Қисмати 962 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 1-14
Қисмати 962 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 1-14
Ба номи Худо
«وَ الذَّارِیاتِ ذَرْواً»
1
Қасам ба бодҳое, ки ]абрҳоро[ пароканда мекунад;
«فَالْحامِلاتِ وِقْراً»
2
Ва ба абрҳои гаронбор;
«فَالْجارِیاتِ یُسْراً»
3
Ва ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд;
«فَالْمُقَسِّماتِ أَمْراً»
4
Ва ба ]фариштагони[ тақсимкунандаи кор]ҳо[.
«إِنَّما تُوعَدُونَ لَصادِقٌ»
5
Ҳамоно он чи ваъда дода мешавед, рост аст.
«وَ إِنَّ الدِّینَ لَواقِعٌ»
6
Ва ҳатман ]рӯзи[ ҷазо воқеъшуданӣ аст.
Ин сура монанди бархи сураҳои дигари Қуръон бо чанд савганд оғоз мешавад:
Савганд ба падидаҳои табиъат монанди абру бод, ки сабаби бориши борон ва руйиши гиёҳон ва дарахтон ва густариши зиндагии баша дар нуқтаҳои мухталифи замин шудаанд.
Савганд ба киштиҳое, ки бар пушти об савор шуда ва бо вазиши бод мусофирон ва колоҳоро аз нуқтаи ба нуқтаи дигар ҷо ба ҷо мекунанд.
Ва савганд ба фариштагоне, ки маъмури ризқҳои инсонҳо дар сарорсари ҷаҳон ҳастанд.
Бешубҳа ҳаёти навъи башар, ҳайвонот ва гиёҳон дар гарави бориши борон аст ва бодҳо дар ҷо ба ҷо кардани абрҳо, таъдили ҳаво ва лиқоҳи гиёҳон нақши муҳим доранд, киштиҳо низ дар зиндагии башар нақш доранд дар ҳақиқат васеътарин ва арзонтарин роҳҳо барои ҷо ба ҷоӣ колоҳо ва маҳмулаҳои сангин роҳҳои дарёӣ аст.
Ба яқин ин савгандҳои Қуръон баёнгари тадбир ва қудрати Илоҳӣ дар идораи умури зиндагии мардум аст то мункирони маъод бидонанд, ки Худованд ҷаҳонро пас аз офариниш ба ҳоли худ раҳо накарда ва барои он поёни қарор дода аст поёне, ки дар ҷаҳон пас аз марг муҳаққақ мешавад ва аз тариқи Паёмбарон дар тули таърих ба башар ваъда дода шуда аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Савганд ба падидаҳои табиъат чун абр ва бод ва борон инсонро ба кашфи қонунҳои ҳастаӣ ва тадбири ҳоким бар онҳо ташвиқ мекунад. Шиносоӣ ин падидаҳо ва қонунҳои ҳоким бар онҳо муқадимаи барои Худошиносӣ аст.
- Худованд аз тариқи сабабҳо ва мусабиботи моди ва ғайри моди ин ҷаҳонро идора мекунад.
- Ҳайратовар он аст, ки ба ваъдаҳои ин ва он итминон мекунем, аммо ба ваъдаи қатъи ва дурусти Худованд итминон намекунем!!
«وَ السَّماءِ ذاتِ الْحُبُکِ»
7
Қасам ба осмони дорандаи роҳҳо.
«إِنَّکُمْ لَفِی قَوْلٍ مُخْتَلِفٍ»
8
Ҳамоно шумо дар гуфторе гуногунед.
«یُؤْفَکُ عَنْهُ مَنْ أُفِکَ»
9
Аз он (имон) бозгардонида мешавед, касе, ки мунҳариф, шуда бошад.
Дар идомаи савгандҳо дар оятҳои қабл дар ин оятҳо ба азамати осмон савганд ёд шуда аст осмоне, ки дорои миллиардҳо каҳкашон ва ситора аст ва ситорагон дар торикиҳои шаб ба монанди чароғи зебо дар осмон медурахшанд.
Аммо мункирони мабдаъ ва маъод бедуни таваҷҷуҳ ба тадбир ва иродаи Худованд дар осомн ва замин дар бораи нузули ваҳӣ бар Паёмбарон барои ҳидояти башар ба суи камол шубҳа мекунанд ва ба баҳонаҳои мухталиф Паёмбарон ва омузаҳои онҳоро зери савол мебаранд. Албата онҳо аз мантиқи қави ва суботи ақида бархурдор нестанд лизо мавзеъҳояшон нопойдор ва гуфтаҳояшон мутаноқиз аст, аммо дар муқобил роҳи ҳақ як аст ва аз мантиқи равшан ва мавзеъҳои устувор бархурдор аст.
Бадеҳи аст, ки ҳар кас ҳақро бишносад ва по руи он бигузорад гирифтори инҳироф шуда аст, ки ин худ инҳироф ва каҷравии бештари уро ба дунбол дорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Суханони мункирони маъод бар пояи далел ва мантиқ нест лизо суханони онҳо парканда ва гоҳ зид ва ноқиз аст.
- Роҳи мустақим якто аст, вале бероҳаҳо ва масирҳои инҳирофи бисёр аст.
- Ҳар инҳироф, лағзиш ва гуноҳи заминасози инҳирофот, лағишҳо ва гуноҳони дигар аст ва роҳи бозгашт ба суи ҳақро сахтар месозад.
«قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ»
10
Марг бар дурӯғпардозон!
11
«الَّذِینَ هُمْ فِی غَمْرَةٍ ساهُونَ»
Касоне, ки онҳо дар гирдоби ]ҷаҳл[ бехабаранд.
12
«یَسْئَلُونَ أَیَّانَ یَوْمُ الدِّینِ»
Мепурсанд: »Рӯзи ҷазо кай аст?"
13
«یَوْمَ هُمْ عَلَى النَّارِ یُفْتَنُونَ»
Он рӯз, ки онҳо дар оташ уқубат мешаванд.
14
«ذُوقُوا فِتْنَتَکُمْ هذَا الَّذِی کُنْتُمْ بِهِ تَسْتَعْجِلُونَ»
]Гуфта мешавад[ Бичашед азобатонро, ин ҳамон аст, ки ба талаби он шитоб мекардед.
Дар идомаи оятҳои қабл, ин оятҳо суханони мункирони маъодро бар асоси ҳадсу гумонҳои бепоя ва дуруғпардозиҳоӣ медонад, ки соҳибони онҳо дар ҷаҳлу ғафлат фуру рафтанд ва гумон мекунанд афроди равшанфикр ва фаҳмидаанд.
Яке аз саволҳое, ки бисёри мункирони маъод аз Паёмбарон ва аҳли имон мепурсанд ин буд, ки қиёмат чи замони барпо мешвад? Онҳо гумон мекарданд чун аҳли имон аз замони вуқуъи қиёмат иттилоъ ва огоҳи доранд, пас гуё қиёмати дар вуҷуд надорад дар ҳоле, ки ба унвони мисол хабар надоштан аз замони омадани заминларға далел бар набуди вуқуъи он нест.
Онҳо то замоне, ки оташи дузахро бар бадани худ эҳсос накунанд онро бовар нахоҳанд кард ва аз тамасхури аҳли имон бо ин саволҳои нобаҷо даст бар намедоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Суханони нораво ва бемантиқ дар бораи дине, ки бедуни мабни илмӣ ва бар пояи ҳадсу гумон бошад мояи дури аз раҳмати Илоҳӣ аст.
- Агар аз чигунагии бархе воқеятҳо ва руйдодҳои қиёмат огоҳ набошем, наметавонем онро баҳони барои тардид дар асли маъод қарор диҳем чуноне, ки гуруҳи ба ҳамин баҳона асли маъодро инкор мекарданд.