Қисмати 945 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 1-4
Қисмати 945 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 1-4
بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худо
(1)
«إِنَّا فَتَحْنا لَکَ فَتْحاً مُبِینًا»
»Ҳар ойина, Мо барои ту пирӯзии намоёнеро ҳукм кардем. «
(2)
«لِیَغْفِرَ لَکَ اللَّهُ ما تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ ما تَأَخَّرَ وَ یُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَیْکَ وَ یَهْدِیَکَ صِراطاً مُسْتَقِیماً»
»То Худо гуноҳи туро, ончӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту биёмурзад ва неъмати худро бар ту тамом кунад ва туро ба сироти мустақим роҳ намояд. «
(3)
«وَ یَنْصُرَکَ اللَّهُ نَصْراً عَزِیزاً»
»Ва Худо ёриат кунад, ёрӣ кардани пирӯзмандона.
Ин оёт, ки пас аз сулҳи Ҳудайбия нозил шуд, онро муқаддимаи як пирӯзии муҳим дар оянда хонд. Зеро қабл аз он, мушрикон танҳо ба нобудии мусулмонон меандишиданду ҷойгоҳе барои онон қоил набуданд, аммо аз натоиҷи қарордоди сулҳи Ҳудайбия ин буд, ки мусулмонон ба расмият шинохта шуданд ва бо фатҳи Макка дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, ба пирӯзии қотеъ бар мушрикон даст ёфтанд.
Бо зуҳури Паёмбари ислом, суннатҳои нодурусту хурофоти ҷоҳили зери савол рафт. Барпояи омӯзаҳои ислом, низоми табақоти иҷтимоӣ зери по гузошта шуду ҳамаи инсонҳо аз ҳар қавму нажоду қабила, бандаи Худо ва бародари якдигар шумурда шуданд. Албатта муборизаи қотеъи Паёмбар бо бутпарастӣ ва суннатҳои ҷоҳилӣ, барои сарони мушрикон бисёр нохушоянд буд ва мавзӯъе набуд, ки ба содагӣ аз канори он бигузаранд. Ба ҳамин лиҳоз онҳо Паёмбари исломро аз бобати решакании арзишҳо ва суннатҳои ғалати ҷоҳилӣ ва эҷоди дигаргунии бунёдин дар ҷомеъа гуноҳкор мешинохтанд.
Ба таври хулоса метавон гуфт, ки аз дастовардҳои муҳими сулҳи Ҳудайбия ва ба дунболи он, фатҳи Макка, ин буд, ки суннатҳои нодурусти ҷоҳилӣ аз байн рафт. Расули Худо низоми исломиро бар Макка ва Мадина ҳоким сохт, низоъҳои қабилагӣ аз байн рафту руҳияи ухуввату бародарӣ миёни ҳамаи ҷомеъа барқарор шуд.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Тадбиру тасмимгирӣ бар асоси воқеиятҳои мавҷӯд, заминаро барои муваффақият фароҳам месозад. Пирӯзӣ бар душманон ҳамеша дар сояи ҷанг ва ҷиҳод нест; гоҳе сулҳу оштӣ низ, заминаи пирӯзӣ бар душманонро фароҳам мекунад.
2. Агар мо ба дунболи анҷоми вазифа бошем ва аз паёмадҳои он наҳаросем, Худованд худ умурро ба гӯнае тақдир мекунад, ки он паёмадҳо аз байн рафта ва натиҷаи мавриди назар ҳосил гардад.
3. Тасмимҳои Паёмбар барои сулҳ ё ҷанг бо душманон, бо ҳидояту раҳнамуди Худованд сурат мегирад ва он ҳазрат бар асоси ҳаво ва ҳаваси шахсӣ иқдом намекунад.
(4)
«هُوَ الَّذِی أَنْزَلَ السَّکِینَةَ فِی قُلُوبِ الْمُؤْمِنِینَ لِیَزْدادُوا إِیماناً مَعَ إِیمانِهِمْ وَ لِلَّهِ جُنُودُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ کانَ اللَّهُ عَلِیماً حَکِیماً»
»Ӯст, ки ба дилҳои мӯъминон оромиш фиристод, то бар имонашон пайваста бияфзояд. Ва аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо донову ҳаким аст! «
Дар моҷарои сулҳи Ҳудайбия, аксари мусулмонон ба хотири инки муваффақ ба ҳузур дар Макка ва анҷоми маносики умра нашуданд, эҳсоси шикаст карда ва нороҳат ва ғамгин буданд. Аммо нузули ин сӯра ва бишорати пирӯзии мусулмонон дар оянда, ба онон оромиш бахшиду муҷиби тақвияти имони онон ба суханони расули Худо ва ваъдаҳои илоҳӣ шуд.
Табиӣ аст касе, ки ҷаҳонро таҳти тадбири илоҳӣ медонаду ҳамаи падидаҳои табиӣ дар осмону заминро ба манзалаи лашкарёни Худо мепиндорад, ҳечгоҳ эҳсоси шикаст намекунад ва аз қудрату ҳайбати душманон ҳаросе ба дил роҳ намедиҳад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Яке аз алтофи илоҳӣ ба муъминон ин аст, ки оромишро бар қалбҳои онон ворид мекунад, чунонки яке аз кайфарҳои кофирон, илқои тарс бар дили онон аст.
2. Имон, дараҷоте дорад ва ҳамвора дар маърази кам ё зиёд шудан аст. Дар ҳақиқат вуқуъи ҳаводису мушкилоти гӯногун, озмӯне барои санҷиши имони афрод аст.
3. Таваҷҷуҳ ба қудрат, илму ҳикмати илоҳӣ ва инки ҳамаи падидаҳои табиӣ таҳти ҳокимияту фармони Худованд ҳастанд, ба аҳли имон оромиши дарунӣ мебахшад.