Август 15, 2021 13:49 Asia/Dushanbe

Қисмати 950 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 22-25

 

(22)

«وَ لَوْ قاتَلَکُمُ الَّذِینَ کَفَرُوا لَوَلَّوُا الْأَدْبارَ ثُمَّ لا یَجِدُونَ وَلِیًّا وَ لا نَصِیراً»، «سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِی قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلُ وَ لَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِیلًا»

»Агар касоне, ки куфр варзиданд бо шумо меҷанганд, ҳатман бо пушт кардан рӯӣ намегардониданд; сипас ҳеҷ сарпараст ва ёваре намеёфтанд. «

 

Дар барномаҳои қабл сухан аз қарордори сулҳи ҳудайбия буд, ки дар минтақаи наздики Макка, байни Паёмбар ва сарони мушкрикони Макка мунъақид мунъақид шуд, теъдоди аз афрод, Паёмбар ва мусалмононро мавриди таҳқир қарор медоданд ва мегӯфтанд шумо аз рӯи заъф ва нотавонӣ ба чунин сулҳ тан додед ва агар ҷанг воқеъ мешуд шикаст мехурдед. Ин Оятҳо дарпосухи онҳо ба мусалмонон руҳия медиҳад ва таъкид мекунад, ки чунин сухане бепоя ва нодуруст аст. Усулан ҳаргоҳ аҳли имон ба дур аз мақсадҳои моди ва ихтилоф ва парокандагӣ, фақат барои хушнудии Худованд вориди майдони мубориза шаванд ва гуш ба фармони Расули Худо бошанд, сунати Худованд бар ёрии онон дар баробари душманон аст. Чунон чи дар ҷангҳои Бадр ва Аҳзоб ин мавзуъ ба таҷруба собит шуд ва бо ёри ва нусрати Худованд, гуруҳи андаки муъминон бар гуруҳи бисёри мушрикон ғалаба ёфтанд.

 

Аз ин Оятҳо меомузем:

  1. Касе, ки Худоро инкор мекунад, дар ҳақиқат худро аз ёри ва сарпарастии Худованд дар зиндагӣ маҳрум сохта аст.
  2. Пирузии ҳақ ба ботил ва ёрии муъминон бар кофирон, аз сунатҳои қатъии Худованд аст.
  3. Қонунҳои Илоҳи ҷомеъ ва фаротар аз замону макон аст, лизо дар тули замон куҳна ва нокоромад намешавад.

 

 (23)

 

«سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِی قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلُ وَ لَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِیلًا»

» ]Ин[ Суннати Худост, ки пеш аз ин гузашт; ва ҳаргиз барои суннати Худо тағйире намеёбӣ. "

 

 

(24)

«وَهُوَ الَّذِی کَفَّ أَیْدِیَهُمْ عَنْکُمْ وَ أَیْدِیَکُمْ عَنْهُمْ بِبَطْنِ مَکَّةَ مِنْ بَعْدِ أَنْ أَظْفَرَکُمْ عَلَیْهِمْ وَ کانَ اللَّهُ بِما تَعْمَلُونَ بَصِیرا»

»Ва ӯ зостест, ки дастонашро аз шумо ва дастҳои шуморо аз онҳо дар даруни Макка боз дошт, баъд аз он ки шуморо бар онҳо пирӯз гардонид; ва Худо нисбат ба он чи анҷом медиҳад, биност."

 

Дар идомаи ояти қабл, ин оятҳо ба ду нуктаи муҳим дар моҷарои сулҳи Ҳудайбия ишора мекунад. Яке  он ки ин сулҳ дар ҳақиқат пирӯзи шумо бар онон буд, ки бедуни ҷанг ва хунрези ба даст омад, зеро бо он ки шумо дар сарзамини онҳо ҳузур доштед ва мушрикон метавонистанд шуморо аз байн бибаранд, аммо пас аз байъати шумо бо Паёмбар, чунон тарсу ваҳшат бар дили онҳо соя афканд, ки худашон пешниҳоди сулҳ доданд.

Нуктаи дуввум он ки дар шаҳри Макка, бархе мусалмононе, ки ба далилҳое ба Мадина муҳоҷират накарда буданд, зиндагӣ мекарданд.

Агар Худованд фармони ҳамла ба шаҳри Маккаро содир мекард, онон низ дар маърази хатар буданд, зеро шумо онҳоро намешинохтед ва бо онҳо даргир мешудед. Дар ин сурат ин нанг барои шумо боқи мемонд, ки ҳамдинҳои худро дар Макка мавриди ҳуҷум қарор дода ё ба қатл расонидаед.

 

Аз ин Оятҳо меомӯзем:

  1. Гоҳе сулҳ нишонаи пирӯзи аст, албата ин дар мавориде аст, ки маслиҳати ҷомеъаи исломӣ тавассути раҳбарони огоҳ ва бо имон, ингуна ташхисдода шавад.
  2. Ҳар гоҳ душманон даст аз ҷанг кашиданд, мо набояд оғозгари ҷанг ва даргирии бо онҳо бошем.
  3. Макка махсуси сокинони ин шаҳр нест ва ҳеҷкас наметавонад монеъи вуруди зоирони хонаи Худо ба ин шаҳр шавад.
  4. Дар ҳангоми ҷанг, бояд то ҷое, ки мумкин аст аз кушта шудани бегуноҳон пешгири кард ва наметавон барои ғалаба бар душман, бе ҳисобу китоб даст ба ҳар коре зад.
  5. Бояд муроқиб буд ва баҳона ба дасти душман надод, зарури аст аз ҳаргуна иқдоме, ки сабаби нанг ва бадномии мусалмонон аст ва чеҳраи онҳоро дар ҷомеъа хадшадор (бад) мекунад, дури кард.

 

 

 

 

 (25)

«هُمُ الَّذِینَ کَفَرُوا وَ صَدُّوکُمْ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرامِ وَ الْهَدْیَ مَعْکُوفاً أَنْ یَبْلُغَ مَحِلَّهُ وَ لَوْ لا رِجالٌ مُؤْمِنُونَ وَ نِساءٌ مُؤْمِناتٌ لَمْ تَعْلَمُوهُمْ أَنْ تَطَؤُهُمْ فَتُصِیبَکُمْ مِنْهُمْ مَعَرَّةٌ بِغَیْرِ عِلْمٍ لِیُدْخِلَ اللَّهُ فِی رَحْمَتِهِ مَنْ یَشاءُ لَوْ تَزَیَّلُوا لَعَذَّبْنَا الَّذِینَ کَفَرُوا مِنْهُمْ عَذاباً أَلِیماً»

»Онҳо касоне ҳастанд, ки куфр варзиданд ва шуморо аз Масҷид-ул-ҳаром боз доштанд ]ва нагузоштанд[, ки қурбоние, ки манъ шуда буд, ба ҷойгоҳаш бирасад. Ва агар набуданд мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, ки онҳоро намешинохтед, ки онҳоро поймол кунед, пас аз тарафи онҳо ранҷе бидуни дониш ба шумо мерасад ]фармони ҷанг медодем, лекин ҳамларо ба таъхир андохт[; то ҳар киро бихоҳад, ба раҳматаш дохил кунад. Агар ]мӯъминон ва кофирон[ ҷудо буданд, ҳатман касоне аз онҳоро ки куфр варзиданд, бо азоби дардноке азоб мекардем. «