Қисмати 957 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 9-15
Қисмати 957 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 9-15
(9)
«وَ نَزَّلْنا مِنَ السَّماءِ ماءً مُبارَکاً فَأَنْبَتْنا بِهِ جَنَّاتٍ وَ حَبَّ الْحَصِیدِ»
»Ва аз осмон оби бобаракат фурӯ фиристодем, пас бо он боғҳо ва донаҳои даравкарданӣ рӯёндем.«
Дар идомаи барномаи қабл ин оятҳо барои он ки имкони вуқуъи маъодро тавзеҳ диҳад ба растохези гиёҳон дар ҳангоми баҳор истидлол карда аст. Дар фасли баҳор донаи беҷон бо резиши борон бар хоки мурда ба ҷунбуҷуш даромада ва аз хок сар бар меёварад, пас аз он ки ба хушаи баланд ва пару бол табдил шуд кишоварзон барои таҳияи нон ва ғизои худ онро дарав мекунанд.
Дарахтон низ дар зимистон мурдаанд, аммо бо фаро расидани баҳор ва бориши борон аз ҳамон шохаҳои хушкидаи онҳо баргҳои нав мутаваллид шуд ва анвоъи шукуфаҳо ва меваҳо, ки нишонаи ҳаёти наботи аст зоҳир мешавад.
Қуръон дар идома мефармояд: Хуруҷи инсонҳо аз хок дар қиёмат низ ҳамингуна аст бо иродаи Худованд зурроти бадани мурдагон, ки дар хок паркандаанд ҳамчун донаи гиёҳ аз хок сар бар меоваранд ва зинда мешаванд ин кор на маҳол аст ва на барои қудрати беинтиҳои Худованд амри ғайри мумкин.
Аз ин оятҳои меомӯзем:
- Борон падидаи бисёр пурбаракат ва ҳаётбахш аст, ки зиндагии ҳамаи мавҷудоти рӯи замин аз ҷумла гиёҳон ва ҳайвонот ва инсонҳо ба он вобаста аст.
- Дар миёни дарахтон ва меваҳо дархти хирмо ва меваи он аз вижагиҳои хос бархурдор аст, ки Худованд онми онро ҷудогона зикр карда аст.
- Гиёҳ ва дарахт ҳам мояи сарсабзи ва зебоӣ аст ҳам василаи ризқурузи ва ҳам нишонаи аз ҳаёт пас аз марг аст, бадеҳи аст касоне, ки дида ибрат ба ин надоранд дар умур таъамул мекунанд.
(10)
«وَ النَّخْلَ باسِقاتٍ لَها طَلْعٌ نَضِیدٌ»
»Ва дарахтони баланди хурмо, ки барояш хушаҳои рӯи ҳам анбоштааст.«
(11)
«رِزْقاً لِلْعِبادِ وَ أَحْیَیْنا بِهِ بَلْدَةً مَیْتاً کَذلِکَ الْخُرُوجُ»
»То ризқе барои бандагон бошад; ва бо он ]борон[ сарзамини мурдаро зинда кардем; берун омадан ]аз қабр[ ҳамингуна аст.«
(12)
«کَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَ أَصْحابُ الرَّسِّ وَ ثَمُودُ»
»Пеш аз онҳо қавми "Нӯҳ" ва асҳоби "Рас" ва "Самуд" такзиб карданд.«
Аз ин оятҳо барои дилдори ба Расули Худо ва аҳли имон мефармояд: Гумон накунед фақат мушрикони Мака рисолати Паёмбари Исломро такзиб мекунанд ва онро намепазиранд, балки аз замони ҳазрати Нуҳ, Паёмбари бузурги Илоҳи то кунун ҳамвора Паёмбарон мавриди такзиб қарор гирифта ва гуруҳҳо ва қавмҳои мухталиф ба баҳонаҳои гуногун зери бори сухани ҳақ нарафта ва ба ҳақонияти Расулони Илоҳи иқрор накарданд.
Албата ин инкор ва такзиби ҳақ аз рӯи инод ва лаҷоҷат ва таъасуб бепосух намемонад ва қаҳри Илоҳи ба шаклҳои мухталиф онҳоро фаро гирифта аст, гуруҳе бо сел ва туфон, гуруҳе бо раъду барқи осмон ва гуруҳе бо зилзилаи шадиди замин.
Аз ин оятҳои меомӯзем:
- Ҳамон Худое, ки ҷаҳони боазамтро барпо кард ва инсонро офарида аст, ӯро аз тариқи Паёмбарон роҳнамоӣ ва ҳидоят кард то масири рушд ва камолро тай кунад. Дар ҳоли ҳозир пазириши ҳақ иҷбори нест ва дар ин маврид инсонҳо ба ихтиёр ва интихоби худ вогузор шуданд.
- Қавмҳои гузаштае, ки Паёмбаронро диданд ва ҳаққонияти онҳо барояшон равшан шуд, ба далели он ки онҳоро инкор карданд гирифтори қаҳри Илоҳи шуданд, ин дарси ибрат барои ояндагон аст.
(13)
«وَ عادٌ وَ فِرْعَوْنُ وَ إِخْوانُ لُوطٍ»
»Ва "Од" ва "Фиръавн" ва бародарони "Лут"«
(14)
«وَ أَصْحابُ الْأَیْکَةِ وَ قَوْمُ تُبَّعٍ کُلٌّ کَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِیدِ»
»Ва асҳоби "Айка" ва қавми "Туббаъ", ҳамагӣ Паёмбаронро такзиб карданд; пас, азоб]-и Ман[ муҳаққақ шуд.«
(15)
«أَ فَعَیِینا بِالْخَلْقِ الْأَوَّلِ بَلْ هُمْ فِی لَبْسٍ مِنْ خَلْقٍ جَدِیدٍ»
»Ва оё Мо дар офариниши нахустин дармонда будем? Балки онҳоо аз офариниши ҷадид дар шубҳаанд.«
Бисёри аз мушрикон ва кофирон Худоро ба унвони офаринандаи инсон ва ҷаҳон мепазиранд ва вуҷуди Ӯро инкор мекунанд, ин оят бар ҳамон асос мефармояд: Магар Мо дар офаришини нахустини шумо оҷиз ва дармонда будем, ки дар офаришини дубораи шумо дучори аҷзу нотавонӣ шуда ва натавонем шуморо бори ди гар биёфаринем?
Аз ин оят меомӯзем:
- Тардид дар қудрати Худованд барои офариниши дубораи инсон дар қиёмат ҳеҷ поя ва асоси надорад, зеро он ки мавҷудеро офарид, қодир бар офариниши дубораи он низ ҳаст.
- Дар гуфтугу бо мункирон аз шеваи саволи истифода шавад то худашон ба фирк фуру рафта ва дар он таъамул кунанд, шояд ҳақро биёбанд.
- Мункирони маъод, далели мантиқи бар инкори худ надоранд, балки шаку тардиди худро далели инкорашон медонанд.