Қисмати 963 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 15-23
Қисмати 963 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 15-23
«إِنَّ الْمُتَّقِینَ فِی جَنَّاتٍ وَ عُیُونٍ»
15
Ҳамоно парҳезгорон дар боғҳо ва чашмасорон ҳастанд.
«آخِذِینَ ما آتاهُمْ رَبُّهُمْ إِنَّهُمْ کانُوا قَبْلَ ذلِکَ مُحْسِنِینَ»
16
Гирандаи он чизе ҳастанд, ки Парвардигорашон ба онҳо додааст; ҳамоно онҳо пеш аз ин некӯкор буданд;
«کانُوا قَلِیلاً مِنَ اللَّیْلِ ما یَهْجَعُونَ»
17
Андаке аз шабро мехобиданд.
«وَ بِالْأَسْحارِ هُمْ یَسْتَغْفِرُونَ»
18
Ва онҳо саҳаргоҳон истиғфор мекунанд.
«وَ فِی أَمْوالِهِمْ حَقٌّ لِلسَّائِلِ وَ الْمَحْرُومِ»
19
Ва дар амволашон ҳаққе барои дархосткунанда ва маҳрӯм буд.
Яке аз шеваҳои тарбияти Қуръон муқоисаи инсонҳои хуб ва бад аст дар барномаи қабл ба мункирони қиёмат ва бадкорон ишора шуд ин оятҳо ба баёни вижагиҳои покон ва дурусткорон мепардозад ва мефармояд: Ин афрод дар қиёмат алтофи махсуси Илоҳиро дарёфт мекунанд, зеро дар дунё аҳли бахшиш ва некии ба дигарон буданд.
Мумкин аст гуфта шавад бархе мункирони маъод низ ба хотири эҳсоси навиъи дусти ба дигарон кумак мекунанд, аммо муъминони покдил, афзун ба эҳсон ба бандагони Худо бо Худо низ иртибот доранд ва аҳли намоз ва бандаги ва истиғфор ҳастанд дар руз ба фикри дигарон ва ғамхорионҳо ҳастанд ва дар шаб ба худ ва Худо меандешанд ва робитаи маънавии хешро бо Худованд мустаҳкам месозанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Чашмпуши аз лазатҳо ва хушиҳои олуда ба гуноҳ дар ин ҷаҳон лазатҳои пойдор ва комёбии доим дар охиратро ба дунбол дорад.
- Иртибот бо Худо ва дуъо ва бандаги бадаргоҳи Ӯ аз як су ва бахшиш ба ниёзмандони ҷомеъа аз суи дигар ду боли парвоз ба суи малакут ва расидан ба саъодати абади аст ва ҳар яке бедуни дигар инсонро ба мақсад намерасонад.
- Дар дили шаб ба намоз ва бандагии Худо ва гузаштан аз хоби ширини шабона аз вижагиҳои парҳезкорон аст.
- Беҳтарин замон барои истиғфор аз гуноҳон ва талаби бахшиш аз Худованд ҳангоми саҳар аст.
- Он чи ба ниёзмандон ва маҳрумон дода мешавад ҳаққи худи онҳо аст, зеро Худованд дар амволи мардум ҳаққи барои мустамандон ва дармондагон дода аст лизо набояд бар онҳо миннат гузошт.
«وَ فِی الْأَرْضِ آیاتٌ لِلْمُوقِنِینَ»
20
Ва дар замин барои яқинкунандагон нишонаҳоест;
«وَ فِی أَنْفُسِکُمْ أَفَلا تُبْصِرُونَ»
21
Ва низ дар худи шумо; пас, оё намебинед?
«وَ فِی السَّماءِ رِزْقُکُمْ وَ ما تُوعَدُونَ»
22
Ва рӯзии шумо ва он чи ваъда дода мешавед, дар осмон аст.
«فَوَ رَبِّ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِثْلَ ما أَنَّکُمْ تَنْطِقُونَ»
23
Пас, қасам ба Парвардигораи осмон ва замин, ки қатъан он ҳақ аст, ҳамон гуна ки шмо сухан мегӯед.
Дар оятҳои қабл сухан аз қиёмат буд ин оятҳо ба шинохти мабдаъ бозгашта ва мефармояд: Чаро инсон чашм намегушояд ва бузургии офариниши худ ва ҷаҳон пайромуни худ наменигарад? Дар сухани пешвоёни дин бар ин нукта таъкид шуда аст, ки: " من عرف نفسه فقد عرف ربّه" "Ҳаркас ки худро шинохт Парвардигори хешро шинохта аст".
Имрӯз даҳҳо тахасуси донишгоҳи дар бахши улуми пизишкӣ ва равоншиносӣ ба шакле дар мавриди абъоди вуҷуди инсон ва ҷисму равони ӯ мутолеъа ва таҳқиқ мекунанд то ба шинохти комилтари аз инсон даст ёбанд бо ин ҳол бо ҳамаи талош ва кушиши башар дар ин роҳ метавон гуфт, ки бисёри аз абъоди вуҷуди ӯ шинохта нашуда монд ва ҳануз ҳам метавон гуфт, ки инсон мавҷуди ношинохта аст.
Марҳалаҳои рушди инсон дар даврони ҷанини то рушди у ба унвони як инсони болиғ ва комил ва низ тавонмандиҳо ва истеъдодҳои шигифтоваре, ки дар вуҷуди ӯ ниҳода шуд аз аҷоиби офариниш аст ва нишондиҳандаи он аст, ки офаридагон ба ҳама ниёзҳои инсон огоҳи дошта аст.
Ҳар як аз аъзои бадан монанди чашму гушт ва дандон ё дастгоҳҳои дарунии бадан монанди гардиши хун, гувориш, танафус ва системаҳои дифоъи бадан ба мутахасисони корозмуда ниёз дорад, ки дар мавриди ин аъзо ё дастгоҳҳо таҳқиқ ва мутолеъа кунанд ва сохтор ва амалкарди онҳоро беҳтар бишносанд.
Аз суи дигар замине, ки бар руи он зиндагӣ мекунем, фосилааш аз хуршед ва кураҳои дигар ҳаракатҳои гуногуни он аз ҷумла гардиш ба гирди худ ва хуршед, куҳҳои баланд ва дараҳои амиқи он уқёнусҳое, ки манобеъи азизими захираи оби замин ҳастанд ҳама аз нишонаҳои илм ва тадбири Худонванд ба шумор мераванд.
Дар ҳақиқат замин чун модари саховатманди аст, ки ҳамаи ниёзҳои табиъӣ башар ва ҳазорон навъ ҳайвони сокин дар онро бароварда мекунад, хоки нарми он бистари руиши анвоъи гиёҳон ва дарахтон ва меваҳо аст ҳамчунин куҳҳои сахти он анвоъи маъданҳо ва маводи мавриди ниёзи башарро дар дили худ захира карда аст.
Равшан аст агар касе бо диққат дар офаришини инсон ва ҷаҳон биандешад ба вуҷуди офаридагори ҳаким ва доно пай мебарад, ки хилқати у бар пояи ҳикмат ва тадбир устувор шуд ва ҳадафи Мутаъоли аз офариниши инсон дар ин ҷаҳошт дошта аст ҳадафе, ки бо марги инсон поён намепазирад балки ин ҳадаф шомили ҳаёти пас аз марги у низ ҳаст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Яке аз шеваҳои Қуръон барои шинохти офаридагор таваҷҷуҳ додан ба нишонаҳои Худо дар замин аст, ки инсонро ба вуҷуди Парвардигори донон ва тавоно мутмаин месозад, бадеҳи аст бо пешрафти илм ва кашфи асрори табиъат руз ба руз нишонаҳои илму қудрати Худованд дар замин ошкортар мешавад.
- Худшиносӣ яке аз беҳтарин роҳҳои Худошиносӣ аст, ки инсонро аз худ ба Худо мерасонад.
- Сарчашмаи ризқ дар осмон аст ва осмону замин бо кумаки якдигар ризқи инсонро фароҳам мекунанд, нури хуршед ва абру боду борон хоки беҷонро ҳаёт мебахшанд ва ҳамаи ҷондоронро тағзия мекунанд.
- Қудрати нутқ ва сухан гуфтан яке аз муҳаббатҳои махсуси Парвардигор ба башар аст, ки Худованд барои ҳақиқи будан сухан ва ваъдаи худ ба сухан гуфтани башар мисол мезанад.