Қисмати 961 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 38-45
Қисмати 961 сураи муборакаи “ҚоФ” ояти 38-45
38
«وَ لَقَدْ خَلَقْنَا السَّماواتِ وَ الْأَرْضَ وَ ما بَیْنَهُما فِی سِتَّةِ أَیَّامٍ وَ ما مَسَّنا مِنْ لُغُوبٍ»،
Ва ба таҳқиқ осмонҳо ва замин ва он чиро, ки байни он ду аст, дар шаш рӯз офаридем; ва ҳеҷ хастагие Моро нарасид.
39
«فَاصْبِرْ عَلى ما یَقُولُونَ وَ سَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّکَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَ قَبْلَ الْغُرُوبِ»،
Пас, барои он чи мегӯянд, сабр кунед; ва пеш аз тулӯи хуршед ва пез аз ғуруб бо ситоиши Парвардигронат тасбеҳ бигӯ.
40
«وَ مِنَ اللَّیْلِ فَسَبِّحْهُ وَ أَدْبارَ السُّجُودِ»
Ва посе аз шаб ва низ баъд аз саҷдаҳо, пас, Ӯро тасбеҳ бигӯ.
Дар барномаҳои қабл нукоте бар пояи қиёмат ва мункирони он матраҳ шуд. Ин оятҳо бори дигар бар қудрати Илоҳи ишора карда ва мефармояд: Чигуна дар омадани қиёмат тардид мекунед дар ҳоле, ки ҷаҳони мавҷуд бо ҳамаи бузургияш ба иродаи Худованд дар шаш рӯз барпо шуд ва офариниши он ҳеҷ ранҷу заҳмат ва хастагӣ барои Худо надошта аст.
Онгоҳ Худованд хитоб ба Паёмбараш мефармояд: Аз суханони мункирони маъод нороҳат нашав, ғаму андуҳ ба худ роҳ наде ва бо зикр ва ёди Худо дар соати мухталифи шабона руз сиаи садри худро тақвият ва суханони онҳоро таҳамул кун.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Бо он ки Худованд метавонист дар як лаҳза ҳамаи ҳастиро халқ ва эҷод кунад, аммо бар тадриҷи будани офариниши ҷаҳон таъкид дорад ва ин баёнгари низом асбоб ва мусабибот дар идораи олам аст.
- Олами ҳасти бисёр васеъ ва густарда аст бузургии ин ҷаҳон, қудрати бепоёни Худовандро ба намоиш мегузорад.
- Туҳматҳо, бадгуиҳо ва суханони норавоӣ мухолифон набояд сабаби сусти ва ақибнишинии мо дар баёни ҳақ шавад, балки бояд бо сабру талош ва пуштикор ба роҳи худ идома диҳем.
- Беҳтарин пуштивона сабр ва шакибоӣ дар баробари мушкилот, ёди Худо дар ҳамаи соатҳо ва вақтҳо аст.
- Гарчи ёди Худо замон надорад, аммо вақтҳои хоси намоз дорои фазилат ва бартари ва таъсири бештар аст.
41
«وَ اسْتَمِعْ یَوْمَ یُنادِ الْمُنادِ مِنْ مَکانٍ قَرِیبٍ»،
Ва ]моҷарои[ рузеро гӯш диҳед, ки нидодиҳандае аз ҷои наздик нидо медиҳад;
42
«یَوْمَ یَسْمَعُونَ الصَّیْحَةَ بِالْحَقِّ ذلِکَ یَوْمُ الْخُرُوجِ»،
Рӯзе, ки садои маргборро ба ҳақ бишнаванд; ин рӯзи берун омадан ]аз қабр[ аст.
43
«إِنَّا نَحْنُ نُحْیِی وَ نُمِیتُ وَ إِلَیْنَا الْمَصِیرُ»،
Ҳамоно Мо Худ зинда мекунем ва мемиронем; ва бозгашт ба сӯи Мост.
44
«یَوْمَ تَشَقَّقُ الْأَرْضُ عَنْهُمْ سِراعاً ذلِکَ حَشْرٌ عَلَیْنا یَسِیرٌ»
Рӯзе, ки замин аз болои онҳо бишкофад, шитобон ]берун оянд[; ин ҷамъоварӣ бар Мо осон аст.
Ин оятҳо баёнгари маросими ифтитоҳияи як ҳамоиши бузург дар қиёмат аст, ки бо ҳузури ҷамъияти миллиардии мардуми ҷаҳон ва бо як нидои Илоҳи ва осмони оғоз мешавад. Он нидои осмонӣ чунон дар фазо пахш мешавад, ки ҳамаи ҳали маҳшар садои онро аз наздик мешунаванд нидое, ки бузургияш боис мешавад куҳҳо ва замин шикофта шаванд, мурдагон аз хок берун оянд ва инсонҳои парокандае ҷамъ шаванд.
Дар оятҳо ба ин нукта низ ишора шуд, ки ҳамон Худое, ки барои нахустин бор онҳоро дар дунё офарид ва сипас онҳоро миронд, имрӯз онҳоро дубора зинда мекунад то ба масирашон дар ҷиҳати ҳадафи офариниши худ идома диҳанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Миъод амри ҷисмони аст яко яки инсонҳо аз хок бар мехезанд ва дар саҳнаи қиёмат ҳозир мешаванд.
- Марг ва ҳаёт танҳо ба дасти Худованд аст ва ин беҳтарин далел бар имкони зинда кардани мурдагон дар қиёмат аз сӯи Худост.
45
«نَحْنُ أَعْلَمُ بِما یَقُولُونَ وَ ما أَنْتَ عَلَیْهِمْ بِجَبَّارٍ فَذَکِّرْ بِالْقُرْآنِ مَنْ یَخافُ وَعِیدِ»
Мо ба он чи мегӯянд, донотарем; ва ту бар онҳо зӯргӯ нестӣ; пас, касеро, ки аз азоби ман метарсад, бо Қуръон панд бидиҳед.
Дар идомаи оятҳои қабл ин оят бори дигар хитоб ба Паёмбари Акрам мефармояд: Ончиро мункирони маъод дар нафи даъвати ту мегуянд ва дигаронро аз имон ба ту боз медоранд, Мо аз он огоҳем, аммо интизор надошта бошем, ки ҳама ба ту имон биёваранд, зеро мо инсонҳоро озод офаридаем ва онҳо ҳақи интихоб доранд.
Вазифаи ту ба унвони Паёмбар иблоғи рисолати Илоҳи ва ҳушдор ба мардум дар мавриди оқибатҳои корҳояшон аст. Ту маъмури нести, ки касеро ба иҷбор ба пазириши дин ва идоракуни ва даъвати худро ба зур ба каси таҳмил намоӣ.
Аз ин оят меомӯзем:
- Аз онҷо, ки Қуръон беҳтарин василаи тазакур аст меҳвари аслии мабоҳиси ахлоқи ва панду андарзи мардум бояд оятҳои Қуръон бошад на сайрусулукҳои худсохта ва салиқаӣ.
- Усули динҳои Илоҳи фитри аст ва дар ниҳоди ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад танҳо ёдовари лозим аст ба ҳамин хотир Паёмбарон талош мекунанд бо тазакур ва андарз фитрати наҳуфта ва фаромуш шуда инсонҳоро бедор кунанд.
- Вазифаи Паёмбарон таблиғи дин аст ва зур ва иҷбори дар кор нест чаро, ки пазириши дин ёбад аз рӯи ирода ва ихтиёр бошад.