Қисмати 946 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 5-9
Қисмати 946 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 5-9
Ба номи Худо
(5)
«لِیُدْخِلَ الْمُؤْمِنِینَ وَ الْمُؤْمِناتِ جَنَّاتٍ تَجْرِی مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهارُ خالِدِینَ فِیها وَ یُکَفِّرَ عَنْهُمْ سَیِّئاتِهِمْ وَ کانَ ذلِکَ عِنْدَ اللَّهِ فَوْزاً عَظِیماً»
»Ва то мардону занони мӯъминонро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва дар онҷо ҷовидонанд ва гуноҳҳояшонро нест кунанд. Ва ин дар назди Худо комёбии бузургест! «
Дар барномаи қабл аз паймони сулҳи Ҳудайбия миёни Паёмбари ислому мушрикони Макка сухан гуфта шуд, ки Худованд онро башорате барои пирӯзии мусулмонон дар оянда муаррифӣ кард ва ба онон, ки нигарон ва нороҳат буданд, оромиш бахшид.
Ин оя мефармояд: онон, ки дар ҳама ҳол ёру ҳамроҳи расули Худо ва мутеъи ӯ ҳастанд, афзун бар оромиши дунявӣ, Худованд охирати ононро низ тазмин карда аст; аз хатоҳои онон дар мегузарад то дар биҳишти ҷовдон ҷо гиранд ва аз неъматҳои бепоёни илоҳӣ баҳраманд шаванд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Гарчӣ занон дар бархе арсаҳои сахту душвор монанди ҷангу ҷиҳод ҳузури мустақим надоранд, аммо агар ёру ҳамроҳу ҳамфикри ҳамсарону фарзандони размандаи худ буда ва аз ҳузури онон дар ҷабҳа ва ҷиҳод розӣ бошанд, дар подоши онон шариканд.
2. Маънои имон ин нест, ки ҳеҷ хато ва лағзише аз аҳли имон сар намезанад. Аммо корҳои неки аҳли имон муҷиб мешавад, ки Худованд аз лағзишҳои онҳо чашмпушӣ кунаду ононро машмули раҳмату мағфирати худ қарор диҳад.
3. Саодату растгории бузургу воқеӣ он аст, ки инсон ҳам дар дунё ва ҳам дар охират саодатманд бошад, вагарна хеле аз кофарон дар дунё аз неъматҳои моддӣ баҳраманданд.
(6)
«وَ یُعَذِّبَ الْمُنافِقِینَ وَ الْمُنافِقاتِ وَ الْمُشْرِکِینَ وَ الْمُشْرِکاتِ الظَّانِّینَ بِاللَّهِ ظَنَّ السَّوْءِ عَلَیْهِمْ دائِرَةُ السَّوْءِ وَ غَضِبَ اللَّهُ عَلَیْهِمْ وَ لَعَنَهُمْ وَ أَعَدَّ لَهُمْ جَهَنَّمَ وَ ساءَتْ مَصِیراً»
»Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки бар Худо бадгумонанд, азоб кунад. Бар гирдашон бадӣ ҳалқа занад ва Худо бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам бад саранҷомест! «
(7)
«وَ لِلَّهِ جُنُودُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ کانَ اللَّهُ عَزِیزاً حَکِیماً»
» Аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо пирӯзманду ҳаким аст! «
Дар ҳангоми ҳаракати Паёмбари ислому мусулмонон аз Мадина ба сӯи Макка, мунофиқон, ки ба ёрӣ кардани Худо бадгумон буданд, мегуфтанд: мусулмонон солим ба Мадина боз намегарданду тавассути мушрикон асир ё кушта мешаванд. Мушрикони Макка низ қасди муқобила бо мусулмононро доштанд, ки бо тадбири Паёмбару ақди паймони сулҳ бо мушрикон, ин хатар бартараф шуд.
Ин оёт мефармояд: Мунофиқони Мадина ва мушрикони Макка, ки барои мусулмонон сарнавишти баде пешбинӣ мекарданд, худашон гирифтори сарнавишти бад мешаванд ва дар дунё ва охират, мавриди ғазабу азоби илоҳӣ қарор мегиранд.
Онон, ки ба Худо ва қудрату ҳикмати илоҳӣ такя карда ва пой дар майдон мегузоранд, машмули лутфу инояти илоҳӣ мешаванду саранҷом пирӯзиро ба даст меоваранд. Аммо онон, ки аз рӯи тарс дар хона менишинанд ва дигаронро аз ҳайбати душманон метарсонанду муҷиби тазъифи руҳияи мардум мешаванд, саранҷом ба сарнавишти бад гирифтор мешаванд. Дар воқеъ чунин афроде дунё ва охирати худро табоҳ месозанд.
Ҷолиб аст, ки дар ин оёт, занони муъмин дар канори мардони муъмин ва занони мушрику мунофиқ дар канори мардони онҳо омадааст, то нақши муҳими занон дар умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва таъсиргузории онҳо бар мардонро ёдовар шавад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Бадгумонӣ ба ваъдаҳои илоҳӣ, вижагии мунофиқон ва мушрикон аст, на муъминони воқеӣ, ки таҳаққуқи он ваъдаҳоро бовар доранд.
2. Мунофиқону мушрикон дар шайтанату инҳироф, ҳамфикр ва ҳамроҳи якдигаранд. Ба ҳамин лиҳоз дар ин оёт, сарнавишти мунофиқон дар канори мушрикон омадааст; гарчӣ афроди нифоқпеша дар миёни муъминон зиндагӣ карда ва дар зоҳир мусулмон маҳсуб мешаванд.
3. Занон дар касби фазоил ё разоили ахлоқӣ дар канори мардон ҳастанд ва монанди онҳо дар сарнавишти худ ва ҷомеъа таъсиргузоранд.
4. Тамоми ашёъ ва падидаҳои олами ҳастӣ, таҳти тадбир ва фармони Парвардигоранд ва ҳар касе дар баробари Худованд биистад, саранҷоме ҷуз шикаст нахоҳад дошт.
(8)
«إِنَّا أَرْسَلْناکَ شاهِداً وَ مُبَشِّراً وَ نَذِیراً»
»Ҳар ойна, Туро гувоҳидиҳандаву муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристодаем. «
(9)
«لِتُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ وَ تُعَزِّرُوهُ وَ تُوَقِّرُوهُ وَ تُسَبِّحُوهُ بُکْرَةً وَ أَصِیلا»
»То ба Худо ва паёмбараш имон биёваред ва ёриаш кунеду бузургаш доред ва Худоро субҳгоҳ ва шомгоҳ тасбеҳ гӯед. «
Дар идомаи оёти қабл, ин оёт бар ҷойгоҳи Паёмбар дар миёни мардум таъкид карда ва мефармояд: Ӯ бар ончӣ дар ҷомеъа мегузарад, шоҳид ва нозир аст ва чизе аз ӯ махфӣ намемонад, гарчӣ мумкин аст ончиро медонад, изҳор ва ифшо накунад.
Ӯ мардумро ба анҷоми некиҳо ва дурӣ аз зиштиҳо даъват мекунаду дар мавриди анҷоми хубиҳо башорат ва дар хусуси иртикоби бадиҳо ҳушдор медиҳад.
Пас интизор меравад, ки аҳли имон сухани ӯро бипазиранд; дар амал низ ёру ҳамроҳи ӯ бошанду ҷойгоҳи ӯро дар ҷомеъа бузург бишуморанд то мунофиқони дохилӣ ва душманони хориҷӣ ҷуръати осеб расондан ба ӯро надошта бошанд.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Барои ҳидояту тарбияти афрод, бояд байни башорат додану ҳушдор додан таъодул барқарор бошад, то мухотаб на мағрур шавад ва на маъюс
2. Касоне, ки масъӯлияти таблиғи динро дар ҷомеъа бар ӯҳда доранд, бояд аз ҷиҳати рафтору, кирдор улгӯи соири мардум бошанд ва худи онҳо низ аз ончӣ дар ҷомеъа мегузарад, огоҳ бошанд.
3. Лозимаи имон ба Худо, ҳимояту ҳаросат аз ҳарими дин ва Паёмбари Худост. Бояд он ҳазрат мавриди такрим қарор гираду ҷойгоҳаш дар ҷомеъа бузург шумурда шавад.
4. Инсони муъмин, дар канори фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ҳузур дар майдони амал, дар ҳар субҳу шом, дар намозу ғайри он, Худоро ёд мекунад ва аз ин тариқ иртиботи худро бо Худованд мустаҳкам месозад.