Август 10, 2017 09:42 Asia/Dushanbe
  • Муҳимтарин тавсияи ғизоии Имом Ризо (а)

Ғизои худро бо сабуктарин ғизое, ки баданат ба андозаи одатат ва бар ҳасби иқоматгоҳ ва фаъолиятҳо ва замонаат тағзия тағзия мекунад, оғоз кун.

Имом Ризо дар ин бора мефармояд: "Ҳар кас ғизои зиёд бихурад, ин ғизо ӯро суде намерасонад ва ҳар кас ба андоза бардорад, ин ғизо ӯро тағзия мекунад ва суд мерасонад.

Об низ чунин аст, равиши писандида барои ту, он аст ки аз ҳар як аз анвои ғизо, дар фасли вижаи он баҳра бигирӣ. Дар ҳоле, ки ҳанӯз миқдоре майл дорӣ, аз ғизои даст бикаш, зеро ин кор ба хости Худованд, барои бадан саломатовартар, барои ақл заковатбахштар ва барои худи инсон мояи сабукии афзунтар аст.

Парҳез аз пурхурӣ яке аз одатҳои ғизоии писандида аз нигоҳи Имом Ризо (а) парҳез аз зиёдаравӣ ва пурхурӣ ва риояти андоза бар ҳасби ниёзи бадан аст.

Дар ҳамин росто, дар баёнияе ҳакимона мефармоянд: "Чун гурусна шудӣ бихур, чун ташна шудӣ бинӯш, чун идрор бар ту фишор овард, идрор кун, ки инҳо мояи тандурустӣ аст".

Ва ҳамчунин мефармоянд: "Касе, ки зиёд ғизо бихурад, аз он ғизо тағзия намешавад ва касе, ки ба андоза ғизо бихурад, аз он ғизо нафъ мебарад".

Яке дигар аз тавсияҳои Имом Ризо (а) риояти эътидол дар ваъдаҳои ғизоӣ аст. Ваъда дар хӯрок он аст, ки чун ҳашт соат аз рӯз мегузарад, як бор ғизо бихурӣ ё дар ду рӯз се ваъдаи ғизо майл кунӣ, бадин тартиб, ки дар пагоҳи нахустин рӯз ноштоӣ бихурӣ, сипас дар ҳамон рӯз шом бихурӣ ва сипас чун дигар рӯз фаро расад, пас аз гузашти ҳашт соат аз оғози рӯз, як ваъдаи дигаре бихурӣ ва дар он рӯзи нав ба шом ниёзе нест.

Аз дигар одатҳои писандидаи ғизоӣ аз нигоҳи Имом Ризо (а) дароз кашидан ба пушт ва андохтани пойи рост ба рӯйи пойи чап, хӯрдани ғизои сабук дар ваъдаи шом ва парҳез аз ҳаммом кардан бо шиками пур аст.

Барчасп