Тавсияи Имом Ризо (а) дар бораи фавоиди сабзӣ
Сабзӣ, бар асоси дидгоҳҳои тибби суннатӣ, метавонад дар таскини сӯхтагиҳо то коҳиши хатарноктарин саратон муфид воқеъ шавад. Сабзии ҷӯшонидашуда ва пиёз, ки ба он оби лимӯ омехта карда шавад, омили муассире барои дармони амрози асаб аст.
Сабзӣ сабаби нарм гаштани маводи сахт дар бадан мешавад, зеро латифу нарм аст. Аз он ҷо ки сабзӣ қавикунандаи меъда ва болидакунандаи табъ аст, тавсияи он барои касоне, ки бо сабаби заъфи меъда дучори беназмӣ шудаанд, бисёр муносиб аст.
Имом Ризо (а) дар бораи хусусиятҳои сабзӣ мефармоянд: хӯрдани сабзӣ барои рафъи қулинҷ ва бавосир асту қувваи ҷинсиро низ меафзояд.
Тавсияҳои тиббӣ суннатӣ дар бораи сабзӣ
Миҷози сабзӣ гарму тар аст.
Сабзӣ бозкунандаи гирифтагиҳо ва бартараф кунандаи мушкилоти ҷигар аст.
Сабзӣ нарм аст, қабл аз ғизо ду адади он дар шакли обпаз тавсия мешавад.
Сабзӣ қавикунандаи меъда аст, беҳтар аст, ки ҳамроҳи биринҷ ҳам пухта шавад.
Сабз тақвияткунандаи нерӯи ҷинсӣ ва афзоишдиҳандаи манӣ аст.
Сабзӣ ба ҳазми ғизо кӯмак мекунад.
Як хӯроки хушмазза: агар сабзӣ ба пораҳои хурд реза карда шуда, бо асал ҳамроҳ намуда шавад, истифода аз он барои тақвияти нерӯи ҷинсӣ бисёр хуб аст ва ҳамчунин тақвияткунандаи олоти дохили шикам ва раҳму ҳозима аст.
Агар гармиҷозон сабзиро бо гӯшт пухта бихӯранд, беҳтар аст.
Касоне, ки ба бемориҳои узвҳои ҳозима мубтало ҳастанд, аз сабзии хом камтар истифода кунанд.
Касоне, ки санги гурда доранд, чор грамм тухми сабзӣ ва чор грамм тухми шалғамро дохили турбе, ки холӣ намудаанд, рехта, сипас ҷойи буридашудаи турбро баста, дар зарфе дар оташ ё кӯрра бигузоранд, то пухтаи шавад, он гоҳ онро майл кунанд, барои рафъи сахтӣ ҳангоми пешоб кардан муфид аст.
Касоне, ки камхун ҳастанд, субҳ як ливон оби сабзиро бо каме асал бинӯшанд.
Сабзӣ коҳишдиҳандаи анвои саратон мебошад, махсусан саратони шуш ва ғадудҳои зери меъда.
Касоне, ки муътод ба сигор ҳастанд, хӯрдани сабзиро фаромӯш накунанд.
Сабзии хом боиси коҳиши холестерини хун мешавад, ба шарти он ки бо субҳона ҳадди ақал 200 гармм сабзӣ майл шавад.
Истеъмоли сабзии пухташуда муҷиби коҳиши ибтилои саратон ба рӯдаи ғафс мешавад.
Сабзӣ бозкунандаи рагҳост.
Касоне, ки кирм доранд, ба муддати 8 рӯз ҳудуди 100-200 грамм сабзии пӯстҳояш тарошидашударо зимни ношто бо каме оби лимӯ бихӯранд.
Барои дармони сӯхтагӣ сабзии пӯсташ тарошидашударо ба сурати компресс дар маҳалли зарурӣ бигузоред; аз ин равиш барои дармони савдо, кӯрак ва экзема низ истифода мешавад.
Барои тақвияту рушди бадан, дармони нармии устухони кӯдакон сабзии пӯсташ тарошидашударо бо лимӯ бидиҳед.
Ашхосе, ки асабонӣ ҳастанд ё афроде, ки пиру дучори заъф ва нотавонӣ шудаанд, сабзии пухташуда бихӯранд, беҳтар аст.
Ҳар субҳ як ливон оби сабзӣ бинӯшед, муҷиби боз шудани ранги чеҳраи шумо мешавад.
Барои дармони зардпарвин ҳар субҳ оби сабзӣ бинӯшед.
Барои рӯй молидани сабзӣ боиси боз шудани ранги чеҳра гашта, пӯстро сахт мегардонад.
Хӯрдани сабзӣ боиси тақвияти қувваи биноӣ мегардад.
Хӯрдани сабзӣ барои касоне, ки мубтало ба бемории қанд ҳастанд, муфид мебошад.
Касоне, ки фишори хун доранд, хӯрдани сабзиро фаромӯш накунанд.
Оби сабзӣ ҷавониро барои муддати зиёд ҳифз мекунад.
Касоне, ки коркарди баданшон хуб нест, сабзиро камтар масраф кунанд, зеро масрафи зиёди он боиси ба вуҷуд омадани санги гурда мешавад.
Касоне, ки буғумдард, тарбод ва пойдард доранд, ҳангоми ношто сабзӣ бихӯранд.
Хӯрдани сабзӣ бо ширу каме асал барои дармони тарашшуҳоти маҷрои танаффусӣ (балғам) муфид аст.
Касоне, ки аз захми меъда ва рӯдаи панҷангушта ранҷ мебаранд, оби сабзиро кам-кам бинӯшанд.
Шӯрбои сабзӣ хӯроки хӯбе барои касони мубтало ба исҳол, махсусан кӯдакон мебошад.
Хӯрани оби сабзӣ боис мешавад, ки зардзахм ба зӯдӣ хуб шавад.
Касоне, ки бемории диққи нафас доранд, зимни ношто оби сабзиро бо шир бинӯшанд.