Қисмати 958 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 16-22
Қисмати 958 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 16-22
(16)
«وَ لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسانَ وَ نَعْلَمُ ما تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَ نَحْنُ أَقْرَبُ إِلَیْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِیدِ»
»Ва ба таҳқиқ инсонро офаридем ва он чиро нафасаш ба он вобаста мекунад, медонем; ва Мо ба ӯ аз раги гардан наздиктарем.«
Дар барномаи қабл гуфтем, ки меҳвари оятҳои сураи Қоф, мавзуъи қимат аст, ин оят дар хусуси илми Худованд ба корҳои башар мефармояд: Худованд холиқи башар аст ва аз тамоми аҷзои вуҷуди у ва ҳамаи ҳолаташ огоҳи комил дорад.
Худованд фақат аз корҳое, ки инсон анҷом медиҳад бохабар аст, балки аз хутуроти зеҳнии ӯ ва ончи дар фикру хиёлаш мегузоарад низ огоҳ аст. Бадеҳи аст Худованд аз рӯи лутфи худ инсонро ба хотири васвасаҳо ва афкори баде, ки ба зеҳнаш хутур кард, албата то вақте, ки муртакиби хато нашуда аст кайфар намекунад.
Ҳаёти инсон вобаста ба шоҳрагҳое аст, ки хунро аз қалби ӯ ба андомҳои мухталифи бадан мерасонад ва албата Худованд аз ин шоҳрагҳо ба инсон наздиктар аст, зеро ҳаёти инсон дар воқеъ дар дасти Худо аст ва қалбу рагҳо василае барои таҳақуқи иродаи Худованд ҳастанд.
Аз ин оят меомӯзем:
- Илм ба қудрати Худо беинтиҳо аст ва ҳамвора барбашар иҳотаи комил дорад. Огоҳи Худованд аз вазъият ва аҳволи инсон, дақиқ ва густарда аст, лизо агар тасавур кунем, ки Худо аз афкор ва ангезаҳои дарунии мо беиттилоъ аст, фикри ботил аст.
- Агар муроқиби нафаси худ набошем, аз роҳҳои мухталиф моро ба корҳои нодуруст васваса ва таҳрик мекунад ва он қудрати такрор мекунад то моро гирифтор созад.
(17)
«إِذْ یَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّیانِ عَنِ الْیَمِینِ وَ عَنِ الشِّمالِ قَعِیدٌ»
»Ҳангоме, ки ду фариштаи дарёфткунанда, ки аз рост ва чап нишастанд, корҳои инсонро дарёфт кунанд.«
Дар ояти қабл баҳс дар бораи огоҳии Худованд ва афкор ва хутувоти зеҳнии инсон буд ин оят ба сабти ҳамаи корҳои инсон ишора карда ва мефармояд: Худованд барои ҳар инсон ду фаришта қарор дод, ки ҳамвора мулозим ва муроқиби ӯ ҳастанд. Онҳо ҳамаи корҳои нек ва бади ӯро менависонад ва чизеро аз онҳо махфи намемонад.
Бисёри аз мардум сухан гуфтанро ҷузи корҳои хуб маҳсуб намекунанд ва ба он чандон аҳамият намедиҳанд дар ҳоле, ки сухан гуфтанаш нақши муҳим дар таъомулоти иҷтимоъи ва хонаводагии инсон дорад лизо Қуръони Карим сухан гуфтанро ба сурати ҷудогона зикр кард ва мефармояд: Ҳар сухане, ки аз даҳон хориҷ мешавад он ду фаришта низ менависонад ва сабт мекунанд.
Аз ин оятҳои меомӯзем:
- Бо он ки Худованд ба ботин ва зоҳири инсон огоҳ аст, аммо барои ҳар кори асбоб ва васила қарор дода аст, лизо фариштагонро маъмур кард, ки аъмоли инсонро сабт кунанд.
- Имон ба вуҷуди фариштагон, яке аз мисдоқҳои имон ба ғайб ва дар канори имон ба Худо аст.
- Инсон, на фақат дар баробари кирдор ва рафтор, балки дар баробари худ низ масъул аст ва ҳеҷ амри аз инсон содир намешавад, магар он ки мавриди муҳосиба қарор мегирад.
(18)
«ما یَلْفِظُ مِنْ قَوْلٍ إِلاَّ لَدَیْهِ رَقِیبٌ عَتِیدٌ»
»Ҳеҷ суханеро бар забон намеоварад, магар ин ки наздаш нигаҳбоне омадааст.«
(19)
«وَ جاءَتْ سَکْرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ذلِکَ ما کُنْتَ مِنْهُ تَحِیدُ»
»Ва сахтии марг ба ҳақ меояд; ва гуфта шавад ин чизест, ки аз он мегурехтӣ.«
Ба ҳангоми марг тарс ва изтироби аҷиб инсонро фаро мегирад, ҳамаи инсонҳо аз мард мегурезанд ва ҳатто ҳозир ба андешидан дар бораи он нестанд; агар ҳам бихоҳанд маргро таҷасум кунанд ба марги дигарон фирк мекунанд, аммо Қаръон мефармояд: Марг ҳақ аст ва ҳамаро дар бар мегирад, чи омодагии онро дошта бошед ва чи надошта бошед.
Албата марг фано нест, балки интиқол аз ҷаҳонӣ ба ҷаҳони дигар аст ва табиъатан бо сахти ва фишор ва фироқи хешовандон ва дустон ҳамроҳ аст. Ҳангоми таваллуд низ ҳамингуна аст интиқол аз ҳаёти ҷанинӣ ба ҳаёти дуняви, бо гиряи навзод ва буридани банди нофи ӯ ҳамроҳ аст.
Ҳангоми тавалуд аз шиками модар хориш шудем ва пой бар замин ниҳодем ҳангоми марг низ ба шиками замин боз мегардем ва ҳар вақте, ки Худованд ирода кунад аз шиками замин хориҷ шуда ва дубора пой бар замин мегузорем, аммо ин бор барои посухгуӣ ба корҳое аст, ки дар замин анҷом додаем ҳамонанди дунё дар қиёмат низ ду фаришта моро ҳамроҳӣ мекунад то дар додгоҳи Илоҳӣ ҳозир шавем ва онҳо дар мавриди корҳо мо дар дунё гувоҳи диҳанд.
Дар он ҳангом инсон мефаҳмад чиқадар аз қиёмат ва ҳузур дар ин арсаи сарнавиштсоз ғофил буд ва худро барои посухгуӣ дар он рӯз омода накарда аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Гурез аз марг вижагии табиъии инсон аст.
- Сакароти марг барои ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад ваҳшат ва изтироб ва фишори мард ба гунае аст, ки инсонҳо ҳолати одии худро аз даст медиҳанд ва ҳуш аз сари онҳо меравад.
- Ғафлат аз охират хатаре аст, ки инсонро таҳдид мекунад ва боис мешавад ӯ беш аз ҳад ба дунё ва ҷилваҳои он дилбаста ва ба ҳамсар ва фарзандони хеш вобаста шавад.
- Дунё ва ҷилваҳои он ҳамчун парда ваҳиҷоб дар муқобили дидагони инсон аст, ки монеъи ҳақбинии ӯ мешавад лизо инсони ғофил диди амиқ надорад, аммо дар қиёмат бо канор рафтани пардаҳо инсон ҳушёр ва тезбин мешавад ва ҳақоиқи ҷадидро дарк мекунад.
(20)
«وَ نُفِخَ فِی الصُّورِ ذلِکَ یَوْمُ الْوَعِیدِ»
»Ва дар "сур" дамида шавад; ин рӯзи ваъдаи азоб аст.«
(21)
«وَ جاءَتْ کُلُّ نَفْسٍ مَعَها سائِقٌ وَ شَهِیدٌ»
»Ва ҳар кас дар ҳоле меояд, ки ҳамроҳаш фариштаи ҳаракатдиҳанда ва гувоҳидиҳандааст.«
(22)
«لَقَدْ کُنْتَ فِی غَفْلَةٍ مِنْ هذا فَکَشَفْنا عَنْکَ غِطاءَکَ فَبَصَرُکَ الْیَوْمَ حَدِیدٌ»
»Ба таҳқиқ гуфта шавад аз ин рӯз дар ғафлат будӣ, пас пардаатро аз ту бардоштем ва дидаат имрӯз тезбин аст.«