزَاءً بِمَا کَانُوا یَعْمَلُونَ
Онон аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовдона мемонанд, ба подоши ончи анҷом медоданд.
Ин оёт симои муъминони воқеиро, ки паёмбарону китобҳои осмонӣ барои тарбияти чунин афроде омадаанд, тарсим мекунад ва мефармояд: Он яктопарастон гуфтанд, ки парвардгори мо Худост ва дар ин роҳ пойдор монданд. Бадеҳист, сирф бовари қалбӣ ба Худо ва ё ба забон овардани бархе алфозу каламот, барои имон овардан ба Худо кофӣ нест, балки дар амал низ бояд бар асоси ончи Худои бузург аз мо хостааст, амал кунем ва дар ин роҳ собитқадам ва устувор боқӣ бимонем.
Албатта Худованд низ подоши муъминони ростинро дар дунё ва охират медиҳад ва ба онҳо дар ҳамин зиндагии дунёӣ итминон ва оромиш мебахшад. Ингуна афрод на тарсу ҳаросе аз ҳаводиси оянда доранд ва на ғаму андуҳе аз гузашта.
Илова бар итминону оромиши қалбӣ ва рӯҳӣ, ки подоши муъминони ростин дар дунёст, дар охират низ Худованд онҳоеро, ки дар роҳи тавҳид гом бармедоранд ва дар ин масир истиқомат меварзанд, дар биҳишт ҷой медиҳад, ки вусъати маконӣ ва муддати замонии он барои башар қобили дарк нест.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Сирф изҳори имон ва иқрор ба тавҳид кофӣ нест, балки муҳимтар истиқомату пойдорӣ дар роҳи он аст.
2 - Касе, ки ба Худо имон дорад, ҷуз аз Худо, аз ҳечкас ва ҳеччизе тарс ва ҳаросе надорад.
3 - Ғусса хурдан барои гузашта, дар мавриди афродест, ки аз роҳи хато бираванд ва пушаймон шаванд, вале касоне, ки пайваста дар роҳи ҳақ ҳаракат мекунанд, аз гузаштаи худ пушаймон ва андуҳнок намешаванд.