Октябр 16, 2021 14:10 Asia/Dushanbe

Қисмати 959 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 23-30

23

«وَ قالَ قَرِینُهُ هذا ما لَدَیَّ عَتِیدٌ» 

Ва ]фариштаи[ ҳамнишини ӯ гӯяд:»Ин чизест, ки назди ман омодааст«.

 

 

24

«أَلْقِیا فِی جَهَنَّمَ کُلَّ کَفَّارٍ عَنِیدٍ»

Гӯем: Эйду фаришта! [Ҳар носипоси саркашро дар дӯзах биандозед;

25

«مَنَّاعٍ لِلْخَیْرِ مُعْتَدٍ مُرِیبٍ»،

]Ҳар[ Боздорандаихайр, ҳар таҷовузкоришаковарандаеро.

26

«الَّذِی جَعَلَ مَعَ اللَّهِ إِلهاً آخَرَ فَأَلْقِیاهُ فِی الْعَذابِ الشَّدِیدِ» 

Ҳамон касе, ки маъбуди дигареро бо Худо қарор додааст пас, ӯро дар азоби сатх биафканед.

 

Дар барномаи қабл сухан аз фариштагони буд, ки ҳамвора инсон ҳастанд; дар дунё корҳои хуб ва бади ӯро сабту забт мекунанд ва дар қиёмат ӯро ба биҳишт ё дузах сувқ медиҳанд.

Ин оятҳо мефармояд: Бо таваҷҷуҳ ба корномаи аъмоле, ки фаришгагон омода карданд, инсон дар додгоҳи қиёмат ҳозир мешавад ва Худованд бар асоси он муҷримон куфр пешаро аз некон ҷудо ва онҳоро ба сазои аъмолашон мерасонад, зеро онҳо аз рӯи душмани ва лаҷоҷат бо ҳақ ба Худо куфр меварзанд ва дар амал низ дар баробари ҳар кори хай монеъ эҷод мекунанд ингуна афрод аз ҳудуди Илоҳи таҷовуз мекунанд ва дигаронро дар пазириши роҳи ҳақ дучори шубҳа месозанд. Онҳо дар канори Худо дигаронро матраҳ мекунанд ва мардумро ба сӯи қудратҳои дигар сувқ медиҳанд.

Аз ин оятҳо меомӯзем:

  1. Агар куфр аз руи ҷаҳл ва ноогоҳи бошад, умед барои бозгашти инсон ҳаст, аммо агар куфр аз рӯи душмани ва лаҷоҷат ва таъасуб бошад, ҳар руз шадиттар ва амиқтар мешавад ва имкони бозгашти чунин инсони дур аз зеҳн ва баъид аст.
  2. Бархилофи муъминон, ки аҳли кори хайр ҳастанд ва дигаронро ба некукори даъват мекунанд мункирони ҳақ, дигаронро аз анҷоми кори хай боз медоранд.
  3. Азоби дузах дараҷоте дорад ва ба мизони куфр ва ширк ва гуноҳони инсон вобаста аст.

 

 

27

«قالَ قَرِینُهُ رَبَّنا ما أَطْغَیْتُهُ وَ لکِنْ کانَ فِی ضَلالٍ بَعِیدٍ»،

»Ҳамнишини ӯ гӯяд:»Парвардигрои мо! Ӯро гумроҳ накардам; валекин ]худ[ дар гумроҳии ду буд«.

28

«قالَ لا تَخْتَصِمُوا لَدَیَّ وَ قَدْ قَدَّمْتُ إِلَیْکُمْ بِالْوَعِیدِ»،

]Худо[ Гӯяд: »Назди Ман кашмакаш накунед; ва ба таҳқиқ бароятон аз пеш азоб фиристодаам.

29

 

«ما یُبَدَّلُ الْقَوْلُ لَدَیَّ وَ ما أَنَا بِظَلاَّمٍ لِلْعَبِیدِ»،

Он сухан (ваъдаи азоб) назди Ман тағйир дода намешавад; ва Ман ҳаргирз барои бандагон ситамгар нестам«.

30

«یَوْمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ امْتَلَأْتِ وَ تَقُولُ هَلْ مِنْ مَزِیدٍ»

Рӯзе, ки ба дӯзах гӯем: »Оё пур шуди?« Ва мегӯяд: »Оё афзун ]бар ин ҳам[ ҳаст?«

 

 

 

Дар ин оятҳо аз ҳамнишиноне, ки инсонро дузахи мекунанд сухан ба миён омада аст, монанди дустони бад, сарони куфр ва дар аввали онҳо шайтон.

Ҳангоме, ки афрод бо сарнавишти ҳатмии худ дар қиёмат муваҷаҳ мешаванд муҷримон бо якдигар ва бо раҳбарони фосиди худ ва низ бо шайтон ба ҷидол ва мушоҷира мепардозанд ва ҳар як талош мекунанд гуноҳи худро ба гардани дигарон бияндозанд. Муҷримон мегуянд агар шумо набудед мо аҳли имон будем ё мегӯянд мо дар асари пайрави аз шумо ба ин фалокат ва сиёҳрузи афдотаем албата ин баҳсу ҷадалҳо ҳеҷ таъсири дар кайфари онҳо надорад ва чизе аз он намекоҳад.

Шайтон ҳам барои дифоъ аз худ мегуяд: Худоё ман касеро ба куфр ва саркаши аз фармони ту маҷбур накардам, балки онҳо худ роҳи туро ба фаромуши супурданд ва дар гумроҳии амиқ фуру рафтанд, аммо дузахиён уро айбдор шумурда ва дар садади тавҷеҳи гуноҳони худ бар меоянд.

Инҷост, ки нидои Илоҳи ба ҷидол ва мухосимаи онҳо поён медиҳад, ки акнун вақти ин суханон нест; таклифи ҳар кас равшанд аст ва ба мизони гуноҳаш кайфар мешавад на камтар ва на бештар ҳаргиз касе гумон накунад, ки зарфияти дузах маҳдуд аст ва ба хотири вуҷуди гунаҳкорон бузург ва донадурушт навбат ба у намерасад, балки дузах бо забони ҳол гунаҳкоронро ба сӯи худ фаро мехонад ва мепурсад: Оё афзун бар ин ҳам ҳаст?!

Аз ин оятҳо меомӯзем:

  1. Падар ва модар ва хоҳар ва бародарро мо интихоб намекунем, аммо дуст ва ҳамнишини хуб ё бадро худамон интихоб мекунем ва онҳо дар сарнавишти мо бисёр таъсиргузоранд.
  2. Дар қиёмат касе наметавонад тақсиркардаҳои хешро ба гардани дустони бад, раҳбарони фосид ва ситамкорон ва ё шайтонҳо биандозад ва масъулиятро аз гардани худ соқит кунад.
  3. Худованд на дар ҳидояти умуми инсонҳо кутоҳи кард, ки ба онҳо зулм карда бошад ва на дар кайфари золимон кутоҳи мекунад, зеро бахшиш дар кайфари золимон сабаби зулм ба некон ва ситамдидагон мешавад.
  4. Муҷримон бар асари зулме, ки дар ҳақи худ муртаким шуданд, гирифтори дузах мешаванд на зулми Худованд ба онҳо, зеро ҳаргиз Худо ба касе зулм намекунад.