Қисмати 965 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 38-46
Қисмати 965 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 38-46
«وَ فِی مُوسى إِذْ أَرْسَلْناهُ إِلى فِرْعَوْنَ بِسُلْطانٍ مُبِینٍ»
38
Ва низ дар достони Мӯсо, ҳангоме, ки ӯро бо далели ошкор ба сӯи Фиръавн фиристодем.
«فَتَوَلَّى بِرُکْنِهِ وَ قالَ ساحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ»
39
Пас, Фиръавн бо лашкаркаши худ рӯй гардонид ва гуфт: Ӯ ҷодугар ё девонааст.
«فَأَخَذْناهُ وَ جُنُودَهُ فَنَبَذْناهُمْ فِی الْیَمِّ وَ هُوَ مُلِیمٌ»
40
Пас ӯ ва лашкариёнашро гирифтем ва онҳоро дар дарё андохтем, дар ҳоле ки ӯ сарзаниш кунанда-и худ буд.
Дар барномаи қабл сухан аз нузули азоб бар қавми гунаҳкори Лут буд. Ин оятҳо ба сарнавишти Фиръавн ва пайравони ӯ ишора карда ва мефрмояд: Ҳазрати Мусо ба ҷой он ки ба сӯи қавми бани исроил биравад дар қадами аввал ба суроғи Фиръавн рафт зеро у он қавмро таҳти султаи золимонаи худ гирифта буд мардон ва занони онҳоро озор ва шиканҷа медод ва онҳоро барда ва канизи худ карда буд.
Пас ҳазрати Мусо барои раҳоӣ қавми бани Исроил аз чанги Фиръавн ибтидо ба суроғи Фиръавн рафт ва бо ироаи муъҷизоти Илоҳӣ ва далел ва мантиқи равшан ҳақонияти худро собит кард, аммо Фиръавн ва тарафдоронаш сухани ҳақро намепазируфтанд онҳо Мусоро ҷодугар хонданд ва Ӯро ба ҳукми ақли ва ҷунуни мутаҳам сохтанд.
Дар ниҳоят фиръавниён дар ғазаби Илоҳи гирифтор шуданд дар ҳоле, ки ҳеҷ роҳи фирори надоштанд онҳо ҳамаги дар руди Нил ғарқ шуданд ва дар тули таърих сазовори сарзаниши ақвом ва миллатҳои мухталиф гардиданд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Раҳоӣ мардум аз султаи зургуён ва золимон яке аз ҳадафҳои наҳзати Паёмбарон аст.
- Ҳокимони фосид мардони Худоро, ки барои ислоҳи умури ҷомеъа қиём мекунанд терори шахсияти мекунанд туҳматҳои нораво ба онҳо мезананд ва онҳоро мунҳариф ҷодугар ё девона муъарифи мекунанд.
- Қудратҳои бузург бо ҳамаи неру ва имконоташон дар баробари иродаи Илоҳӣ бисёр заъиф ва нотавонанд пас бояд бар Худо тавакал кунем ва ҳеҷ тарсе аз онҳо ба дил роҳ надиҳем.
«وَ فِی عادٍ إِذْ أَرْسَلْنا عَلَیْهِمُ الرِّیحَ الْعَقِیمَ»
41
Ва ]низ[ дар ]достони қавми[ Од ҳангоме, ки бар онҳо бозди бебаҳра фиристодаем.
«ما تَذَرُ مِنْ شَیْءٍ أَتَتْ عَلَیْهِ إِلاَّ جَعَلَتْهُ کَالرَّمِیمِ»
42
Бар чизе намегузашт, магар ин ки онро монанди устухони пӯсида мекард.
Ҳазарти Ҳуд паёмбари қавми Од буд қавме, ки дар ҷануби ҷазиратулараб зиндаги мекарданд ва аз назари ҷисми афроди қави, қоматбаланд ва бадани бузург доштанд. Онҳо дар сохти биноҳои баланд ва азим дар дили куҳҳо тавоноӣ ва маҳорати хос доштанд.
Аммо онҳо ба ҷойи пайрави аз паёмбарои Илоҳӣ аз ҳокимони ситамгор иттоъат мекарданд ва дар баробари ҳақ меистоданд то онки Худованд азоби сахтеро бар онҳо нозил кард боди азизими варзидан гирифт, ки он мардумони қавиро чун каҳ ба боло мебурд ва бар замин мекубид.
Аз ин ояҳо меомӯзем:
- Бод, ки мазҳари раҳмати Илоҳӣ дар ҷобаҷои абрҳо ва бориши борон ва руиши гиёҳон аст гоҳе мазҳари ғазаби Илоҳӣ шуда вайронгари ба бор меоварад ва муҷримонро ба ҳалокат мерасонад.
- Обу бод гарчи аз падидаҳои табиъи ба шумор мераванд, аммо таҳти фармони Худованд ҳастанд ва бо иродаи ӯ золимонро дар худ ғарқу ҳалок мекунанд.
«وَ فِی ثَمُودَ إِذْ قِیلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا حَتَّى حِینٍ»
43
Ва ]низ[ дар ]достони қами[ Самуд ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шуд: »То муддате баҳраманд бошед«.
«فَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ وَ هُمْ یَنْظُرُونَ»
44
Ва аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд, пас соиқа онҳоро фаро гирифт, дар ҳоле ки онҳо менигаристанд.
«فَمَا اسْتَطاعُوا مِنْ قِیامٍ وَ ما کانُوا مُنْتَصِرِینَ»
45
Пас, тавони бархостан надоштанд; ва ёридиҳандагон]-и худ[ набуданд.
«وَ قَوْمَ نُوحٍ مِنْ قَبْلُ إِنَّهُمْ کانُوا قَوْماً فاسِقِینَ»
46
Ва пеш аз ин қавми Нӯҳро ]ҳалок кардем[; ҳамоно онҳо гурӯҳи фосиқ буданд.
Ҳазрати Солҳе паёмбари қавми Самуд буд онҳо барои исботи ҳақонияти Солеҳ аз Ӯ дархости муъҷизаи аҷиб карданд: Пайравон омадани шутур аз дили куҳ! Ҳазрати Соҳел ба онҳо гуфт: Агар ин амр анҷом шадва ва шумо имон наёвардед ҳалок хоҳед шуд аммо онҳо, ки гумон намекарданд чунин муъҷизаи шудани аст бархостаи худ пофишори карданд.
Ба изни Худованд шутури бузурги аз дили куҳ берун омад, аммо қавми Самуд ба ҷойи иқрор ба ҳақонияти ҳазрати Солеҳ Ӯро такзиб карданд ва дар пайи куштани шутур баромаданд пас аз кушта шудани шутур се руз ба онҳо муҳлат дода шуд то тавба кунанд, вале онҳо бознагаштанд ва бо раъдубарқи осмони чунон бар замин афтоданд, ки тавони бархостан ва ёри талабидан надоштанд.
Ҳамчунин бо вуҷуди солҳо талоши ҳазрати Нуҳ паёмбари бузурги Илоҳӣ барои роҳнамои ва ҳидояти қавми Нуҳ ҷузи андаки аз онҳо ба Ӯ имон наёварданд ва бар куфру корҳои ношоистаи худ исрор варзиданд то онҷое, ки онҳо низ бо сел ва туфони азим нобуд шуданд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Суннати Илоҳӣ муҳлат додан ба гунаҳкорон аст, аммо агар тавба накунанд дар дунё ё охират гирфтори азоб хоҳанд шуд.
- Қавмҳо ва миллатҳое, ки аз сарнавишти гузаштагон ибрат нагиранд ва масири хешро ислоҳ накунанд худ мояи ибрати ояндагон мешаванд.
- Ҳамаи падидаҳои табиъӣ аз ҷумла об, бод ва раъдубарқ метавонанд асбоби ғазаби Илоҳӣ бошанд ва сабаби ҳалокати қавмҳои гунаҳкор ва фосид шаванд.