Тавсияҳои пизишкии имом Ризо (а) барои дармони дардҳои мафсалӣ
Имрӯза бисёре аз мардум дардҳои мафсалии мухталиферо дар навоҳии мухталифе аз бадан мисли даст, по ва камар таҷруба мекунанд, ки зиндагии рӯзмарраро ба навъе мухтал мекунад.
Имом Ризо (а) барои дармони дардҳои мафсалӣ аз падаронаш нақл фармуданд, ки равғани Зайтун, хосияти таскиндиҳандаи дарди мафосил ва сиётикро дорад.
Ва ҳамчунин мефармоянд: Зайтун балғамро мебарад, пейҳоро муҳкам менамояд, ахлоқро хуб мекунад, нафасро пок мегарданд ва ғамро мебарад.
Дар мавриди вижагии таскиндиҳандаи зайтун барои дарди мафосил, пажуҳишгарон муътақиданд, ки барг ва меваи зайтун хавосе мисли коҳандагии фишори хун, муқаввии меъда, иштиҳоовар, қобиз, таскиндиҳандаи дардҳои ревматизм, нақрис, дарди мафосил, таб бар, идроровар, сафробар, зидди диабетро доро мебошад.
Яке дигар аз маводи ғизоии муфид барои рафъи илтиҳоботи мафосил карафс аст.
Аз ин рӯ имом Ризо (а) ҳам дар тавсияе пизишкӣ истифода аз ин гиёҳро муфид дониста ва дарбораи аҳамияти он фармудаанд: Нест чорпое магар онки карафсро дӯст дорад, яъне ҳатто ҳайвонот онро дӯст доранд.
Ба нақл аз паёмбари акрам (с) ҳам омадааст, ки имом Ҳусайн (а)-ро ба хурдани карафс бисёр супориш намудаанд.
Коршиносони тағзия муътақиданд, ки оби ин гиёҳ зимни онки коҳандаи илтиҳоби мафосил ва инқибози азулонии моҳича аст, барои осм ва артрит ҳам муфид мебошад ва системи эминии баданро тақвият карда ва таваррумҳои мафсалиро хафиф мекунад. Онҳо карафсро гиёҳе муқаввӣ ва иштиҳоовар медонанд, ки бо оҳаки бисёре, ки дорад, дар таҳлили русӯботи бадан муассир аст ва дар муолиҷаи ревматизм бисёр судманд мебошад.
Сир ҳам яке аз мавориде аст, ки хосияти фаровоне барои он нақл шудааст.
Имом Ризо (а) мефармоянд: Касоне, ки мехоҳанд, дучори бемориҳои ношӣ аз тавлиди бод (райҳ) дар бадан нашаванд, ҳафтае як бор сир масраф кунанд.
Баъзе аз бемориҳо ношӣ аз афзоиши райҳ ё бод аст. Ин бод мумкин аст, гоҳе дар меъда ва рӯда боиси туруш ва ё нафх шавад ва ё дар ноҳияи кабид ва зери дандаҳо, боиси дард шавад. Баъзе мавоқиъ низ дарди кулия бо санги кулия иштибоҳ гирифта мешавад. Гоҳе низ ин дард дар ноҳияи мафсал боиси бурӯзи мушкил мешавад.
Дар мавориде низ анвоъе аз сардардҳо ношӣ аз афзоиши райҳ (бод) дар бадан аст. Аз ҷумлаи вижагиҳои дардҳои райҳӣ ин аст, ки дар узви даргир эҳсоси сангинӣ намешавад. Баунвони мисол агар фард баиллати афзоиши балғам дар мафсал дучори дард шавад, ин дард ҳамроҳ бо эҳсоси сангинӣ аст, аммо агар афзоиши райҳ боиси дард шавад, фард эҳсоси сангинӣ намекунад.
Вижагии дигари дардҳои райҳӣ ин аст, ки дар бадани фард ҷобаҷо мешавад, баунвони мисол мумкин аст, барои муддае фард эҳсоси дард дар зону кунад, сипас барои муддате дар мучи по эҳсоси дард кунад.
Имом Ризо (а) дар рисолаи заҳбия барои дармони ин навъ дадрҳо масрафи сирро тавсия мекунанд.
Бисёре аз мардум камардардҳои мухталиферо таҷруба мекунанд, ки зиндагии рӯзмарраро ба навъе мухтал мекунад.
Имом Ризо (а) истифода аз нахудро тавсия мекунанд ва мефармоянд:
اَلْحِمَّصُ جَیِّدٌ لِوَجَعِ الظَّهْرِ؛
"нахуд барои камардард муфид аст".
Яке аз нукоти омӯзанда ва шигифте, ки донишмандон ба он пай бурдаанд, таъсироти таҳорат бар бадан аст. Онҳо кашф кардаанд, ки таҳорат аз фавоиди бешуморе бархурдор аст ва илова бар инки назофати ҳамешагӣ аст ва панҷ навбат дар шабонарӯз ин раванд идома дорад, боиси аз байн рафтани борҳои электроникӣ, ки бар замин фурӯд меояд ва инсонро ба дардҳои мафосил ва ревматизм мубтало мекунад, мешавад.
Яке дигар аз гиёҳони муфид барои истиҳкоми бадан чуғундар (лаблабу) аст.
Дар китоби Алмаҳосин аз имом Ризо (а) нақл шуда, ки фармуданд: "эй Аҳмад! Майли ту ба сабзиҳо чигуна аст?" Гуфтам: ҳамаро дӯст дорам. Фармуд: "агар чунин аст, бар ту бод чуғундар, зеро бар соҳили Фирдавс мерӯяд. Дар он шифои ҳар дарде аст, устухонро дурушт мекунад ва гӯшт мерӯёнад".
Имом Ризо (а) ҳамчунин анҷирро муфид дониста ва дарбораи он мефармоянд: буи бади даҳонро мебарад, даҳон ва устухонҳоро истиҳком мебахшад, мӯй мерӯёнад, дардро мебарад ва бо вуҷуди он, дигар ба доруе ниёз нест.
Дар тавсияи дигаре аз имом Ризо (а) дар ҳамин замина омадааст: оби гарм чунончи онро ҳафтҷуш биҷушонӣ ва аз зарфе ба зарфи дигар дароварӣ, табро мебарад ва нерӯро ба соқи поҳо ва қисмати поинтар аз муч, сарозер мекунад.