Август 12, 2021 13:36 Asia/Dushanbe

Қисмати 948 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 14-16

 

 (14)

«وَ لِلَّهِ مُلْکُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ یَغْفِرُ لِمَنْ یَشاءُ وَ یُعَذِّبُ مَنْ یَشاءُ وَ کانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِیماً»  

»Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост; ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст. «

 

Дар барномаи қабл сухан аз мунофиқоне буд, ки дар ботин кофиранд, вале дар зоҳир худро мусалмон нишон медиҳанд.

Ин оят мефармояд: Албата Худованд бахшанда ва меҳрубон аст ва ҳар ки тавба кунад ва кирдори гузаштаи хеш пушаймон шавад, машмули омурзиши ӯ мешавад. Аммо онон, ки бар роҳи нодурусти худ пофишори кунанд ва дар баробари ҳақ, иноб ва лаҷоҷат варзанд, дар воқеъ худро аз раҳмати Илоҳи маҳрум сохтаанд ва ба кайфари корҳои нодурусти худ хоҳанд расид.

Ин оят бар ҳокимияти мутлақи Худованд бар олами ҳастии таъкид мекунад ва ҳеҷ кас напиндорад метавонад аз таҳти ҳукумат ва фармонравоӣ Худованд хориҷ шавад ва ё бар иродаи ӯ фоиқ ояд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Лутф ва раҳмати илоҳи бар қаҳру ғазаби ӯ ғалаба дорад. То вақте, ки бо корҳои хеш, қобилияти дарёфти раҳмати илоҳиро аз худ салб накунад, машмули раҳмати Худованд хоҳад буд.
  2. Барои растагор шудани инсон, тарс ва умед дар канори ҳам лозим аст. Ба ҳамин лиҳоз дар низоми тарбияти илоҳи, инсонҳо бояд дар ҳолати байни хавф ва риҷо бошанд то на маъюс шаванд ва на мағрур гарданд, балки ба раҳмати илоҳи умедвор ва аз ғазаби ӯ дар хавф ва ҳарос бошанд.

 

 (15)

«سَیَقُولُ الْمُخَلَّفُونَ إِذَا انْطَلَقْتُمْ إِلى‏ مَغانِمَ لِتَأْخُذُوها ذَرُونا نَتَّبِعْکُمْ یُرِیدُونَ أَنْ یُبَدِّلُوا کَلامَ اللَّهِ قُلْ لَنْ تَتَّبِعُونا کَذلِکُمْ قالَ اللَّهُ مِنْ قَبْلُ فَسَیَقُولُونَ بَلْ تَحْسُدُونَنا بَلْ کانُوا لا یَفْقَهُونَ إِلَّا قَلِیلًا»

 

»Ба зудӣ бозмондагон –ҳангоме, ки ба сӯи ғаниматҳо ба роҳ афтодед, то онҳоро бигиред- мегӯянд: »Моро раҳо кунед, то ба дунболи шумо биёем«, мехоҳанд каломи Худоро дигаргун созанд; бигӯ: »Ҳаргиз ба дунболи мо наёед, ингуна Худо аз пеш фармудааст«. Пас, ба зудӣ мегӯянд: »Балки ба мо ҳасад мебаред«; балки ҷуз андаке намефаҳманд.«

 

Яке аз вижагиҳои мунофиқон фурсатталаби аст. Онон ба ҳангоми хатар ба баҳонаҳои мухталиф худро канор мекашанд ва аз зери бори масъулият шона холи мекунанд, аммо ҳарҷо эҳсос кунанд, ки ҳузурашон манофеъи барои онҳо дорад, ҳузур меёбанд.

Дар роҳи бозгашт аз ҳудайба, Худованд башорати фатҳи Хайбарро ба Паёмбар дод ва мутахалифони аз ҳудайбаро аз ҳузур дар ҷангӣ Хайбар маҳрум сохт. Аммо ҳангоми ҳаракати мусалмонон ба сӯи Хайбар, ин гуруҳ ба баҳонаҳои ҷуброни кутоҳии худ, аз Паёмбар хостанд, ки ҳамроҳи дигар мусалмонон ба сӯи Хайбар ҳаракат кунанд то аз ғаниматҳои он баҳраманд шаванд.

Аммо Паёмбар фармони Худоро бар онон хонд ва онҳоро аз ҳузур дар Хайбар маҳрум сохт.

Ҷолиб аст, ки ин гуруҳи фурсатталаб ба ҷои муқасир донистани худ, дигаронро муқасир дониста ва гуфтанд: Онҳо аз рӯи ҳасодат намехоҳанд мо дар ин ҷиҳод ширкат кунем ва мехоҳанд ҳамаи ғаниматҳо насиби худашон шавад.

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Онон, ки ба ҳангоми хатар ва сахти, вазоифи иҷтимоъии худро тарк мекунанд, бояд аз бахше аз имконот ва рифоҳиёти ҷомеъа маҳрум шаванд то замини рушди фурсатталабон дар иҷтимоъ фароҳам нашавад.
  2. Ҳамаи Мусалмонон муддаъи эмон ва пайрави аз дастуроти Худованд ҳастанд. Аммо муъминони ҳақиқӣ ва мунофиқон дар ҳодисаҳои сахт ва кубанда аз ҳам шинохта мешаванд.
  3. Аз туҳматҳо ва ифтироҳои мунофиқон наҳаросед, ки онҳо барои табрааи худ аз тахалуфоте, ки анҷом доданд, муъминонро мутаҳам мекунанд.

 

 

(16)

«قُلْ لِلْمُخَلَّفِینَ مِنَ الْأَعْرابِ سَتُدْعَوْنَ إِلى‏ قَوْمٍ أُولِی بَأْسٍ شَدِیدٍ تُقاتِلُونَهُمْ أَوْ یُسْلِمُونَ فَإِنْ تُطِیعُوا یُؤْتِکُمُ اللَّهُ أَجْراً حَسَناً وَ إِنْ تَتَوَلَّوْا کَما تَوَلَّیْتُمْ مِنْ قَبْلُ یُعَذِّبْکُمْ عَذاباً أَلِیماً»

»Ба бозмондагони аз бодиянишинон бигӯ: »Ба зудӣ ба сӯи қавме бисёр ҷанговар хонда мешавед, ки бо онҳо биҷангед ё ислом биёваранд; ва агар итоат кунед, Худо подоши нек ба шумо медиҳад; ва агар рӯӣ гардонед, ҳамчунон ки пеш аз ин рӯӣ гардонидед, шуморо ба азоби дардноке азоб мекунад. «

 

Дар идомаи ояти қабл, ки дархости мунофиқон барои ҳузур дар Хайбарро рад кард, ин оят мефармояд: Агар дар ҳақиқат аз кутоҳии гузаштаи худ пушаймон шудаед, метавонед садоқати худро дар майдони сахте, ки дар пеш аст, нишон диҳед ва Худованд ин роҳро барои шумо боз гузошта аст, то аз гузашта шуморо даргузарад.

Албата дар он ҷанг, интизори ғаниматҳои моди надошта бошед ва ба умеди касби ғаниматҳо по дар майдони набард нагузоред. Бо ин ҳол, машмули подоши илоҳи хоҳед шуд, ки шомили ҳоли размандагони роҳи ҳақ мешавад. Аммо агар дар он майдон низ тахалуф кунед ва аз фармони Худо ва Расулаш сарпечи кунед, азоби сахт дар интизори шумо аст.

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Дар низоми иҷтимоъи, роҳи бозгашт ва ҷубронро барои мутахалифон боз бигзорем ва ононро барои ҳамеша қатъи иртибот накунем.
  2. Ҳеҷгоҳ душманонро дастикам нагирем ва пирузиҳои гузаштаро, далили пируз шудан дар набардҳои оянда надонем чаро, ки мумкин аст душман низ худро таҷҳиз ва тақвият кунад ва қудратмандтар аз гузашта дар майдон ҳозир шавад.
  3. Қудрат ва тавони дифоъии мусалмонон бояд бо ҳади бошад, ки душманро водор ба таслим ва пазириши шикаст кунад.
  4. Ҳадаф аз ҳузур дар ҷиҳод, анҷоми фармони Худо ва Расулаш аст, на кишваркушои ва султаҷӯи бар дигарон лизо муҷоҳидони ҳақиқи дар пайи хушнудии Худованд ва дури аз қаҳру ғазаби у ҳастанд.