Ноябр 01, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Аҳамият ва ҷойгоҳи оила дар сираи Имом Ризо

Имом Ризо (a) нисбат ба оила ҳассосияти болое доштанд башиддат пойбанд ба анҷоми мусбат дар оила буданд.

Эшон дар бахше аз каломи муборакаш аз Расули Аллоҳ (с) мефармоянд: "Накутарин мардум дар имон меҳрубонтарини эшон аст бо аҳли худ ва ман меҳрбонтарини шумо ҳастам бо аҳли худ".

Ба таври куллӣ сираи рафтори эшон дар хонаводаро метавон аз ду манзар мавриди мутолиа қарор дод:Рафтори умумӣ, Рафтори шахсӣ.

Рафтори умумӣ

Рафтори умумӣ шомили рафтори куллии Имом Ризо дар муҳити хонавода аст. Рафторҳое аз қабили таъмини маишат, одоби суфра, насиҳати умумӣ, хушхӯӣ ва хушрӯӣ дар манзил, аҳамият ба арзишҳо ва...

Як мард дар хонавода метавонад бо пойбанд будан ба рафтори мусбат ҳам заминаи рушди маънавии худ ва ҳам мӯҷиботи рушди моддию маънавии аҳли хонаводаро фароҳам кунад. Имом Ризо дар ин робита мефармоянд: "Барои оилаҳоятон баҳрае аз Қуръон қарор диҳед, ки агар дар оилае Қуръон хонда шавад, корҳо ба аҳлаш осон шуда, хайраши зиёд мегардад ва сокинонаш дар фузунӣ ҳастанд ва агар дар оилае, ки Қуръон таловат нагардад, бар аҳлаш танг шуда, хайраш кам мегардад ва сокинонаш дар нуқсон қарор доранд".

Имом Ризо ҳамчунин дар ривояте мефармоянд: "Мардро сазовор аст, ки зиндагии оилаашро тавсеа диҳад, то маргашро орзу накунанд. Яъне мард дар хонавода бояд ахлоқе дошта бошад, ки хонавода ба ӯ ифтихор кунанд, на ахлоқе, ки аз Худованд маргашро бихоҳанд ва бигӯянд, ки эй кош, ӯ набуд, эй кош, зинда набуд, то ин қадар ба мо сахтӣ надиҳад ва азият накунад". Эшон дар мавриди аҳамияти таъмини маишат ва ризқи хонавода мефармоянд: "Касе, ки дар талаби рӯзӣ ва фазл Худоро меҷӯяд, то махориҷи аҳлу оилаи худро кифоят кунад, аҷру подоши ӯ аз муҷоҳиди роҳи Худо бештар аст".

Ташвиқ ба амри касби даромади ҳалол барои хонаводаи ҳамроҳ бо савоб ба ин азимат нишондиҳандаи ин аст, ки сохтори ҷомеаи заминасоз бояд сохторе ба дур аз касби даромади ҳаром бошад. Эшон дар каломи дигаре мефармоянд, афроде, ки аз неъмате бархӯрдоранд, бояд ба зану фарзанди худ гушоиш диҳанд.

Дар боби одоби суфра яке аз ходимони Имом Ризо мегӯяд: ҳазрати Ризо хилват мекард, тамоми коргузорон ва  хидматгузорони хешро, аз кӯчак то бузург, гирди худ ҷамъ мекард ва барои онон сухан мегуфт ва бо онон гуфтугӯ менамуд ва унс мегирифт ва ҳамсуҳбат мешуд ва равиши он ҳазрат дар ҳангоми сарфи ғизо ин буд, ки ҳамаро сари як суфра мехонд ва ҳеҷ касро фурӯ намегузошт. Ин ходим дар ҷойи дигаре мегӯяд: "Ҳазрати Ризо ба мо фармуд, ки агар ман болои сари шумо истодам, дар мавриде, ки ғизои мехӯред, аз ҷоятон ҳаракат накунед, то хӯрокро бихӯред. Гоҳо баъзе аз моро садо мезаданд, ба эшон мегуфтанд, "ғизо мехӯрад" ва эшон май фармуданд, "бигузоред, ғизояш тамом шавад".

Ҳамчунин эшон нисбат ба аҳли манзили бисёр хушрафтор ва хушбархӯрд буда, дигаронро низ ба ин амри суфориш мекарданд. Имом Ризо дар ривояте аз Расулуллоҳ (с) нақл мекунанд: "Дар қиёмат наздиктарини шумо ба ман хушхӯтарин шумо аст ва хубтарини шумо он кас аст, ки бо хонаводаи худ ба некӣ ва бо меҳрубонӣ рафтор намоед.

Аз дигар масолие, ки Имом ба он  пойбандӣ доштанд, ҳифзи арзишҳо ва зебоибахшӣ ба онҳо буд. Имом тавваҷҷуҳи моро ба рафторҳое ҷалб мекунад. Ба унвони намуна ҳазрат аз Расули Худо (с) нақл мекунанд: "Ба хонаводаи худ дар ҳар рӯзи ҷумъа чизе аз мева ва гӯшт бидиҳед, то онон бо омадани ҷумъа хушҳол бошанд. Эшон ҳамчунин суфориш мекарданд, ки набояд ба хотири ризояти дигарон хонаводаи худро дар  тангно қарор диҳад". Эшон ба нақл аз амирулмӯъминин фармудаанд: "Марде   ҳазратро ба меҳмонӣ даъват кард, аммо он ҳазрат бо се шарт даъвати ӯро пазируфт, аз ҷумла фармуданд: дар сурате ба меҳмони Шумо меоям, ки хонаводаи худро барои пазироӣ аз ман ба заҳмат наандозӣ".

Рафтори шахсӣ

Рафтори шахсӣ шомили рафторе аст, ки Имом Ризо  бо кулли аъзои хонавода доштанд; монанди рафтори муносиб бо ҳамсар ва рафтор дар қиболи фарзандон.

Худованд дар Қуръон ҳамсаронро мояи оромиши якдигар муаррифӣ мекунад ва мефармоянд: "Мо байни шумо маваддат қарор додем. Покизагӣ дар баробари ҳамсар, муҳаббат кардан ва адами озор, додани нафақа ва эҷоди оромиш аз мавориде аст, ки дар бархӯрд бо ҳамсар дар сираи Имом Ризо шоҳиди он ҳастем.  Эшон дар ривояте дар мавриди лузуми покизагӣ дар баробари ҳамсар фармудаанд: занони яҳуд аз иффат берун рафтанд ва ба фасод кашида шуданд ва чунин нашуданд, магар ба камтаваҷҷуҳии шавҳарон  ба ороиш ва низофати худ. Ва низ фармудаанд: зан аз ту ҳамонро майл дорад, ки ту аз ӯ майл дорӣ. Ва ё дар ривояте фармудаанд: "Барои мӯъмин шоиста нест, ки атр заданро дар ҳеҷ рӯзе тарк кунад ва агар бар он  тавоноӣ надорад як рӯз атр бизананд ва як рӯз  назанад ва агар ба он ҳам  тавоноӣ надорад, ҳар ҷумъа атр бизанад ва онро тарк накунад.

Ҳифзи ҳуқуқи зан ҳам аз ҷумлаи мавориде аст, ки дар сираи аҳли байт ба вуфур дида мешавад. Абуалқос Форсӣ аз ҳазрати Ризо ривоят карда, мегӯяд: "Хидмати он ҳазрат арз кардам: қурбонат гардам, Худованди мутаол мефармояд: пас аз он  (ё бояд занро) ба хубӣ нигоҳ доштан ё ба шоистагӣ озод кардан" мақсудаш чист? Фармуд: аммо  имсок ба маъруф он аст, ки аз озор ва азият кардани зан худдорӣ кунад ва нафақаи ӯро бидиҳад".

Дар мавриди фарзандон низ эшон ниҳояти адаб ва эҳтиромро манзур доштанд ва суфоришҳое низ дар ин маврид доранд. Он чизе, ки дар сираи эшон дар мавриди фарзандон ворид шуда, мавориде  чун интихоби исми нек, муроқибат аз кӯдак, эътимод, эҳтиром,  ташвиқ, назорати саҳеҳ ва мавориди дигар аст.

 Эшон фарзанди худ, Имом Ҷаводро бо куния ном мебурданд. Масалан, эшон дар замоне ки Имом Ҷавод кӯдак буданд, мефармуданд: "Абуҷаъфар ба ман номае фиристодааст..." ё  "ман ба Абуҷаъфар чунин навиштам..."

Барчасп