Қисмати 954 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 10-12
Қисмати 954 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 10-12
(10)
«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَیْنَ أَخَوَیْکُمْ وَ اتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّکُمْ تُرْحَمُونَ»
»Мӯъминон фақат бародарон]-и якдигар[-анд, пас миёни ду бародаратон сулҳ барқарор созед; ва аз Худ битарсед шояд, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред.«
Аз имтиёзоти Ислом, барқарории робитаи бародарон миёни ҳамаи мӯъминон аст, ба таври маъмул ду бародар дар як хонавода, худро дар ҷойгоҳи баробар ва ҳам арзи якдигар мебинанд; яке бар дигари бартари ҷӯйи намекунад ва худро бартар ва болотар намебинад. Ислом ба ҳамон гуна тавсия мекунад, ки ҳамаи аҳли имон, бо ҳама тафовутҳои қавмӣ, нажодӣ ва забонӣ худро ҳам арзи якдигар бидонанд ва касе худро бартар аз дигарон надонад.
Паёмбари Ислом дар миёни ёронаш ақди ухуват барқарор кард то ҳамвора дар таърих ин пайванди илоҳӣ дар миёни мусалмонон ҷорӣ бошад. Он ҳазрат дар суханони худ дар мавқеъиятҳои маконӣ ва замонии мухталиф, ба ин нукта таъкид фармуд: Арабро бар аҷам ва сафедро ба сиёҳ бартари нест ва ҳама бародарони якдигар ва бандагони Худо ҳастанд.
Ҳар вакт миёни ду нафар ё ду гуруҳ аз мӯъминон ихтилоф ва низоъ рӯй диҳад таъан вазифаи аҳли имон ин аст, ки бар асоси асли бародари миёни онҳо суҳл ва ошти барқарор кунанд ва ҳақ ва адолатро миёни онҳо ҷорӣ созанд.
Аз ин оят меомӯзем:
- Ҳеҷ кас муҷоз нест худро бартар аз дигарон бидонад, зеро ҳамаи мӯъминон дар замин якдигар ва бо ҳам яксону баробаранд. Бар хилофи робитаи волидайн бо фарзандоне, ки аз боло ба поён аст, робитаи миёни бародарон, баробари аст.
- Ҳамонтавре, ки хонавода барои рафъи ихтилоф миёни ду бародар иқдом мекунад ҷомеъаи исломӣ низ бояд барои рафъи ихтилоф миёни мӯъминон бикушад ва миёни онҳо сулҳ ва ошти барқарор кунад.
- Сулу сафо ва самимият миёни аҳли имон, муқадимаи нузули раҳмати Илоҳӣ аст.
(11)
«یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لا یَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسى أَنْ یَکُونُوا خَیْراً مِنْهُمْ وَ لا نِساءٌ مِنْ نِساءٍ عَسى أَنْ یَکُنَّ خَیْراً مِنْهُنَّ وَ لا تَلْمِزُوا أَنْفُسَکُمْ وَ لا تَنابَزُوا بِالْأَلْقابِ بِئْسَ الاسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِیمانِ وَ مَنْ لَمْ یَتُبْ فَأُولئِکَ هُمُ الظَّالِمُونَ»
»Эй касоне, ки имон овардаед! Гурӯҳе гуӯҳ-и дигар-ро масхара накунад, шояд онон баҳтар аз онҳо бошанд; ва на заноне занон-и дигар-ро, шояд онон беҳтар аз онҳо бошанд; ва худатонро айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо-и бад нахонед; чӣ бад аст номгузории қисқ баъд аз имон; ва касе, ки товба накунад, пас онҳо худ ситамгаранд.«
Ояти қабл ба робитаи бародари миёни аҳли имон таъкид кард, ин оят ба се намуна аз гуноҳони забон, ки ба робитаи бародари осиб мерасонад, ишора кард ва мефармояд: Ҳеҷ марду зан ва ҳеҷ қавму нажоде ҳақ надорад фард ё қавми дигареро масхара кунад, зеро ҳеҷ фард ва қавме аз дигарон беҳтар ва бартар нест, ки ба худ ҳақ диҳад онҳоро мавриди тамасхур ва таҳқир қарор диҳад.
Ҳамчунин гузоштани ном ба унвони номуносиб бар рӯи афрод ва ақвом ва хондан ва садо задани онҳо бо унвонҳо ва лақабҳои бад ва зишт, сабаби эҷоди кудурат ва кина байни ду тараф мешавад. Лизо Худованд онро гуноҳ шумурд ва тавба накардан аз ин кори зиштро нишонаи зулм ба дигарон муъарифи кардааст.
Аз ин оят меомӯзем:
- Имон ба Худо, бо масхара кардани бандагони Худо созгор нест.
- Тамасхури афрод ва ақвоми дигар, нишонаи худбартарбини аст. Қуръон бо ин падида муқобила карда ва мефармояд: Набояд худро бартар аз дигарон бидонед, шояд онҳоеро, ки масхара мекунед, аз шумо беҳтар бошанд.
- Ифшои айби дигарон ва бадном бурдан аз онҳо, сабаби таҳрики дигарон барои кашфи айбҳои мо ва ифшогари зидди мо мешавад. Ба баёни дигар бадном кардани дигарон роҳи яктарафа нест, дер ё зуд ин мавзуъ дутарафа мешавад ва мутақобилан сабаби айбҷӯйи дигарон аз мо ва бадном кардани мо мешавад.
- Яке аз ҳадафҳои роҳбурдии Ислом, солимсозии муҳити ҷомеъа аз рафторҳои зишту нописанд ва пешгири аз танишҳо ва даргириҳои иҷтимоъи аст.
(12)
«یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا کَثِیراً مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ وَ لا تَجَسَّسُوا وَ لا یَغْتَبْ بَعْضُکُمْ بَعْضاً أَیُحِبُّ أَحَدُکُمْ أَنْ یَأْکُلَ لَحْمَ أَخِیهِ مَیْتاً فَکَرِهْتُمُوهُ وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِیمٌ»
»Эй касоне, ки имон овардаед! Аз бисёре аз гумонҳо дурӣ кунед, ҳатман баъзе гумонҳо гуноҳ аст; ва ]дар корҳои дигарон[ кунҷковӣ накунед; ва баъзе шумо баъзе ]дигар[-ро ғайбат накунад; оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародарашро, дар ҳоле, ки мурдааст бихӯрад? Пас, онро намеписандед; ва аз Худо битарсед, ҳамоно Худованд бисёр тавбапазири меҳрубон аст.«
Дар идомаи ояти қабл, ин оят низ се мавриди дигар аз гуноҳонро, ки омили тазъифи рабитаи бародари миёни аъзои ҷомеъа аст, баён мекунад бо он ки Қуръон муъминонро ба ҳиси зани ба якдигар суфориш мекунад, аммо мутаасифона бархе нисбат ба дигарон бадгумон ҳастанд. Онҳо бар асоси ҳадсу гумон ва бедуни доштани далил ва бурҳон, дар умури дигарон таҷасус мекунанд ва беҷиҳат онҳоро мавриди итиҳом қарор медиҳанд.
Ғайбат он аст, ки инсон дар ғиёби шахсе чизи бигуяд, ки мардум аз он хабар надоранд ва агар он шахс бишнавад, нороҳт шавад. Дар ин оят, ғайбат ба хурдани гушти инсони мурда ташбеҳ шуда аст зеро вақте ғайбаткунанда обурӯи ӯро назди дигарон мебарад, ба далели он ки ӯ дар ҷамъ ҳузур надорад ва наметавонад аз худ дифоъ кунад, обуруи аз даст рафтааш қобили ҷуброн нест.
Аз ин оят меомӯзем:
- Дар ҷомеъаи исломӣ, асл бар бароати ҳамаи инсонҳо ва ҳусни зан ва эътимод ба якдигар аст.
- Бадгумонӣ, заминаи таҷасус дар умури дигар афрод ва дар ниҳоят ғайбат кардан ва ифшои айби онҳо мешавад.
- Яке аз шиваҳои барҳазар доштани мардум аз корҳои зишт, баҳрагири аз отифаҳои инсонӣ аст. Ба унвони мисол, дар идомаи ин оят фардеро, ки мавриди ғайбат ва бадгӯӣқарор гирифт, бародари хонд, ки аз дунё рафта аст ва қудрати дифоъ аз худро надорад.
- Дар дин ҳеҷ бунбасте вуҷуд надорад, гуноҳи инсон ҳар қадар ҳам бузург бошад, бо тавбаи воқеъи метавонад онҳоро ҷуброн кард, зеро Худованд бисёр тавбапазир ва меҳрубон аст.