Тавсифи фасли баҳор дар каломи Имом Ризо (а)
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i15704-Тавсифи_фасли_баҳор_дар_каломи_Имом_Ризо_(а)
Имом Ризо (а) дар рисолаи "Заҳабия" фасли баҳорро ин гуна тавсиф мефармояд....
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 13, 2017 10:30 Asia/Dushanbe
  • Тавсифи фасли баҳор дар каломи Имом Ризо (а)

Имом Ризо (а) дар рисолаи "Заҳабия" фасли баҳорро ин гуна тавсиф мефармояд....

Имом Ризо (а) дар рисолаи "Заҳабия" фасли баҳорро ин гуна тавсиф мефармояд: Фасли баҳор рӯҳи замонҳо аст ва номи аввали он моҳ "озор" аст ва шумораи рӯзҳояш сивуяк рӯз аст, дар ин моҳ шабу рӯз покиза аст, замин нарм мешавад, истилои балғам аз байн меравад ва хун ба ҳаяҷон меояд. Дар ин моҳ ғизоҳое, ки хӯрда мешавад, бояд сабук ва латиф бошад. Ғолибан хӯрок дар ин моҳ аз гӯшт ва тухми мурғи нимпухт набояд холӣ бошад ва шарбате, ки баъд аз таъдилаш ба василаи об нӯшида мешавад.

 

Аз хӯрдани сир ва пиёз ва туршӣ то андозае дар ин моҳ бояд парҳез кард. Нӯшидани мусҳил ва ҳиҷомат дар ин моҳ писандида аст.