Ноябр 29, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи тарбият ва дӯстии хонавода ва дӯстон назди имом Ризо (а)

Имом Ризо (а) ба амри тарбият, таҳзиб, нуфус, иршод ва насиҳат, муроқибати дақиқ бар аъмол ва рафтор тавваҷуҳи хос дошт.

Агар ғуломаш исроф мекард, фавран гушзад мекард ва ӯро аз исроф кардан бозмедошт. Чунон, ки ба ғуломи худ, ки себеро газ зада андохт, фармуд, ин кор исроф аст.

Ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ гӯяд: Имом Алӣ ибни Мусалризо (а) ба ман фармуд, ба дӯстонам саломи маро бирасон ва бигу роҳи нуфузе барои шайтон бар худашон қарор надиҳанд. Дӯстонамро ба сукут ва тарки муҷодила даъват кун ва ба онон бигу ба дидори якдигар бишитобанд, зеро ин кор василаи тақарруб ба ман аст.

Имом Ризо (а) ба хонавода аҳаммияти зиёд медод ва мефармуд: Касе, ки дар талаби рӯзӣ мекушад ва фазли Худовандро меҷуяд, то махориҷи аҳл ва аёли худро кифоят кунад, аҷрат ва подоши ӯ аз муҷоҳиди роҳи Худо бештар аст.

Он ҳазрат мефармуд: Бандаи муъмин суде ба чанг намеоварад, ки аз ҳамсари шоиста беҳтар бошад. Ҳамсаре, ки чун шуяш ба хона ояд, мояи масаррати ӯ бошад ва дар мавриди мардон мефармуд: Сазовор нест, ки мардон буи хушро аз худ дур кунанд, зеро покизагӣ ва тамизӣ ва буи хуш ба зиндагии побарҷо ва мустаҳкам кӯмак мекунад.

Имом Ризо (а) дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худ хуқи волои паёмбари акрам (с)-ро ҳикоят мекард:

یمثل النبی فی اخلاقه

فانه النابت من اعراقه

Дар ахлоқи ӯ, паёмбар ҷилвагар мешавад, зеро ӯ бархоста аз решаҳои‌ набавӣ аст.

Барчасп