Август 11, 2021 13:31 Asia/Dushanbe

Қисмати 947 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 10-13

                                                            Ба номи Худо

(10)

 
«إِنَّ الَّذِینَ یُبایِعُونَکَ إِنَّما یُبایِعُونَ اللَّهَ یَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَیْدِیهِمْ فَمَنْ نَکَثَ فَإِنَّما یَنْکُثُ عَلى‏ نَفْسِهِ وَ مَنْ أَوْفى‏ بِما عاهَدَ عَلَیْهُ اللَّهَ فَسَیُؤْتِیهِ أَجْراً عَظِیماً»

 

»Ҳар ойна, онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, албатта, бар зиёни худ шикаста аст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо баста аст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад. «


Дар барномаҳои қабл ба сулҳи Ҳудайбия миёни Паёмбари ислому мушрикони Макка ишора шуд. Пеш аз барқарории сулҳ, Паёмбари Акрам(с) яке аз ёрони худро ба сӯи мушрикон фиристод то ба онҳо иттилоъ диҳад мусулмонон барои зиёрати Хонаи Худо озими Макка шудаанду қасди низоъ ва даргирӣ надоранд. Мушрикон ёри паёмбарро муваққатан боздошт карданд. Ҳамин амр сабаб шуд, ки дар миёни мусулмонон шубҳа шавад намояндаи Паёмбар кушта шудааст. Паёмбар ёрони худро гирд овард ва аз онҳо паймон гирифт, ки дар сӯрати дуруст будани ин хабар, ба ҷои бозгашт ба Мадина, бо мушрикон пайкор кунанд.
Вақте хабари ин байъат ба мушрикон расид, намояндаи Паёмбарро озод карданд ва ба ҷои ҷанг бо мусулмонон, ба сулҳ бо онҳо ризоят доданд. Аз ин рӯ, моҷарои байъати мусулмонон бо Паёмбар дар таърихи ислом ҷойгоҳи муҳимме дорад ва дар оёти дигари Қуръон, Худованд хушнудии худро аз мусулмонон ба хотири ин паймон эълом кардааст.
Дар ин оя низ мефармояд: Байъат бо Паёмбар ба манзалаи байъат бо Худост ва ҳамонтавр, ки дар ҷараёни байъат, ду тараф, даст дар дасти якдигар қарор медиҳанд, гуё байъаткунандагон бо Паёмбар, дасти худро дар дасти Худо гузоштаанд, ки болои ҳамаи дастҳост.
Равшан аст, касе, ки бо Худо паймон баста, ки динашро ёрӣ кунад, аз ӯ интизор намеравад, ки паймоншиканӣ кунад. Албатта агар чунин кунад, ба имони худ осиб расонда аст.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Лозимаи имон ба Худо, ёрии дин ӯ ва вафодорӣ ба пешвоёни динӣ дар баробари тавтеъаҳо ва найрангҳои душманон аст.
2. Дасти раҳмати Парвардигор бар сари касоне аст, ки дини Худоро ёрӣ кунанд ва дар ин роҳ побарҷо бимонанд.
3. Риояи аҳду паймон, нишонаи диндорӣ ва шикастани паймон, дар ҳақиқат худшиканӣ аст.


(11)

 

«سَیَقُولُ لَکَ الْمُخَلَّفُونَ مِنَ الْأَعْرابِ شَغَلَتْنا أَمْوالُنا وَ أَهْلُونا فَاسْتَغْفِرْ لَنا یَقُولُونَ بِأَلْسِنَتِهِمْ ما لَیْسَ فِی قُلُوبِهِمْ قُلْ فَمَنْ یَمْلِکُ لَکُمْ مِنَ اللَّهِ شَیْئاً إِنْ أَرادَ بِکُمْ ضَرًّا أَوْ أَرادَ بِکُمْ نَفْعاً بَلْ کانَ اللَّهُ بِما تَعْمَلُونَ خَبِیرا»     

  

»Аз аъроби бодиянишин онон, ки аз ҷанг қафокашӣ карданд, ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву касони мо моро аз ҷанг боздоштаанд, пас барои мо омурзиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯянд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Агар Худо бароятон зиёне бихоҳад ё суде бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Худо онро дигаргун кунад?» Балки ӯст, ки ба корҳоятон огоҳ аст! «


Ҳангоми ҳаракати мусулмонон аз Мадина ба сӯи Макка, Паёмбари ислом фармон дод мусулмононе, ки дар қабоили атрофи Мадина зиндагӣ мекарданд, ба онон мулҳақ шаванд; аммо гуруҳҳое аз онҳо аз тарси даргир шудан бо мушрикони Макка, аз ҳамроҳии Паёмбар тахаллуф карданд.
Ҳангоме, ки мусулмонон ба Мадина бозгаштанд, касоне, ки Паёмбарро ҳамроҳӣ накарданд, барои тавҷеҳи тахаллуфи худ, хизмати Паёмбар омаданду иштиғол ба умури зиндагиро баҳона қарор доданд. Аммо оёти Қуръон нозил шуд ва онҳоро расво сохт, ки ончи онон бар забон меоваранд, бо ончӣ дар дил доранд, мутафовит аст.
Идомаи оя бар ин нуктаи муҳим таъкид мекунад, ки фирор аз ҷиҳод, зомини бақои зиндагӣ нест. Чӣ бисёр касоне, ки ба ҷабҳа мераванду солим боз мегирданд ва чӣ басои касоне, ки дар хона мемонанду ҷони худро аз даст медиҳанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Яке аз авомили муассир дар тахаллуф аз анҷоми вазоифи иҷтимоӣ, заъфи динии мардуму поин будани сатҳи фарҳангии онҳост. Лизо раҳбарони оянданигар бояд дар тасмимгириҳои муҳими худ ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд.
2.Вобастагии беш аз ҳад ба дунё, иддаеро аз ҳузур дар ҷабҳа ва ҷиҳод дар роҳи Худо боз медорад.
3. Дуо ва шафоати Расули Худо дар ҳақи хатокорон, мавриди пазириши даргоҳи Худованд аст.
4. Дифоъ аз дини Худо ва пешвоёни дин лозим ва воҷиб аст, гарчӣ мутаҳаммили зарар ва зиён шавем.


(12)

 «بَلْ ظَنَنْتُمْ أَنْ لَنْ یَنْقَلِبَ الرَّسُولُ وَ الْمُؤْمِنُونَ إِلى‏ أَهْلِیهِمْ أَبَداً وَ زُیِّنَ ذلِکَ فِی قُلُوبِکُمْ وَ ظَنَنْتُمْ ظَنَّ السَّوْءِ وَ کُنْتُمْ قَوْماً بُورا»

 

»Оё мепиндоштед,  ки Паёмбар ва мӯъминон ҳаргиз назди касонашон боз нахоҳанд гашт ва дил ба ин хуш карда будед. Пиндори баде доштаед ва мардуме сазовори ҳалокат будаед. «

 

(13)

«وَ مَنْ لَمْ یُؤْمِنْ بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ فَإِنَّا أَعْتَدْنا لِلْکافِرِینَ سَعِیراً»     

 

» Ва ҳар кас ба Худову паёмбараш имон наёварда аст, бидонад, ки ҳар ойна, барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем. «


Дар идомаи оёт қабл, ин оёт ба решаи тахаллуфи иддае аз мардум аз ҳамроҳии Паёмбару мусулмонон ишора карда ва мефармояд: далели воқеии касоне, ки тахаллуф карданд, иштиғолу саргармӣ ба умури молӣ ва зиндагии хонаводагӣ набуд, балки пиндори нодурусте буд, ки бар асари бадгумонӣ ба ваъдаҳои илоҳӣ дар онҳо эҷод шуда буд. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки мусулмонон аз ин сафар ба саломат боз намегарданд, лизо онҳоро ҳамроҳӣ накарданд. Онҳо гумон карданд Худованд паёмбарашро дар ин сафар раҳо карда ва ӯро ба дасти душманон месипорад, лизо далиле надорад, ки ҷони худро ба хатар бияндозанд. Ҳамин пиндори нодуруст онҳоро аз ҳамроҳии Паёмбару таҷдиди байъат бо он ҳазрат маҳрум карду омили бадбахтии онҳо шуд. Зеро ин кор нишонаи сустии имон ва чӣ басо куфр ба Худо ва расули Ӯст, ки барои паймоншиканон кайфари сахтеро ба дунбол дорад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Дар баробари фаромини Худованду раҳбарони илоҳӣ, танҳо бар асоси муҳосиботи дунявӣ тасмим нагирем, балки бо таваккул бар Худо иқдом кунем ва аз ҳеҷ чизе наҳаросем.
2. Бадгумонӣ ба бандагони Худо гуноҳи кабира аст, чӣ расад бадгумонӣ ба Худо ва ваъдаҳои Ӯ.
3. Гоҳе бадгумонӣ ва афкори инҳирофӣ чунон дар инсон асар мегузорад, ки ӯро ба сӯи нофармонии Худо суқ медиҳад.
4. Вобастагии беш аз ҳад ба хонавода, набояд монеъи анҷоми вазоифи динӣ шавад, чаро ки дар ин сӯрат, муҷиби бадбахтӣ ва ҳалокати инсон хоҳад шуд.