Сентябр 25, 2021 13:59 Asia/Dushanbe

Қисмати 956 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 1-8

Ба номи Худо

(1)

«ق وَ الْقُرْآنِ الْمَجِیدِ»

»Қоф. Қасам бар Қуръони бо азамат.«

 

Ин сура низ ҳамонанди 28 сураи дигари Қуръон, бо ҳуруфи мақтаъи оғоз шуда аст ва ба дунболи он бар маҷду азамати Қуръон савганд ёд мекунад, зеро Қуръон аз ҳамин ҳуруфи алифбо, ки дар ихтиёри ҳама аст таълиф ёфта аст, аммо наметавонад шабеҳ ва ҳамонанди онро биёварад ва ин ҳамон эъҷоди Қуръон аст.

Дар  идомаи оятҳо ба сухани мункирони қиёмат ишора карда ва мефармояд: Онон аз ин ки фарди аз миёни худашон мудаъи Паёмбари шуда ва мардумро ба барпот қиёмати пас аз марг ҳушдор медиҳад, изҳори таъаҷуб кард ва иддаои ӯро амри баъид ва дур аз зеҳн шумориданд.

Дар ҳоле, ки ӯ аввалин нафаре набуд, ки ба Паёмбари мабъус шуда буд ва аз барпоӣ қиёмат хабар медод, пас таъаҷуби онон аз рӯи ноогоҳи набуда аст балки аз рӯи лаҷоҷат ва инкор буда ва дар воқеъ баҳонаҳои барои напазируфтани суханони Паёмбари Худо.

 

 

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

  1. Қуръон, каломи Худо аст, ки дорои азамат ва шарофат аст ва ҳар кас ба дунболи маҷду азамат аст, бояд ба Қуръон рӯӣ оварда ва бар тибқи он амал кунад.
  2. Аз ҷинси башар будани Паёмарон ва аз миёни мардум будани онҳо, амри мантиқи ва ҳакимона ва дар ҳақиқат нуқтаи қувати онон аст, аммо нобахирадон ва мункирон, онро баҳонае барои таҳқири Паёмбарон мешуморанд.
  3. Кофирон, далили мантиқи бар инкори Набуват ва маъод надоранд, лизо барои инкори ҳақиқат ба ибрози таъаҷуб рӯӣ меоваранд ва онро баъид ва дур аз зеҳн мехонанд.

 

(2)

«بَلْ عَجِبُوا أَنْ جاءَهُمْ مُنْذِرٌ مِنْهُمْ فَقالَ الْکافِرُونَ هذا شَیْ‏ءٌ عَجِیبٌ»

»Балки тааҷуб карданд, ки ҳушдордиҳандае аз миёнашон ба сӯи онҳо омад; ва кофирон гуфтанд: Ин чиз аҷиб аст.«

 

(3)

«أَ إِذا مِتْنا وَ کُنَّا تُراباً ذلِکَ رَجْعٌ بَعِیدٌ»

»Оё ҳангоме, ки бимирем ва хок шавем ]боз зинда мешавем? [ Ин озгашти дурест.«

 

Дар тавзеҳи ояти қабл гуфтем, ки мункирони маъд далиле бар нафи он надоранд. Ин оятҳо саволи ҳамешагии онҳоро баён мекунад, ки аз рӯи таъаҷуб мегуфтанд: Чигуна имкон дорад аҷзҳои бадани мо, ки пас аз марк ба хок табдил мешавад, дубора зинда шавад ва мо ба зиндагӣ боз кардем? Қуръон дар посухи онҳо мефармояд: Худованд медонад, ки пас аз марг чи тағир ва таҳаввуле дар аҷзои бадани инсон рӯӣ дода ва дар қиёмат онро ба ҳолати аввалияш боз мегардонад. Ҳамаи ин амрҳо дар назди Худованд сабту забт шуда аст, сипас мефармояд: Албата он даста аз мункирон ҳақро фаҳмиданд ва боз ҳам инкор карданд ва ба иборате куфри онҳо аз рӯи ҷаҳлу ноогоҳи набуда аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

  1. Аз шиваҳои ҷолиби Қуръон ин аст, ки гоҳ ба таносуби баҳс, ибтидо сухани мухолифон ва кофиронро нақл мекунад, сипас бо мантиқ ва истидлол иддаоҳои онҳоро посух медиҳад.
  2. Низоми хилқат, бар асоси илми Илоҳи барпо шуда ва идора мешавад ва ҳар чизе ҳисобу китоб дорад.
  3. Решаи истироб ва сардаргумӣ, такзиби ҳақ ва куфр варзидан аст, ҳамонгунае, ки решаи оромиши ёди Худо ва пазириши ҳақ аст ба ҳамин далил касоне, ки имони собит ва побарҷой надоранд, доимо дар изтироб ва сардаргуми ба сар мебаранд.

 

(4)

«قَدْ عَلِمْنا ما تَنْقُصُ الْأَرْضُ مِنْهُمْ وَ عِنْدَنا کِتابٌ حَفِیظٌ»

»Ба таҳқиқ он чиро замин аз бадани онҳо кам мекунад, медонед; ва дар назди Мо китобе нигоҳдорандааст.«

 

(5)

«بَلْ کَذَّبُوا بِالْحَقِّ لَمَّا جاءَهُمْ فَهُمْ فِی أَمْرٍ مَرِیجٍ»

»Балки ҳақро ҳангоме, ки ба суроғашон омад, такзим карданд; пас, онҳо дар кори парешоне ҳастанд.«

 

(6)

«أَ فَلَمْ یَنْظُرُوا إِلَى السَّماءِ فَوْقَهُمْ کَیْفَ بَنَیْناها وَ زَیَّنَّاها وَ ما لَها مِنْ فُرُوج»

»Ва оё онҳо ба сӯи осмоне, ки болояшон аст, нанигаристанд, ки чи гуна онро бино кардаем ва онро зинат додаем ва дар он ҳеҷ шикофе нест?   «

 

Инкори маъод ноши аз тардид дар илми Худо ё қудрати Ӯст. Дар оятҳои қабл сухан аз густардагии илми Илоҳи буд, ин оятҳо дар мақоми баёни қудрати бепоёни Худованд мефармояд: Агар ба болои сари худ нигоҳ кунед ва хуршеду моҳу ситорангон ва каҳкашонҳои бепоёнро бингаред, ба қудрати парвардигор паӣ мебаред ва дигар намепурсед, ки Худо чигуна мурдагонро зинда мекунад?

 

Ва агар ба зери пой худ нигоҳ кунед, куҳу дашту ҷангал ва анвоъи гиёҳон ва дарахтонро мебинед, ки шумо инсонҳо дар падид омадани онҳо нақше надоштаед ва бо қудрати Илоҳи эҷод шудаанд. Ҳамаи инҳо асбоби тазакур ва таваҷҷуҳ ба офаридагор аст, албата барои касе, ки ба дунболи шинохти Худо ва тақарруб ба Ӯ бошад.

Аз ин оятҳои меомӯзем:

  1. Замину осмон ва ҳамали олами ҳастии синфи дарси Худошиноси аст, албата барои касе, ки ба дунболи шинохти мабдаъ ва маъоди ҷаҳон аст.
  2. Дар каромати инсонӣ, назму қонун ҳоким аст.
  3. Истеҳкорм, зебоӣ ва назм, вижагии офаридаҳои Худованд дар осмонҳо ва замин аст, ба гунае, ки ҳеҷгуна кости ва халале дар низоми офариниш мушоҳида намешавад. Ин худ баёнгари илму қудрати бепоёни офаридагори ҷаҳон аст.
  4. Рӯиши гиёҳони зинда аз дили хоки мурда намунае аз қудрати Худованд дар зинда кардани дубораи мурдагон аст.

 

(7)

«وَ الْأَرْضَ مَدَدْناها وَ أَلْقَیْنا فِیها رَواسِیَ وَ أَنْبَتْنا فِیها مِنْ کُلِّ زَوْجٍ بَهِیجٍ»

»Ва заминро густаронидемаш; ва дар он кӯҳҳои устувор афкандаед; ва аз ҳар навъи ]гиёҳи[ зебо дар он рӯёнидем.«

 

(8)

«تَبْصِرَةً وَ ذِکْرى‏ لِکُلِّ عَبْدٍ مُنِیبٍ»

»То мояи басират ва панде барои ҳар бандаи бозгашткунанда бошад."