Тавсияҳои тағзияӣ барои пӯст, баргирифта аз тибби Имом Ризо (а)
Маводи хӯрокӣ ва навъи тағзияи одамӣ метавонад таъсири мустақиме рӯй бадан дошта бошад.
Дониши рӯз собит карда аст, ки доштани одати ғизоии муносиб метавонад моро барои доштани пӯсти солим ва бо нишот ёрӣ расонад.
Имрӯза дар канори роҳҳои мутааддид барои рафъи чӯруки пӯсти роҳи ҳалҳои табиӣ барои ин кор ҳам пешниҳод мешавад.
Имом Ризо (ъ) мефармоянд: Хурдани ҳамешагии тухми мурғ, сабаби пайдоиши кунҷитак дар сурат мешавад. Ҳамчунин мефармоянд: Тухми мурғ бисёр хурдан ва муътод шудан ба он, бемории сипӯрз меоварад ва эҷодкунандаи бодҳо дар сар меъда аст ва зиёд хурдани тухми мурғи обпаз, нафас тангӣ меоварад.
Албатта истифода аз сафедаи тухми мурғ ва мосож додани пӯст бо он ба иллати маводи мавҷуд дар он барои нармӣ ва латофати пӯст суфориш шуда аст, аммо дар хурдани ин модаи ғизоӣ бояд ҳисоб шуда амал кард, чаро ки барои пӯст таъсири маъкӯс дорад.
Истифода аз равғани зайтуни табиӣ низ барои кӯмак ба нармӣ ва инъитофпазирии пӯст ва рафъи чину чуруҳо суфориш шудааст.
Имом Ризо (ъ) дар бораи аҳамияти ин равиши дармонӣ дар таъмини нерӯ ва нишоти бадан мефармоянд: Ривоят мекунам, ки агар чизе мӯҷиби афзоиши [нерӯ ва нишоти] бадан бошад, мосож додани бадан ва либоси нарм, ҳамчунин бӯи хуш ва истиҳмом [ ҷузъи аз он ] аст ва агар мурдае дар асар асари мосож додан зинда шуда, ман инкор намекунам.
Истифодаи аз мева ва сабзиҷот ҳам ба иллати доштани витаминҳои муфид метавонад мунҷар ба истеҳком ва дурахшиши пӯст шавад.
Дар ривоёти Аҳлибайт (ъ) низ ба ин мавзӯ бисёр тавҷҷуҳ шуда ва ҳаргуна талош ва кӯшиш барои иртиқои саломати баданро кушише дар роҳи тақвияти бунияҳои маънавӣ ва инсонӣ ба ҳисоб оварда ва гиёҳон ва меваҳоро барои шифобахшӣ ва саломатии одамӣ ба унвони доруҳои муфид ва муассире ба шумор овардаанд.
Пешвоёни дин бо баҳрагирӣ аз илҳомоти рабонӣ, ҷавомеъи башариро ба арзиши дақиқи илмии меваҳо ва фаровардаҳои таббӣ огоҳ намудаанд. Дар тавсияҳои пизишкии Аимма (ъ) хурдани муракабот қабл аз ғизо хуб ва баъд аз ғизо бисёр писандида дониста шуда аст.