Роҳи зиндагӣ аз нигоҳи Разавӣ
(last modified Mon, 10 Apr 2017 07:25:24 GMT )
Апрел 10, 2017 12:25 Asia/Dushanbe
  • Роҳи зиндагӣ аз нигоҳи Разавӣ

Имом Ризо (а) мефармояд: Ҳар кас аз раҳравони мо ки ба мусибате гирифтор ояд, бар он сабр кунад, Худованд аҷри ҳазор шаҳид барояш бинависад.

 Дар мактаби ахлоқии Разавӣ, ахлоқи ҳамида ба ду гурӯҳ тақсим шуда аст: Яке маҳосини ахлоқ ва дигаре макорими ахлоқ.

Ахлоқе ки мояи ҳусни равобити иҷтимоӣ ва боиси ҷалби манофеи моддӣ ва беҳбуди зиндагӣ аст аз гурӯҳи маҳосини ахлоқӣ аст ва хулқиёте ки меъёри инсоният аст ва ҳокӣ аз бузургвории табъ ва таъолии рӯҳонӣ аст аз гурӯҳи макорими ахлоқӣ аст. Маҳосини ахлоқӣ мояи беҳзистӣ ва боиси таҳкими равобити иҷтимоӣ аст.

Ахлоқ дар манзари Имоми Ризо (а) густарае фарогир дорад ва тамоми абъод вуҷудии инсонро дар заминаҳои моддӣ, маънавӣ, ақлӣ, отифӣ, фардӣ ва иҷтимоӣ дар бар мегирад. Ба таъбири Имом Содиқ (а) инсони дорои равобити чаҳоргона аст, ки шомили робитаи инсон бо Худо, робитаи инсон бо хештан, робитаи инсон бо мардум ва робитаи инсон бо ҷаҳони атроф аст. Мо дар ин мақола қасд дорем ба баёни се буъди аввал бипардозем.

Робитаи инсон бо Худо

Он чи ба одамӣ таъолии маънавӣ ва камоли рӯҳонӣ мебахшад ва тамоюлоти олии инсониро аз қувва ба феъл мерасонад, макорими ахлоқӣ аст. Бандагони мухлис ҳар чиро мехоҳанд барои Худо мехоҳанд ва тамоми абъоди вуҷудии онҳоро Худо гирифтааст. Дар зиндагии ҳар як аз анбиёи Илоҳӣ ва имомон ба намунаҳои фаровоне бармехурем, ки аз ин дарёи бекарон ба чанд маврид аз забони Имом Ризо (алайҳиссалом) басанда мекунем.

Имом Ризо (алайҳиссалом) ихлосро ба итоати Худои Мутаъол маънӣ кардаанд ва дар мавриди дигаре ба ибодат муаррифӣ мекунанд.

Имом Ризо (алайҳиссалом) мефармояд: Ҳар кас чиҳил рӯз корашро сирфан барои Худо холис кунад, Худованд сарчашмаҳои ҳикматро ба забонаш аз қалбаш ҷорӣ созад.

Имом Ризо (алайҳиссалом) мисли падарони гиромиаш ибодаҳои тулонӣ дошт ва бештари вақти шабонарӯзи ӯ ба ибодат ва ниёиш мегузашт, эшон намозро, ки намоди дуъо ва ибодат ва бахшишу эҳсоне аз тарафи Худо медонист, ки ба бандагон бахшида шудааст.

Имом Ризо (алайҳиссалом) ҳангоме ки сеяки охири шаб фаро мерасид, аз бистар бармехост ва  тасбеҳи Худо мегуфт ва истиғфор мекард. Мисвок мезад ва ба намози шаб меистод.

Имом Ризо (алайҳиссалом) пас аз иқомаи намози субҳ ба саҷда мерафт ва онқадар тӯл мекашид, ки офтоб боло меомад ва пас аз фароғ аз намоз ба корҳои рӯзона мепардохт. Аксари шабҳо аз оғоз то бомдод ба ибодат ва муноҷот бо Худо иштиғол дошт. Бисёр рӯза мегирифт ва рӯзаи се рӯз дар моҳро тарк намекард ва ба иқомаи намози аввали вақт таъкид ва нисбат ба мавонеи он ҳушдор медод, ки мабодо тавфиқ аз дастатон биравад.

Робита бо худ

Имом Ризо (алайҳиссалом) дар робита бо худ аз вижагиҳо ва аз сифоти барҷаста бархӯрдор аст, ки дар ин маҷол ба бархе аз онҳо ишора хоҳад шуд.

Қудрати рӯҳӣ ва шуҷоат

Имом Ризо (алайҳиссалом) қудрати рӯҳӣ ва шуҷоати ахлоқии фавқулодае дошт, дар баёни ҳақ бо имконоте, ки дар он рӯзгор дар ихтиёр дошт, аз касе парво намекард ва он ҳангом, ки қудрати Ҳорунро ба рухи Имом мекашиданд мефармуд: Ҳар чӣ мехоҳад бикунад, ӯро бар ман роҳе ва султае натавонад буд.

Саховат ва эҳсон

Имом Ризо (алайҳиссалом) пас аз падарони бузургвораш болтарин дараҷаи сахоро дошта аст, дар номае ба фарзандаш Ҷавод (алайҳиссалом) навишт: Писарам! Шунидаам ғуломон, шуморо аз дари кӯчаки пушти хона берун мебаранд, ин муҷиб мешавад, ки аз ту хайре ба касе нарасад, ба ҳақе ки ман бар ту дорам, вуруд ва хуруҷи худро ҳамеша аз дари бузурги хонаат қарор деҳ ва ҳамеша ҳамроҳи худ пул бардор то агар касе аз ту чизе бихоҳад, ба ӯ кӯмак кунӣ.

Имом Ризо (алайҳиссалом) мефармояд: Инсони саховатманд аз ғизои дигарон мехӯрад то аз ғизои ӯ бихӯранд, вале инсони бахил аз ғизои дигарон намехӯрад то аз ғизои ӯ нахӯранд.

Гузориш шуда, ҳар вақт суфраи ғизоро барои Имом паҳн мекарданд, косае наздики эшон қарор медоданд то аз ҳар ғизое миқдоре бармедошт ва дар он коса мерехт ва сипас дастур медод онро байни фуқаро тақсим кунанд.

Намунаи он бахшиш ба фарди хуросонӣ аст, ки аз пушти парда ба ӯ эҳсон кард ва фармуд: Аз тарси ин ки мабодо эҳсоси шармандагиро дар сурати ӯ бубинам ва ӯ иззати нафси хешро хадшадор бубинад, чунин кардам.

Сабр ва шикебоӣ

Имом Ризо (алайҳиссалом) дар ҳангоми видоъ бо хонаи Худо, қабри Паёмбар (с) ва фарзандаш Имом Ҷавод (алайҳиссалом), бо дили устувор ин мусибатҳоро таҳаммул кард, дар замони хилофати Ҳорун, дар баробари анвои ситамҳо ва сахтиҳо монанди ҳабси тулонии падар сабр ва таҳаммул кард.

Эшон сабр дар баробари сахтиҳо ва болоҳоро яке аз сифоти барҷастаи пайравони худ дониста мефармояд: Ҳар кас аз роҳравони мо ки ба мусибат гирифтор ояд ё дучори беморӣ гардад ва бар он сабр кунад Худованд аҷри ҳазор шаҳид барояш бинависад.

Робита бо дигарон

Яке аз наздикони Имом Ризо (а) дар бораи рафтори эшон бо дигарон мегӯяд: Ман ҳаргиз Абулҳасан ар-Ризоро надидам, ки дар сухан гуфтан бо касе дуруштӣ кунад. Сухани касеро қатъ намекард ё дархости касеро, ки қодир ба анҷом он буд, рад намекард, ё дар баробари ҳамнишини худ ба девор такя намедод, ё ба зердастон ва хидматкорон бад намегуфт, оби даҳонашро ҳаргиз дар роҳ ё пеши дигарон намеандохт. То он ҷо ки мегӯяд: Иҷоза намедод иддае ба унвони эҳтиром дунболашон роҳ биафтанд. Агар дарде дошт дар ҳузури дигарон оҳу нола намекард. Бо хидматкорон бар сари як суфра менишаст ва то охири ғизо ононро ҳамроҳӣ мекард. Ҳаргиз бо чеҳраи нашуста ва мӯи жулида дар ҷамъи дигарон ҳозир намешуд. Эшон бо ҳамаи афроди ошно ва ғариба мусофаҳа мекард, ҳамагонро бо гармӣ ва лабханд истиқбол мекард ва ҳатто дар даврони вилояи таҳдӣ ба ҳеч як аз муҳофизон ва ғуломон дастур намедод ва корҳоро худаш анҷом медод. Мақдами меҳмононро бисёр гиромӣ медошт, бисёр хушравиш ва хушбархурд буд ва бо ҳар мусулмон ба содагӣ маънус мешуд. Касеро ба дидаи таҳқир нигоҳ намекард. Агар даъваташ мекарданд дар сурати имкон ба содагӣ мепазируфт. Ҳаргиз аз эшон баддаҳонӣ, фаҳш, носазогӯӣ, дида ва шунида нашуд. Суҳбаташ бо ҳамаи мардум чунон эҳтиромомез буд, ки гӯё бо аҳли хонаи худ муошират дорад.

Боре Имом Ризо (алайҳиссалом) вориди ҳаммом шуд. Марде ки он ҳазратро намешинохт, ба ӯ гуфт: Бадани манро киса бизан. Имом хостаи ӯро иҷобат кард ва шурӯъ ба киса задани пушт ӯ буд, ки он мард Имомро шинохт ва бо парешони шурӯъ ба узрхоҳӣ кард, аммо он ҳазрат ҳамчунон ба кори худ машғул буд ва ӯро дилдорӣ медод.

Он рӯзе, ки масмумияти он ҳазрат шиддат ёфт ва ҳамон рӯз ба шаҳодат расид, баъд аз иқомаи намоз зуҳр пурсид: Оё аҳли хона ва хидматгузорони ғизо хӯрдаанд? Ҷавоб шунид, ки дар чунин вазъият, ки метавонад ғизо майл кунад. Ин ҷо буд, ки Имом дастур дод суфра паҳн кунанд ва худ дар канори он қарор гирифт.

Имом Ризо (алайҳиссалом) дар аёдати беморон, адои қарзи гирифторон, анҷоми хадамоти иҷтимоӣ, хайрия ва кумак пештоз буд. Эшон хадамоти умумӣ ва иҷтимоие дар тули сафар ба Эрон анҷом доданд. Монанди сохти ҳаммом ва ҳавзи умумӣ, лойрубии қанот ва кошти дарахт.

Бародарӣ ва баробарӣ

Имом Ризо (алайҳиссалом) мефармояд: Худованд муъминро дар нури хеш офарид, пас ҳар муъмине бародари ҳақиқии муъмини дигар аст. Ва низ дар зарурати бакоргирии баробарӣ дар ҷомеаи худ фармуд: Бар инсони муъмин аст, ки бо дигарон дар ҳар чизе, ки баробарӣ дар он равост, ба бародарӣ ва баробарӣ рафтор кунад.

Манбаъ: Жарфҳои офтоб, таълифи Ғуломнабии Гулистонӣ, таҳия ва тадвини идораи иртибототи исломӣ ва умури зоирони ғайриэронии Остони Қудси Разавӣ.