Тавсияҳои Имом Ризо (ъ) барои раҳоӣ аз сардард
Роҳҳои бисёре барои дармони сардард вуҷуд дорад, аммо дар ин миён роҳҳое низ дида мешавад, ки ба суръат сардарди шуморо аз байн мебаранд.
Имом Ризо (ъ) барои пешгирӣ аз ибтило ба сардард, роҳҳои мухталиферо ироа кардаанд. Яке аз онҳо масрафи гиёҳи "коснӣ" аст.
Дар ин замина имом Ризо (ъ) мефармоянд, коснӣ шифои ҳазор дард аст ва дар одамӣ дароде нест, ҷуз ин ки коснӣ ҳамаи онро аз реша аз байн мебарад.
Барои истифода аз каснӣ, онро орд кунед, сипас онро рӯй оташ гузошта ва равғане ба он изофа карда ва зумод (маз) дуруст кунед ва баъд онро бар сар гузошта ва баъд фармӯданд (коснӣ ва равғани бунафша) табро аз байн мебарад. Барои сардард муфид аст ва онро аз байн мебарад.
Имом Ризо (ъ) ҳамчунин барои раҳоӣ аз сардард фармӯданд, моҳии тозаро фаромӯш накунед. Ҳар кас аз дарди шақиқа ва шикам дард метарсад, набояд дар зимистон ва тобистон хӯрдани моҳии тозаро ба таъхир андозад. Риояти одоби ҳаммом рафтан ҳам ба навбаи худ аз сардард ҷилавгирӣ мекунад.
Дар китоби тибби Аимма (ъ) ҳам барои муолиҷаи сардард, дастӯруламали ҷолибе вуҷуд дорад. Алӣ бин Яқтин мегуяд, ки ба имом Ризо (ъ) навиштам, ки дар сарам, сардарди шадиде ҳис мекунам, ба гунае ки фикр мекунам аз ҳуш меравам, имом (ъ) дар посӯх бароям чунин навишт: "бар ту бод анфияи анбар ва занбақ, пас аз ғизо хӯрдан ба кор бурдани ҳино ҳам, яке дигар аз роҳкорҳои имом Ризо (ъ) барои раҳоӣ аз сардард аст.
Равишҳои табиӣ барои дармони сардард:
Занҷабил: Ба як ливон об, нисфи қошуқи муурабохурӣ занҷабили ранда шуда изофа кунед, ё ин ки дар як ливон оби доғ, як қошуқи мқррабохурӣ занҷабили тоза пӯдр шуда бирезед ва бихӯред.
Дамнӯши разморӣ: Ин дамнӯш аз сардард пешгирӣ мекунад.
Чойи мехак: Чоқи ҳовӣ кофеин аст ва мехак низ хосияти зидди илтиҳобӣ дорад. Бинобар ин дамкарда ҳар ду бо ҳам барои рафъи сардард муассир аст.
Об бинӯшед: Бо нӯшидани об, камбуди оби бадан рафъ мешавад, ин амр дар рафъи сардард муассир аст.