Қисмати 955 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 13-18
Қисмати 955 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 13-18
(13)
«یا أَیُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْناکُمْ مِنْ ذَکَرٍ وَ أُنْثى وَ جَعَلْناکُمْ شُعُوباً وَ قَبائِلَ لِتَعارَفُوا إِنَّ أَکْرَمَکُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقاکُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِیمٌ خَبِیرٌ»
»Эй мардум! Ҳамоно Мо шуморо аз мард ва зане офаридем ва шуморо миллатҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед; қатъан гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост; ҳамоно Худованд донои огоҳ аст.«
Фарз кунед ҳамаи инсонҳои рӯӣ замин аз назари шаклу рангу забон ва дигар хусусиёт мисли ҳам буданд. Оё дар он сурат, шиносоӣ афрод кори осоне буд? Яке аз неъматҳои Худованд, ки нишонаи ҳикмат ва қудрати Ӯ аст, тафовути инсонҳо аз ҷанбаҳои гуногун аст, ки сабаби падид омадани нажодҳо ва ақвоми мухталиф бо забонҳо ва гуйшҳои мутанавеъ шуда аст.
Афзуни бар он, дар ҳар нажоде низ ҳар яке аз афроди он мунҳасир ба афрд ҳастанд; ҳатто дугоникони ҳамсон аз ҳама ҷиҳат яксон нестанд. Онҳо барои волидай ва афроди наздиконашон қобили тамойз ва ташхис ҳастанд. Қуръон дар ин оят ба асли тафовути инсонҳо аз лиҳози ҷисми ва нажод ишора кард ва мефармояд: Рози ин тафовутҳо он аст, ки афрод битавонанд якдигарро бишносанд ва дар равобити иҷтимоъи ва таъомул бо якдигар дучори мушкил нашаванд.
Албата бархе ақвом ва нажодҳо талош мекунанд ин тафовутҳоро нишонаи бартарии худ бишуморанд дар ҳоле, ки ин оят мефармояд: Ҳамаи шумо аз як падар ва модар ҳастед ва решаи ҳамаи шумо ба Одам ва Ҳаво бар мегардад, пас далили барои ифтихор вуҷуд надорад ва танҳо касоне, ки бо касби камолоти инсони ва илоҳӣ рушду таъло ёфтанд, аз эҳтиром ва такрим ва такрими вижае дар назди Худованд бархурдоранд.
Аз ин оят меомӯзем:
- Арабро бар аҷам, ё сафедро бар сиёҳ ҳеҷ бартари нест ҳама инсонанд ва фарзандони як падар ва модар.
- Мард ё зан будан, ё тафовутҳое, ки дар шакл ва сурат ва рангу нажоди инсонҳо мушоҳида мешавад, аз рӯи ҳикмат ва барои шиносоӣ якдигар аст, на барои ифтихор ва бартариҷуӣ.
- Қуръон, ҳама навъ табъизро ҳам аз нажод, қавм, қабила, иҷтимоъи ва ғайраро мардуд шуморида ва танҳо мелок фазилат ва такрими инсонҳоро, поки ва тақво дониста аст.
(14)
«قالَتِ الْأَعْرابُ آمَنَّا قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا وَ لکِنْ قُولُوا أَسْلَمْنا وَ لَمَّا یَدْخُلِ الْإِیمانُ فِی قُلُوبِکُمْ وَ إِنْ تُطِیعُوا اللَّهَ وَ رَسُولَهُ لا یَلِتْکُمْ مِنْ أَعْمالِکُمْ شَیْئاً إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِیمٌ»
»Бодиянишинон гуфтанд: »Имон овардаем!« Бигӯед: »Имон наовардаед, валекин бигӯед ислом овардаем; ва ҳануз имон дар дилҳои шумо дохил нашудааст; ва агар Худо ва паёмбари Ӯро итоат кунед, шуморо аз корҳоятон чизе кам намекунад; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.«
Ин оятҳо сухан аз мудаъиёни имонро ёдовар мешавад, ки мегуянд: Мо ба Худо ва Расулаш имон овардаем ва онро мояи ифтихори худ бар дигарон медонанд. Аммо Қуръон мефармояд: Онҳо бо забон изҳор мекунанд, ки мусалмонанд ва имон оварданд, аммо дар амал таслими Худо ва Расулаш нестанд дар ҳоле, ки имон ва амал ба якдигар вобастанд ва ҳар як бедуни дигари арзиш надорад.
Идомаи оят ба ду нишонаи нуфузи имон дар ҷони афрод ишора кард ва мефармояд: Муъминони воқеъи касоне аст, ки дар ҳақонияти роҳи Худо зарае шаку тардид ба худ роҳ намедиҳад; дигар он ки омодаи гузашт аз ҷону моли худ дар роҳи дин ва ҷонфишонӣ дар ин майдон аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Касе, ки мудаъаи диндори аст, аммо амалаш мутобиқ бо таъолими Худо ва Расул нест, дар дунё аз имтиёзоти мусалмон будан бархурдор аст, вале дар охират баҳрае надорад.
- Ҷойгоҳ ва қароргоҳи имон қалб аст на забон ва роҳи расидан ба имон итоъати амали аст на изҳори забони ба иборати дигар амал, тасдиқкунандаи бовари қалби аст.
- Илова бар Қуръон ва каломи Худо; сухан ва фармони Паёмбар низ ҷузи дин ва лозимулатбоъ аст.
- Арсаи ҷиҳод ва дифоъ аз дини Худо роҳи ташхиси садоқати диндорони воқеъи аз мудаъиён аст.
(15)
«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِینَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ یَرْتابُوا وَ جاهَدُوا بِأَمْوالِهِمْ وَ أَنْفُسِهِمْ فِی سَبِیلِ اللَّهِ أُولئِکَ هُمُ الصَّادِقُونَ»
»Мӯъминон фақат касоне ҳастанд, ки ба Худо ва расулаш Имон оваранд, сипас шак накарданд ва бо амволашон ва ҷонҳояшон дар роҳи Худо чиҳод карданд; онҳо худ ростгӯёнанд.«
(16)
«قُلْ أَتُعَلِّمُونَ اللَّهَ بِدِینِکُمْ وَ اللَّهُ یَعْلَمُ ما فِی السَّماواتِ وَ ما فِی الْأَرْضِ وَ اللَّهُ بِکُلِّ شَیْءٍ عَلِیمٌ»
Бигӯ: »Оё Худоро аз дини худ бозабар мекунед? Худо он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст медонад; ва Худо бар ҳар чизе доност.«
Дар замони Расули Худо бархе афрод бар Паёмбар миннат мегузоштанд ва мегуфтанд: Мо будем, ки ба ту имон овардем ва туро ёри кардем. Қуръон хитоб ба онҳо мефармояд: Ин чи сухани нораво аст, ки мегуед? Худо ва Расулаш бар шумо миннат доранд, ки шуморо ҳидоят карда ва аз зулмат ва ҷаҳолат ба роҳи рушан имон раҳнамун сохтанд.
Афзун бар он, агар дар ин иддаои худ содиқ ҳастед, ниёзи ба баёни он ҳамроҳ бо миннат гузоштан бар Паёмбар нест, зеро Худое, ки аз ҳамаи умури осмонҳо ва замин огоҳ аст, аз ботини шумо низ бохабар аст ва медонад, ки то чи андоза ба дини Ӯ пойбанд ҳастед.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Ба хотири имон ва амали худ бар Худо ва Расулаш миннат нагузорем, зеро онҳо ба имон ва амали мо ниёз надорад, балки раҳои аз зулмати ҷаҳл ва ҳидоят шудан ба роҳи ҳақ, неъмати бузурги илоҳи ва миннати аз ҷониби Худо бар мост, пас онҳо бар мо миннат доранд.
- Дар ҷомеъаи исломӣ эҳтиёт кунем фиреби забон ва зоҳири мудаъиёни имонро нахурем, чаро, ки иддаи дар ин идаои худ содиқ нестанд.
- Дар осмонҳо ва замин, асрори наҳуфта ва номакшуфи бисёр вуҷуд дорад, ки Худованд аз онҳо огоҳ аст.
(17)
«یَمُنُّونَ عَلَیْکَ أَنْ أَسْلَمُوا قُلْ لا تَمُنُّوا عَلَیَّ إِسْلامَکُمْ بَلِ اللَّهُ یَمُنُّ عَلَیْکُمْ أَنْ هَداکُمْ لِلْإِیمانِ إِنْ کُنْتُمْ صادِقِینَ»
»Ба ту миннат мегузоранд, ки ислом оварданд, бигӯ: »Ислом оварданатонро бар ман миннат нагузоред, балки Худо бар шумо миннат мегузорад, ки шуморо ба имон ҳидоят кард; агар ростгӯ ҳастед.«
(18)
«إِنَّ اللَّهَ یَعْلَمُ غَیْبَ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ اللَّهُ بَصِیرٌ بِما تَعْمَلُونَ»
»Ҳамо Худо ғайби осмонҳо ва заминро медонад; ва Худо нисбат ба он чи анҷом медиҳед, биност.«