Май 22, 2021 11:22 Asia/Dushanbe

Қисмати 933 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 19-23

Дуруд ба равони поки паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ. Бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно шавем.

Ибтидо ба тафсири ояти 19 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:

19

«وَلِکُلٍّ دَرَجَاتٌ مِّمَّا عَمِلُوا  وَلِیُوَفِّیَهُمْ أَعْمَالَهُمْ وَهُمْ لَا یُظْلَمُونَ»


Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва барои ҳар як аз онҳо бар пояи он чӣ анҷом додаанд, дараҷоте аст ва Худованд ҷазои корҳояшонро комил бидиҳад ва онон мавриди ситам қарор намегиранд».
Дар барномаи қабл ба ду гурӯҳ аз мардум ишора шуд: Яке аҳли эҳсон ба волидайн ва имон ба Худо, дигаре мункири вуҷуди Худо ва беэътино ба ҳуқуқи волидайн буд.
Ин оя мефармояд: Худованд дар рӯзи Қиёмат, ҳар як аз ду гурӯҳро мутаносиб бо аъмолу рафторашон кайфару подош хоҳад дод ва дараҷоту маротиби ҳар як бар асоси навъи ангеза ва амал мутафовит хоҳад буд.
Идомаи оя бар адли илоҳӣ дар низоми ҷазо таъкид карда ва мефармояд: Ҳар кас натиҷаи кори худро ба таври комил дарёфт хоҳад кард ва дар ҳаққи касе заррае зулм нахоҳад шуд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Сарнавишти ҳар кас дар дунё ва охират ба дасти худи ӯст ва ҷойгоҳи инсон дар Қиёмат тобеи аз ангезаҳо ва аъмоли ӯст.
2. Бо гузашти замон, корҳои инсон маҳв ва нобуд намешавад, балки асли амалу осори он дар парвандаи аъмоли инсон сабт шуда ва дар Қиёмат ба таври комил муҷассам мешавад. Ҳамон мабнои кайфар ё подоши инсон дар Қиёмат аст.


Акнун ба тафсири ояи 20 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:

20

«وَیَوْمَ یُعْرَضُ الَّذِینَ کَفَرُوا عَلَى النَّارِ أَذْهَبْتُمْ طَیِّبَاتِکُمْ فِی حَیَاتِکُمُ الدُّنْیَا وَاسْتَمْتَعْتُم بِهَا فَالْیَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ الْهُونِ بِمَا کُنتُمْ تَسْتَکْبِرُونَ فِی الْأَرْضِ بِغَیْرِ الْحَقِّ وَبِمَا کُنتُمْ تَفْسُقُونَ»


Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва рӯзе, ки кофирон ба оташ арза шаванд, [ба онон гуфта шавад:] шумо дар зиндагии дунёиятон неъматҳои покизаи худро сарф кардед ва аз онҳо комёб шудед [ва барои имрӯз чизе захира накардед], пас имрӯз ба хотири он ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекардед ва ба сабаби он ки пайваста нофармонӣ мекардед, ба азоби хоркунанда кайфар дода мешавед».
Лутфу раҳмати илоҳӣ дар дунё ҳамаи инсонҳо, чӣ муъмин ва чӣ кофирро шомил мешавад ва Худованд неъматҳои моддӣ ва дунявиро аз кофирону мушрикон низ дареғ наменамояд.
Ин оя мефармояд: Кофирону гунаҳкорон дар дунё аз лаззоти моддӣ ва неъматҳои илоҳӣ ба ҳадди кофӣ баҳраманд шуданд ва аз чизе маҳрум нашуданд, аммо дар Қиёмат, ки рӯзи ҷазост, раҳмати густардаи илоҳӣ фақат шомили покон ва солеҳон мешавад. Ба яқин онон, ки дар дунё дар баробари ҳақ истоданд ва аз рӯй иноду лаҷоҷату такаббур ҳозир ба пазириши ҳақ нашуданд, кайфари сахтеро пеширӯ хоҳанд дошт.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Баҳрамандӣ аз неъматҳои илоҳӣ дар дунё машрут ба имон ба Худо нест, балки ризқе аст, ки Худованд ба ҳамаи махлуқоташ, аз ҷумла инсонҳо ато мекунад.
2. Гарданкашӣ ва истикбор дар амал мунҷар ба фисқ ва хуруҷ аз мадори ҳақ мешавад.
3. Хорӣ ва зиллат дар Қиёмат, кайфари касоне аст, ки дар дунё такаббур меварзанду муддаии қудрату иззат ва бузургӣ ҳастанд.


Акнун ба тарҷумаи оёти 21 то 23 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:

 

21

«وَاذْکُرْ أَخَا عَادٍ إِذْ أَنذَرَ قَوْمَهُ بِالْأَحْقَافِ وَقَدْ خَلَتِ النُّذُرُ مِن بَیْنِ یَدَیْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّـهَ إِنِّی أَخَافُ عَلَیْکُمْ عَذَابَ یَوْمٍ عَظِیمٍ»،

«Ва саргузашти бародари қавми Од [ҳазрати Ҳуд] -ро ёд кун, он гоҳ, ки қавмашро дар сарзамини Аҳқоф ҳушдор дод, дар ҳоле, ки пеш аз ӯ ва пас аз ӯ ҳушдордиҳандагоне омада буданд, ки ҷуз Худоро напарастед, ҳамоно ман бар шумо аз азоби рӯзи ҳавлнок метарсам,

 

 

22

«قَالُوا أَجِئْتَنَا لِتَأْفِکَنَا عَنْ آلِهَتِنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِن کُنتَ مِنَ الصَّادِقِینَ»،

Гуфтанд: Оё ба суроғи мо омадаӣ то моро аз худоёнамон баргардонӣ? Пас агар рост мегӯӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ биёвар.

 

23

«قَالَ إِنَّمَا الْعِلْمُ عِندَ اللَّـهِ وَأُبَلِّغُکُم مَّا أُرْسِلْتُ بِهِ وَلَـکِنِّی أَرَاکُمْ قَوْمًا تَجْهَلُونَ»


  Ҳуд гуфт: Илм [ба замони азоб] танҳо назди Худост ва ман он чиро ки ба он фиристода шудаам, ба шумо иблоғ мекунам, вале шуморо гурӯҳе мебинам, ки бар ҷаҳл исрор меварзед».
Ин оёт ба саргузашти ҳазрати Ҳуд ва қавмаш мепардозад ва мефармояд: Ҳуд ҳамчун дигар паёмбарони илоҳӣ ба мардум дар мавриди ширку бутпарастӣ ва анҷоми корҳои зишту нописанд ҳушдор медод. Аммо онҳо ба ҷои таъаққулу тааммул дар рафтори нодурусти худ ва даст бардоштан аз парастиши худоёни сохтагӣ, аз паёмбарашон мехостанд, ки азоберо, ки ваъда медиҳад, дар ҳамин дунё бар онҳо нозил кунад. Дар ҳоле, ки кайфар ба дасти Худост ва паёмбарон дар нузули он дар дунё ё охират нақше надоранд.
Аз ин рӯ, ҳазрати Ҳуд дар посухи онҳо фармуд: Он чиро шумо аз ман мехоҳед, дар ихтиёри ман нест ва илми он назди Худованд аст. Ман фақат маъмури иблоғи дастуроти Худованд ва даъвати шумо ба яктопарастӣ ҳастам. На шуморо ба пазириши суханам маҷбур мекунам ва на тавони кайфар додани касеро дорам. Решаи ин лаҷоҷату ҳақнопазирии шуморо ҳам дар ҷаҳлу нодонӣ мебинам, ки боис мешавад ҳақро нафаҳмед ва ба он имон наёред.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Аввалин вазифаи паёмбарон дар баробари ақвоми мушрику фосид, ҳушдор додан ба онҳо будааст то ононро аз хатар огоҳу ҳушёр созанд.
2. Ҳадафу сарлавҳаи кори ҳамаи паёмбарон дар тӯли таърих яке будааст: Парастиши Худои ягона ва дурӣ аз ҳар гуна ширку куфр.
3. Агар инсон ба омадани Қиёмат бовар дошта бошад, аъмолу рафтораш дар дунё ислоҳ мешавад.
4. Вазифаи паёмбарон иблоғи рисолати илоҳӣ будааст, на иҷбори мардум ба парастиш.
5. Таассуби нобаҷо бар одобу русум ва боварҳои қавмӣ ва қабилагӣ, нишонаи ҷаҳли инсон ва муҷиби дур мондани ӯ аз дарки ҳақиқат аст.

Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.