Қисмати 966 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 47-53
Қисмати 966 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 47-53
«وَ السَّماءَ بَنَیْناها بِأَیْدٍ وَ إِنَّا لَمُوسِعُونَ»
47
Ва осмонро ба қудрат биняш кардем; ва қатъан мо вусъатдиҳана ҳастем.
«وَ الْأَرْضَ فَرَشْناها فَنِعْمَ الْماهِدُونَ»
48
Ва заминро густаронидемаш, пас чӣ нек омодакунандае ҳастем.
«وَ مِنْ کُلِّ شَیْءٍ خَلَقْنا زَوْجَیْنِ لَعَلَّکُمْ تَذَکَّرُونَ»
49
Ва аз ҳар чизе ду нафъ офаридаем, то шояд шумо панд гиред.
Ин оятҳо бори дигар ба қудрати Худованд дар офариниши осмон ва замин ва мавҷудот ишора мекунад то шаку тардиди мункирони маъодро бартараф созад, лизо аввал ба азамати осмонҳо ишора кард ва мефамояд: Ситорагоне, ки болои сари худ мебинед ва каҳкашонҳое, ки дар ҳоли густариш ҳастанд ва шумо қодир ба мушоҳидаи оғоз ва поёни онҳо нестед шоҳиди ошкор бар қудрати бепоёни Парвардигори олам аст.
Ин оятҳо ба ошкоро ишора мекунанд, ки Худованд осмонро офарид ва пайваста онро вусъат мебахшад, кашфиёти донишмандон низ равшан кард, ки ҷаҳон дар ҳоли сукут нест ва ба суръат дарҳоли густариш шудан аст бар пояи ин назар ситорагоне, ки дар як каҳкашон қарор доранд ба суъат аз марказ дур мешаванд.
Албата донишмандон бар ин боваранд, ки густариши олам лозимааш ин аст ки ҷаҳон дорои нуқтаи оғози буд, ки он дар ҳоли ноқиз буд ва аз он шуруъ ба густариш кард то ба вазъияти кунуни расида аст.
Нафақат осмон болои сарим шумо, балки Худованд замии зерпояи шуморо чунон офарид ва даштҳоро чунон густариш дод, ки замин барои сукунакти шумо, кишоварзӣ, чорводори ва дигар ниёзҳоятон муҳаё шуд.
Ба иборати дигар тамоми шароити зиндагӣ аз суи Худованд барои пазироӣ аз инсоне, ки меҳмони Худо дар ин кураи хоки аст фароҳам шуда аст. Барои равшан шудани матлаб ба як мисол дар мавриди нақи газҳои дар бақои ҳаёти мавҷудоти руи замин ишора мекунем газмҳои замин, ки гирдогириди онро фаро гирифт ва ҳарорати Хуршедро дар худ нигаҳ медорад лизо монеъ аз он мешавад, ки замин шабҳо фавқулода хунук шавад ё рузҳо ба таври тоқатфарсо гарм шавад, илова бар он газҳои замин чу сипари неруманд аз замин ва сокинонаш дар баробари ҳуҷуми сангҳои осмони муҳофизат мекунад ба ин сурат, ки ба маҳзи бархурди шаҳобсангҳо ба газ онҳоро месузонанд ва аз байн мебарад.
Баъд аз сухан дар бораи офаришини осмон ва замин баҳси мавҷудоти мухталиф ба миён меояд. Худованд дар ҳамаи чиз низоми завҷиятро қарор дода аст то давом ва бақои ҳар мавҷуди тазмин шавад ва ба сурати табиъӣ насли инсон ва дигар мавҷудот идома ёбад албата ин зувҷай шомили ҳамаи мавҷудот мешавад.
Таваҷҷуҳ дар мавориди зикршуда кофи аст барои онки инсон ба қудрати офаридагор дар барпои қиёмат имон биёваред ва аз саркаши ва лаҷоҷат даст бардорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Ҷаҳон сокин ва собит нест, балки ба таври пайваста дар ҳоли ҳаракат ва густариш аст.
- Қонуни завҷият махсуси инсон ва ҳайвонот ва гиёҳон надорад ҷамодотро низ шомил мешавад.
- Қуръон китоби барои ошноӣ бо падидаҳои табиъӣ нест, аммо барои канор задани пардаҳои ҷаҳлу ғафлат аз баробари дидагони инсон ба пораи аз қавонини ҳоким бар табиъат, ки нишондиҳандаи қудрати офаридагори ҷаҳон аст ишора мекунад.
«فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ إِنِّی لَکُمْ مِنْهُ نَذِیرٌ مُبِینٌ»
50
Пас, ба сӯи Худо бигурезед; ҳамоно ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам.
«وَ لا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلهاً آخَرَ إِنِّی لَکُمْ مِنْهُ نَذِیرٌ مُبِینٌ»
51
Ва бо Худо маъбуди дигареро қарор надиҳед, ҳамоно ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳудордиҳандаи ошкор ҳастам.
Дар идомаи оятҳои қабл дар ин оятҳо Расули Худо маъмур мешавад, ки ба мушрикон ва кофирон чунин ҳушдор диҳад: Ба ҷой он ки дар низоми хилқат ё тадбири умури ҷаҳон барои Худо шарик қоил шавед, аз бутҳои сангӣ ва маъбудҳои хиёли бигурезед ва ба Худо паноҳ оваред то роҳи дурусти зиндагиро биёбед ва дучори оқибатҳои бади ширк ва куфр нашавед.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Серват ва қудрат низ дустон ва ошноён чеҳкадом такягоҳи боваринок барои инсон нестанд танҳо паноҳгоҳи боваринок барои башар Худованд аст лизо ҳақиқат аст, ки танҳо бар Ӯ тавакал кунем.
- Паёмбарон дар канори даъват ба тавҳид ва роҳнамоӣ мардум ба корҳои нек вазифадоранд онҳоро огоҳ созанд ва дар мавриди оқибатҳои афкор ва боварҳои нодуруст ва корҳои бад ба онҳо ҳушдор диҳанд.
«کَذلِکَ ما أَتَى الَّذِینَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلاَّ قالُوا ساحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ»
52
Ингуна ҳеҷ паёмбаре ба сӯи касоне, ки пеш аз онҳо буданд наёмад, магар ин ки гуфтанд: «[Ӯ] ҷодугар ё девонааст».
«أَ تَواصَوْا بِهِ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طاغُونَ»
53
Оё якдигарро ба он супориш мекардаанд?Балки онҳо қавми саркашанд.
Дар барномаи қабл дидем, ки Фиръавн ҳазрати Мусоро ба ҷодугари ё девонаги мутаҳам сохт то мардумро аз гирди ӯ дур кунад ин оятҳо мефармояд: Фақат ҳазрати Мусо набуд, ки ба ӯ туҳмат заданд, балки ҳамаи паёмбарони Илоҳӣ дар тули таърих мавриди чунин туҳматҳои қарор гирифтанд.
Ин кор чунон дар миёни қавмҳои мухталиф ривоҷ дошта аст, ки гуё ҳар қавми ба дигари тавсия кард чунин туҳматҳоеро бизананд ва дар ин кор кутоҳи накунад дар ҳоле, ки дар ҳақиқат ин чунин набуд аст, балки руҳияи саркаши дар баробари ҳақ сабаб мешуд, ки онҳо барои берун рондаи мардони ҳақ аз саҳна даст ба чунин корҳое бизананд, агар ҳам метавонистанд худи Паёмбаронро аз миён бардоранд шахсияти онҳоро дар ҷомеъа терор мекарданд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Аз неши забон ва бадгуӣ мухолифон натарсед ва ақибнишини накунем, зеро Паёмбарони Илоҳӣ низ ҳамвора дар маърази анвоъи туҳматҳо ва ифтироҳо буданд.
- Туғён ва таҷовуз аз ҳудуди инсоният ва ҳақиқатҷуӣ инсонро дар баробари Паёмбарони Илоҳӣ қарор медиҳад то ҷое, ки ҳозир мешавад онҳоро ҷодугар ва девона бихонанд.