Қисмати 967 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 54-60
Қисмати 967 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 54-60
«فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَما أَنْتَ بِمَلُومٍ»
54
Пас аз онҳо рӯй гардон; ва ту сарзанишшуда нестӣ.
«وَ ذَکِّرْ فَإِنَّ الذِّکْرى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِینَ»
55
Ва панд деҳ, ки ҳамоно панд додан мӯъминонро нафъ медиҳад.
Дар барономаи қабл гуфтем, ки дар тули таърих мухолифони ҷараёни набуват Паёмбарони Илоҳиро мутаҳам ба ҷодугари ё иртибот бо ҷинҳо мекарданд то ба ин шакл муъҷизот ва корҳои хориқулодаи онҳоро камарзиш ҷилва диҳанд ва иртиботи онҳо бо Худовандро рад кунанд.
Ин оятҳо хитоб ба Расули гиримоии Ислом мефармояд: Ту вазифаи худро дар ҳидояти ин идда ба хуби анҷом дади ва мавриди сарзаниш нести пас аз ин афрод руй бигардон ва онҳоро ба ҳоли худ вогузор, ки умеди ба ҳидояти онҳо нест зеро дар мақоми шинохти ҳақиқат ва пазириши он нестанд.
Албата ҳушдор ва тазакур ба ҳамаи мардум аз вазифаҳои аслии Паёмбарон аст ва касоне, ки ба дунболим шинохти ҳақ ва имон овардан ба он ҳастанд аз пандҳо ва андарзҳои равшангарии Расули Худо баҳра мебаранд ва роҳи ҳидоятро меёбанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Вазифаи Паёмбарон расондани паёми Илоҳӣ ба ҳамаи мардум аст вале натиҷаи кор дар ихтиёри онҳо нест. Онҳо дар муқобили касоне, ки имон намеоваранд масъулияти надоранд.
- Интизори имоновардани ҳамаи мардумро надошта бошем ва тавон ва имконоти худро бештар сарфаи касоне кунем, ки замина ва умедири пазириш дар онҳо ҳаст.
- Пандпазири яке аз вижагиҳои аҳли имон аст ва касоне, ки аз ин вижагӣ бархурдор нестанд бояд дар дурустии имони худ шак кунад.
«وَ ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلاَّ لِیَعْبُدُونِ»
56
Ва ҷин ва инсро ҷуз барои иботад-и Худам наофаридам.
«ما أُرِیدُ مِنْهُمْ مِنْ رِزْقٍ وَ ما أُرِیدُ أَنْ یُطْعِمُونِ»
57
Аз онҳо ҳеҷ рӯзие намехоҳам ва намехоҳам ба Ман таом диҳанд.
«إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِینُ»
58
Ҳамоно Худо, Худ бисёрриздиҳандаи соҳибқудрати устувор аст.
Дар ояти қабл сухан дар бораи тазакур ва ёдоварии умуре буд, ки барои аҳли имон судманд аст ин оятҳо мефармояд: Яке аз муҳимтарин мавзуъоте, ки ҳамвора бояд мавриди таваҷҷуҳи хоси инсон қарор гирад ҳадафи офариниши у аст ва ғафлат аз он сабаби гумроҳи ва сардаргумии у мешавад.
Равшан аст, ки офариниши инсон ҳадафманд буд ва Худованди қодири мутаъол ба офариниши у низёди дошта аст дар ҳақиқат ҳадафи офариниши инсон рудши камоли буда аст. Ин оятҳо масири камоли инсонро ба у нишон дод ва ибодат ва бандагии Худоро роҳи расидан ба камоли инсони донист.
Албат ибодат ду ҷанба дорад: Яки ба маънои хоси он ки анҷоми маросими ибоди монанди намоз ва руза ва ҳаҷ ва ғайра аст ва дигари ба маънои ом ва фарогири он, ки ҳамаи абъоди зиндагии инсонро дар бар мегирад ба ин маъно, ки инсон дар ҳамаи тасмимҳо ва интихобҳои зиндагӣ дар чорчуби ризои Худованд гом бардорад ва аз ҳар чи мавриди хушунуди Ӯ нест дури кунад.
Табиъӣ аст агар инсон дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ Худоро дар назар бигирад аз сатҳи тамоюлоти ҳайвонӣ ва хостаҳои паст ва беарзиши дунё фаротар рафта ва ба камоли мутлақ, ки ҳамон офаридагори бузурги олам аст наздик ва наздиктар мешавад ин наздикии ба Худо олитарин мартаба аз камол аст, ки инсон метавонад ба он даст ёбад.
Аз ин ояҳо меомӯзем:
- Ҷин ва инс дар ҳадафи офариниш ва масири расидан ба он ки бандагии Худо муштараканд.
- Бешак Худованд ба ибодати бандагон ниёз надорад, балки мо инсонҳо аз тариқи бандагии Ӯ рушд карда ва ба камолоти маънавӣ даст меёбем.
- Талош барои касби ризқ ва рузи вазифаи инсони аст дар айни ҳол набояд аз ин нукта ғофил шавем, ки мабдаъ ва сарчашмаи рузи аз Худо ба дасти Ӯ аст.
«فَإِنَّ لِلَّذِینَ ظَلَمُوا ذَنُوباً مِثْلَ ذَنُوبِ أَصْحابِهِمْ فَلا یَسْتَعْجِلُونِ»
59
Пас, ҳамоно барои касоне, ки зулм карданд, баҳрае аз азоб ҳамонанди баҳраи ёронашон аст пас ба шитоб аз Ман талаб накунанд.
«فَوَیْلٌ لِلَّذِینَ کَفَرُوا مِنْ یَوْمِهِمُ الَّذِی یُوعَدُونَ»
60
Пас, вой бар касоне, ки куфр варзиданд аз онрӯзашон, ки ваъда дода мешаванд.
Ин оятҳо, ки охирин оятҳои сураи Зориёт аст муҳтавои сураро ҷамъбанди карда ва мефармояд: Қавмҳое, ки саргузашти онҳо ба иҷмол ба ин сура омад мутаасифона дар баробари даъвати фиристодагони Илоҳӣ ба инкор ва мухолифат бархостанд онҳо дар дунё ба қаҳри Илоҳӣ гирифтор шуданд ва дар охират низ саҳми аз азоб доранд.
Мухолифони паёмбарон ҳамвора аз паёмбаронашон савол мекарданд, ки қиёмат чи замони барпо хоҳад шуд ва аз онҷо, ки паёмбарон замони фаро расидани растохезро намедонистанд онҳо асл ва вуқуъи қиёматро зери савол мебурданд лизо Қуръон мефармояд: Аҷали накунед ва мутмаин бошед, ки ваъдаи Илоҳӣ тахалуфнопазир аст ва он руз фаро хоҳад расид рузе, ки барои шумо сахт ва сангин хоҳад буд ва ҳеҷ роҳи бозгашти надоред.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Агар касе аз ҳадафи офариниш, ки бандагии Худо аст ғафлат биварзад ва худро дар масири ҳадафе, ки барои он халқ шуд қарор надиҳад гирифтори зулми бузург шуда аст.
- Меҳру қаҳри Худованд бар асоси илму ҳикмати Ӯ аст ва аҷали ва шитоби мо барои он ки замони он фаро бирасад таъсир дар ин амр надорад.
- Сарнавишти инсон дар гарави аъмоли у аст лизо куфр ва зулм поёни ҷуз кайфари Илоӣ дар дунё ва охират ба дунбол надорад.