Қисмати 934 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 24-28
Қисмати 934 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 24-28
Бо дуруд ба равони поки паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бо салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ, бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно шавем.
Ибтидо ба мурур ва тарҷумаи оёти 24 ва 25 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:
24
«فَلَمَّا رَأَوْهُ عَارِضًا مُّسْتَقْبِلَ أَوْدِیَتِهِمْ قَالُوا هَـذَا عَارِضٌ مُّمْطِرُنَا بَلْ هُوَ مَا اسْتَعْجَلْتُم بِهِ رِیحٌ فِیهَا عَذَابٌ أَلِیمٌ»،
«Пас чун он тӯдаи абрро диданд, ки ба сарзамини онҳо руй овардааст, гуфтанд: Ин абре аст, ки бар мо меборад. [Ҳуд гуфт: на] балки он азобе аст, ки ба шитоб хостораш будед. Тундбоде аст, ки дар он азобе дарднок аст,
25
«تُدَمِّرُ کُلَّ شَیْءٍ بِأَمْرِ رَبِّهَا فَأَصْبَحُوا لَا یُرَى إِلَّا مَسَاکِنُهُمْ کَذَلِکَ نَجْزِی الْقَوْمَ الْمُجْرِمِینَ»
[боде ки] ба фармони Парваридгораш ҳама чизро дарҳам мекӯбад. Пас чунон шуданд, ки чизе ҷуз хонаҳояшон дида намешуд. Мо ин гуна табаҳкоронро кайфар медиҳем».
Дар барномаи қабл гуфтем, ки қавми Од дар баробари даъвати паёмбарашон ҳазрати Ҳуд, аз рӯи ъинод ва лаҷоҷат гуфтанд: Мо аз роҳи худ даст барнамедорем. Ту ҳам агар рост мегӯӣ, азоберо, ки ваъда медиҳӣ нозил кун. Пас аз он ки ҳуҷҷат бар мардум тамом шуд ва онҳо худашон хостори нузули азоб шуданд, Худованд тундбоде фиристод, ки абре ба ҳамроҳ овард. Ҳангоме, ки қавми Од абрҳои тираву торро дар уфуқ диданд, масрур шуданд ва гумон карданд ба зуди борони пурбаракат нозил мешавад. Аммо на танҳо борон наборид, балки тундбоди сарду сӯзанда ва бунёнкан фаро расид, ки муҷиби ҳалокати он қавми гунаҳкор шуд ва чизе ҷуз хонаҳояшон боқӣ намонд.
Бар асоси ояи 7 сураи “Ҳоқа”, ин тундбоди бисёр шадиду кӯбанда ҳафт шабу ҳашт рӯзи пай дар пай идома ёфт то он ки тумори зиндагии онҳоро дарҳам печид ва касе аз онҳо зинда намонд.
Ин дар воқеъ ҳушдоре аст ба ҳамаи муҷримону гунаҳкорону кофарони лаҷуҷу саркаш, ки шумо низ агар ҳамин масирро тай кунед, сарнавишти беҳтар аз онҳо нахоҳед дошт.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Саркашиву лаҷоҷат бо ҳаққу ҳақиқат, кайфари сахтеро ба дунбол дорад. Таърихи ақвоми гузашта чунин ибратеро барои ояндагон барҷой гузоштааст.
2. Падидаҳои табиӣ таҳти қудрати Худованд ҳастанд. Абру боду соири рухдодҳои табиӣ ҳам метавонанд нишонаи лутфу раҳмати Худо бошанд, ҳам нишондиҳандаи қаҳру ғазаби Ӯ. Чунонки замоне бод сабаби ҳаракати абрҳо ва нузули борон мешаваду замоне ҳам василаи тахрибу нобудӣ.
3. Ҳалокати муҷримон дар дунё суннати илоҳӣ аст ва осори баҷомонда аз ҳокимону ақвоми гузашта намоишгоҳи бузурги ибратомӯзӣ аст.
Акнун ба тарҷума ва тафсири ояи 26 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:
26
«وَلَقَدْ مَکَّنَّاهُمْ فِیمَا إِن مَّکَّنَّاکُمْ فِیهِ وَجَعَلْنَا لَهُمْ سَمْعًا وَأَبْصَارًا وَأَفْئِدَةً فَمَا أَغْنَى عَنْهُمْ سَمْعُهُمْ وَلَا أَبْصَارُهُمْ وَلَا أَفْئِدَتُهُم مِّن شَیْءٍ إِذْ کَانُوا یَجْحَدُونَ بِآیَاتِ اللَّـهِ وَحَاقَ بِهِم مَّا کَانُوا بِهِ یَسْتَهْزِئُونَ»
Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва ҳамоно ба онҳо [қавми Од] чунон имконоте додем, ки ба шумо [аҳли Макка] надодаем ва барои онон гӯшу чашму дил қарор додем, аммо гӯшу чашму дили онон суде ба ҳолашон набахшид, зеро пайваста оёти Худоро инкор мекарданд, ва [саранҷом] азобе, ки онро ба масхара мегирифтанд, ононро фаро гирифт».
Қавми Од дар наздикии Макка дар Ҷазиратулъараб зиндагӣ мекарданд ва бақоёи хонаҳояшон дар масири сафарҳои онҳо буд. Лизо Қуръон хитоб ба мушрикони Макка, ки дар баробари даъвати паёмбари Ислом сарсахтӣ нишон медоданд, мефармояд: Мардумони қавми Од аз назари ҷисмӣ ва молӣ аз шумо қавитар буданд, аммо ин қудрату сарват ба ҳангоми нузули кайфари илоҳӣ ба кори онҳо наомад ва мояи наҷоти онҳо нашуд.
Ончӣ бояд онҳоро наҷот медод, шинохти ҳақ ва пазириши он буд. Онҳо ҳамонанди дигар инсонҳо аз чашму гӯшу ақл бархӯрдор буданд, аммо аз он барои шинохти ҳақиқат баҳрае нагирифтанд. Онон чашму гӯши худро бар рӯи ҳаққу ҳақиқат бастанд ва гумон карданд бо қудрату сарвату имконоти хеш метавонанд дар баробари Худованд биистанд. Аз ин рӯ, ҳушдори паёмбарашон Ҳудро дар мавриди нузули азоби илоҳӣ ба масхара мегирифтанд ва ба он тавваҷуҳ намекарданд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Бархурдорӣ аз қудрату сарват лузуман наҷотбахши инсон нест, балки баҳрагирии дуруст аз чашму гӯшу ақл барои дарки ҳақиқат ва пайравӣ аз он, омили наҷоту некбахтии башар аст.
2. Инкори ҳаққу ҳақиқат, сабаби ҳалокати инсон мешавад ва сармояҳову имконоти моддии ӯро ба сӯи нобудӣ мекашонад.
3. Тамасхури оёти илоҳӣ ва ҳушдорҳои паёмбарон аз асбоби қаҳри илоҳӣ дар дунёст.
Акнун ба тиловати оёти 27 ва 28 аз сураи “Аҳқоф” гӯш месупорем:
27
«وَلَقَدْ أَهْلَکْنَا مَا حَوْلَکُم مِّنَ الْقُرَى وَصَرَّفْنَا الْآیَاتِ لَعَلَّهُمْ یَرْجِعُونَ»،
«Ва бегумон ободиҳоеро, ки дар атрофи шумо буд, нобуд кардем ва оёти худро ба суратҳои гуногун баён кардем, то шояд бозгарданд.
28
«فَلَوْلَا نَصَرَهُمُ الَّذِینَ اتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّـهِ قُرْبَانًا آلِهَةً بَلْ ضَلُّوا عَنْهُمْ وَذَلِکَ إِفْکُهُمْ وَمَا کَانُوا یَفْتَرُونَ»
Пас чаро маъбудоне, ки ба ҷои Худо барои тақарруб баргузида буданд, онҳоро ёрӣ накарданд? Балки аз назди онон маҳв ва нопадид шуданд ва ин буд [саранҷоми] дурӯғи онон ва он чӣ ба дурӯғ мебофтанд».
Ба дунболи ояи қабл, ки ҳалокати қавми Одро баён мекард, ин оя мефармояд: На фақат қавми Од, балки ақвоми дигареро, ки дар атрофи шумо аҳли Макка зиндагӣ мекарданд, ҳангоме, ки дар баробари ҳақ истоданд, ба ҳалокат расондем, монанди қавми Самуд дар шимоли Ҷазиратуъараб ва қавми Сабо дар ҷануби он.
Барои ҳар кадом аз он ақвом низ мутаносиб бо дарку фаҳмашон, оёту нишонаҳои худро нозил кардем, то ҳуҷҷат бар онҳо тамом шаваду узру баҳонае барои дунболаравӣ аз ширк ва куфр надошта бошанд. Аммо онон ба суроғи худоён ва маъбудҳои сохтагӣ рафтанд ва чунин пиндоштанд, ки онҳо мояи наҷоту саодаташон хоҳад буд. Дар ҳоле, ки ҳангоми нузули азоб, ҳеч кадом аз маъбудҳо тавони ёрии онҳоро надоштанд, балки ҳатто наметавонистанд худашонро низ аз кайфари илоҳӣ ҳифз кунанд, аз ин рӯ аз миён рафтанду асаре аз онҳо боқӣ намонд.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Яке аз шеваҳои тарбиятии Қуръони карим, даъвати мардум ба мутолиаи таърихи гузаштагону ибратомӯзӣ аз сарнавишти онҳост.
2. Худованд асбоби ҳидояти башару бозгашти ӯ ба фитрати илоҳиро фароҳам сохтааст. Муҳим хости инсон барои бозгашт аз масири инҳирофӣ аст.
3. Афкори бидъатомез, хурофӣ ва муҳум боис мешавад мардум ашёеро, ки ҳеҷ хосияту асаре бар онҳо муртабит нест, мояи тақарруби худ ба Худо бидонанд.
Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо ёру нигаҳдор.