Май 31, 2017 08:41 Asia/Dushanbe
  • Шарбати шифобахши махсуси имом Ризо (а)

Имом Ризо (а) дар бахше аз номаи маъруфи худ ба Маъмун, дарбораи бемориҳо ва дармони онҳо ва наҳваи таъомул бо бадан яъне ҳамон рисолаи Заҳабия мефармояд:

Имом Ризо (а) дар бахше аз номаи маъруфи худ ба Маъмун, дарбораи бемориҳо ва дармони онҳо ва наҳваи таъомул бо бадан яъне ҳамон рисолаи Заҳабия мефармояд: Эй Маъмун дар тобистон ғизои хунук тановул кун ва дар зимистон ғизои гарм ва дар ду фасли дигар ғизоҳои муътадил ба андозаи тавони (ҷисмӣ) ва иштиҳое, ки дорӣ ғизоятро ба андозаи одатат ва мутобиқ бо маҳалли зиндагӣ ва навъи фаъолият ва замоне, ки дар он басар мебарӣ, бо хурдани сабуктарин ғизоҳое, ки мехурӣ оғоз кун. Бояд дар ҳар рӯз, ҳашт соат аз рӯзи гузашта (як ваъда) ё ҳар ду рӯз се ваъда ғизо бихурӣ, бадин тартиб, ки субҳи аввали вақт субҳона мехурӣ ва сипас шом, ва рӯзи дувум ҳашт соат, ки аз рӯз гузашт, як ваъдаи дигар ғизо мехурӣ ва дигар ниёзе ба хурдани шом надорӣ. Ин ҳам бояд ба андоза бошад, на бештар ва на камтар, ва дар ҳоле, ки ҳануз иштиҳо дорӣ бояд даст аз ғизо хурдан бикашӣ.

Имом Ризо алайҳиссалом пас аз ин тавсияҳои муҳиме дарбораи чигунагии ғизо хурдан, супориш ба истифода аз шарбате махсус доранд ва чунин тавсия мекунанд: Баъд аз ғизоят аз шарбати мусаффои куҳнае, ки нушиданаш ҳалол аст, менушӣ.

 Имом Ризо алайҳссалом дарбораи наҳваи таҳияи ин шарбат мефармояд: даҳ фунт (тақрибан 4) кило мавизи поккардаро бо диққат дар об бишуед ва баъд обе, ки бар рӯи он рехта мешавад, бояд соф ва зулол бошад. Миқдори об дар ҳудуде аст, ки ба қадри чор ангушт рӯи мавизҳо бойстад. Ин зарфро дар поиз ё зимистон дар муддати 72 соат ва дар тобистон дар 24 соат ба ҳоли худ бигзоред, оби ин кишмиш (мавиз) агар аз борон ва ё обе, ки сарчашмаион ба тарафи машриқ бошад, беҳтар аст ва баъд муҳтавиёти ин зарфро дар як деги тамиз бирезед ва сипас рӯи оташ қарор диҳед, то кишмишҳо бипазад ва бод кунад, сипас кишмишҳоро мефишоред ва шираро пас аз тасфия, дур аз оташ мегузоред, то сард шавад.

Барои навбати дувум, муҷаддадан шираро дар як дег рехта рӯи оташ гузошта, то бо ҳарорати мулоиме биҷушад ва бо ҳамин ҳарорат он қадар биҷушад, то дусеюмаш бухор шуда ва як сеюми он боқӣ бимонад, сипас аз рӯи оташ бардоред ва миқдори 400-500 грам асали софшуда аз муми табиӣ ва холис дар он бирезед ва барои бори сеюм рӯи оташ ба ҳамон мизон ҳарорат диҳед, ки ба мизони ҳамон миқдор аз асал, миқдори оби он коҳиш ёбад.

Барои муъаттар сохтани он ва ҳам аз лиҳози тақвияти буния метавонед, адвияҳои зира ба он изофа намоед, занҷабил заъфарон аз ҳар як, як мисқол мехак ва дорчин ва мастакӣ ва сунбулалтайиб ва коснӣ аз ҳар як ним мисқоли ин маводро комилан кубида ва нарм намоед ва дар порчае назиф ва захим баста ё дӯхта ва миёни зарфе, ки шираи мавиз меҷушад, биандозед ва бо он ҳол, ки шираи мавиз дар зарф ба оромӣ меҷушад,  ба ҳам бизанед ва ҳам заданро ҳамчунон идома бидиҳед, то обҳояш бухор шавад ва ҳаҷми муҳтавиёти зарф ба мизони аввали худ бирасад, сипас аз рӯи оташ бардоред,  пас аз сард шудан, онро дар шиша бирезед, ин шарбат бояд се моҳ дар шиша бимонад, то таркиботи он комилан ба ҳам биомезад ва навбати нушидани он фаро расад, мавқеи нушидан ҳам бо оби холис махлут намуда ва баъд аз сарфи ғизо нушида шавад, ки дар ин сурат дар дармони бисёре аз бемориҳо монанди нақрис ва ихтилолҳои дигари бадан ва дар дармони нороҳатиҳои асабӣ ва мағзӣ ва ҷигар ва дар таҳол ва меъда, дорои асар қатъӣ аст. Мумкин аст, баъди нушидани ин нушобаи муқаввӣ, ташнагӣ ҳосил шавад,  аммо бояд миқдори масрафии ин об нисфи миқдори оби маъмулӣ, ки менушед, бошад.

Имом Ризо (а) мефармоянд: "Агар мардум дар хурдан ба кам басанда медоштанд, баданҳояшон мутаъодил буд".

 

 

 

Барчасп