Қисмати 960 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 31-37
Қисмати 960 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 31-37
31
«وَ أُزْلِفَتِ الْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِینَ غَیْرَ بَعِیدٍ»،
Ва биҳишт барои парҳезкорон наздик карда шавад, дар ҳоле, ки дур набошад.
32
«هذا ما تُوعَدُونَ لِکُلِّ أَوَّابٍ حَفِیظٍ»
]Гуфта мешавад[ Ин чизест, ки ваъда дода мешудед; барои ҳар бозгашткунандаи нигоҳдоранда;
Дар барномаи қабл саранҷом инсонҳое, ки аз рӯи душмани ва лаҷоҷат имон намеоваранд баён шуд; ин оятҳо дар муқоиса бо онҳо ба фарҷоми неки муъминон ишора карда ва мефармояд: Дар қиёмат биҳишт барои порсоён ва покон муҳаё шуд ва ба суҳулат дар ихтиёри онҳо қарор мегирад то аз неъматҳои бепоёни Илоҳӣ баҳраманд шаванд.
Ин подоши бузург натиҷаи муроқибати онҳо аз дастуроти Илоҳи дар дунёст, ки мешуд аз нофармонии Худо бипарҳезанд агар ҳам аз руи ҷаҳлу ғафлат дучори лағзиш ва хато мешуданд зуд бозмегаштанд ва тавба мекарданд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Муъминон ҳам монанди кофирон аз гуноҳ масун нест, аммо бар хилофи кофирон бар анҷоми гуноҳ исрор намеварзанд ва агар дучори лағзиш шуд, пушаймон шуда ва тавба мекунанд ва дар мақоми ҷуброн бармеояд.
- Агар ба ваъдаҳои Худованд имон дорем мумтмаин бошем, ки поки ва парҳезкори ва бозгашт ба суи Худо моро ба биҳишт мерасонад.
33
«مَنْ خَشِیَ الرَّحْمنَ بِالْغَیْبِ وَ جاءَ بِقَلْبٍ مُنِیبٍ»،
Касе, ки аз ]Худои[ Раҳмон дар ниҳон битарсад ва бо дили бозгашткунанда биёяд.
34
«ادْخُلُوها بِسَلامٍ ذلِکَ یَوْمُ الْخُلُودِ»،
]Гуфта мешавад[ Ба саломат ба он дохил шавед, ин рӯзи ҷовидонагӣ аст.
35
«لَهُمْ ما یَشاؤُنَ فِیها وَ لَدَیْنا مَزِیدٌ»
Барояшон дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд ҳаст; ва назди Мо бештар ]аз он[ аст.
Ин оятҳо дар идомаи оятҳои қабл мефармояд: Нишонаи имони воқеъи ба Худо он аст, ки дар халват ва ниҳон дар ҷойе, ки касе ҷуз Худо ҳозир ва нозир нест, инсон аз Худо парво кунад ва муртакиби гуноҳ нашавад; агар ҳам гирфтори гуноҳ шуд зуд тавба кунад ва бозгардад чунин руҳияи инсонро аз дузах раҳои мебахшад ва ӯро ба биҳишт ворид карда ва дар онҷо мондгор месозад.
Онҳо, ки дар дунё ба хотири ҷалби ризояти Худо аз он чи дилашон мехост даст кашиданд; Худованд дар биҳишт ҷуброн мекунад ва мефармояд: Акнун ҳар чи шумо бихоҳед барои ҷалби хушнудии шумо фароҳам аст илова бар он ончи аз неъматҳоеро, ки шумо намедонед, ки дархост кунед Худо аз руи лутф ва карамаш ба шумо эъто мекунад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Қалби муъминон анобеҳкунанда ва тавбакор аст ва ҳамин сабаби наҷоти онҳо мешвад, аммо қалби кофирон ва мунофиқон бемор аст ва баҳонакунандаи ҷурмҳо ва гуноҳони онҳост лизо наҷот намеёбанд.
- Тарки гуноҳ дар назди дигарон ва дар анзори умуми ва иҷтимоъӣ нишонаи имон нест, зеро чи басо аз руи тарс аз қонун ё интиқоди дигарон ва ё расвоӣ ва обурурези бошад, аммо агар дар ниҳон аз Худо битарсем ва ҳарими Ӯро риъоят кунем нишондиҳандаи имони воқеъи аст.
- Биҳиштиён ҳангоми вуруд ба биҳишт бо ташрифоти хоси мавриди истиқбол бо шукуҳ қарор мегиранд.
- Дар биҳишт ҳеҷгуна маҳдудият ё ранҷу заҳмати барои дарёфти неъматҳо нест ва аз беҳтарин навидҳо ва биҳиштиён башорат ба ҷовидонагӣ ва заволнопазири неъматҳост.
- Инсон мавҷуди бениҳояталаб аст лизо Худованд беш аз хостаҳо ва интизороти биҳиштиён ба онҳо аъто мекунад.
36
«وَ کَمْ أَهْلَکْنا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هُمْ أَشَدُّ مِنْهُمْ بَطْشاً فَنَقَّبُوا فِی الْبِلادِ هَلْ مِنْ مَحِیصٍ»،
Ва пеш аз онҳо чи бисёр умматҳоеро ҳалок кардаем, ки онҳо аз инҳо нерӯмандтар буданд, пас дар шаҳрҳо роҳ мекушоданд; оё роҳи гурезе ]аз азоби Худо[ ҳаст?
37
«إِنَّ فِی ذلِکَ لَذِکْرى لِمَنْ کانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَ هُوَ شَهِیدٌ»
Ҳамоно дар ин ]моҷаро[ пандест, барои касе, ки ӯ диле дорад ё гӯш фаро диҳад, дар ҳоле, ки ӯ гувоҳ бошад.
Ин оятҳо ҳушдори аст ба ҳамаи ситамгароне, ки гумон накунанд неру ва қудрати онҳо монеъи таҳаққуқ иродаи Худованд аст ва метавонанд аз чанголи қудрати Илоҳӣ раҳо ёбанд чи бисёр ҳокимони қудратманди дар тули таърих буданд, ки кишваргушоӣ карда ва бар навоҳи густардае аз замин нуфуз ва тасалут ёфтанд, аммо мақҳури қудрати Худованд шуда ва ба ҳалокат расиданд.
Табиъи аст касоне, ки саргузошати ақвоми пешин ибрат мегиранд, ки бо мутолеъаи таърихи онҳо ба таҳлили аъмол ва рафтори саргузашти онҳо бипардозанд ва аз ин раҳгузар ба омилҳои суқут ва ҳалокаташон пай бибаранд ё лоақал ба касоне, ки аҳли таҳлили дурусти руйдодҳои таърихи ҳастанд гуш бисупоранд ва панд бипазиранд ва аз куфр ва зулм даст бардоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Шинохти далелҳо аз байн рафтани тамадунҳои бузурги гузашта бояд чароғи роҳи инсонҳои имруз ва оянда бошад.
- Яке аз суннатҳои Илоҳи нобудии умматҳо ва қудратмандони ситезаҷу ва ситампеша аст.
- Қудрат бистари зулму фасод аст ва заминаро барои туғён ва саркаши ва таъаруз ба дигарон фароҳам мекунад магар он ки неруи имон инсонро аз зулм ва таъадии бад игарон боз дорад.
- Мутолеъаи таърихи гузаштагон ба танҳои кифоят намекунад барои наҷот аз осебҳо шинохти таҳавулоти таърихи ва қавонини ҳоким бар он лозим аст.