Май 19, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Карам ва саховати имом Ризо алайҳиссалом

Яке аз шоирон ба номи Иброҳим ибни Аббоси Сулӣ ба хидмати он ҳазрат омад ва имом ба ӯ даҳ ҳазор дирҳам дод, ки номи худаш бар он зарб шуда буд.

Ҳамчунин он ҳазрат ба Абу Навос сесад динор ҷоиза дод ва чун ҷузи он моли дигаре надошт, астари хешро ҳам ба вай бахшид ва низ ба Дабъали Хазоӣ шашсад динор ҷоиза дод ва бо ин вуҷуд аз вай маъзарат ҳам хост.

Дар маноқиб аз Яъқуб ибни Исҳоқи Навбахтӣ нақл шудааст, ки гуфт: Марде ба Абу Алҳасан Ризо (алайҳиссалом) бархурд кард ва гуфт: Ба қадри мардонагиат бар ман бубахш. Имом гуфт: Ба ин миқдор надорам. Мард гуфт: Ба қадри мардонагии худам бубахш. Имом фармуд: Ин қадр дорам. Сипас фармуд: Эй ғулом дусад динор ба ӯ бидеҳ.

Ҳамчунин дар маноқиб аз Яъқуб ибни Исҳоқи Навбахтӣ нақл шудааст, ки имом Ризо (алайҳиссалом) тамоми сарвати худро дар рӯзи арафа тақсим намуд. Пас Фазл ибни Саҳл ба вай гуфт: Ин зарар аст. Имом фармуд: Балки суд ва баҳра аст. Чизеро, ки подош ва каромат бадон тааллуқ мегирад, зарар маҳсуб макун.

Клейнӣ дар Кофӣ ба санади худ аз Алисъ ибни Ҳамза нақл кардааст, ки гуфт: Дар маҷлиси Абу Алҳасан Ризо (алайҳиссалом) будам. Мардуми бисёре ба гирди он ҳазрат ҳалқа зада буданд ва аз вай дар бораи ҳалол ва ҳаром пурсиш мекарданд, ногаҳон марде баландқомат ва гандмагун дохил шуд ва гуфт: Ассалом алайк ё ибни Расулаллоҳ. Ман яке аз дӯстдорони ту ва падарон ва ниёкони ту ҳастам, ман аз ҳаҷ боз мегардам ва харҷии худро гум кардаам ва бо ончи ҳамроҳи ман аст, наметавонам ба як манзил ҳам бирасам, пас агар салоҳ бидонӣ, ки маро ба диёрам равона кунӣ, ки барои Худо бар ман неъмате додааӣ ва агар ба шаҳрам расидам, ончи аз ту гирифтаам, ба садақа медиҳам.

Имом (алайҳиссалом) ба ӯ фармуд: Биншин Худо туро раҳмат кунад. Онгоҳ дубора бо мардум ба гуфтугӯ пардохт, то онон пароканда шуданд ва танҳо Сулаймон Ҷаъфарӣ ва Хисма ва ман монда будем. Пас имом фармуд: Иҷоза медиҳед дохил шавам. Сулаймон гуфт: Худованд фармони туро муқаддам дошт. Пас имом бархест ва ба утоқаш рафт ва андак диранг кард ва сипас бозгашт ва дарро боз кард ва дасташро аз болои дар берун овард ва пурсид: Он хуросонӣ куҷост? Посух дод: Ман инҷоям. Фармуд: Ин дусад динорро баргир ва дар махориҷат аз он истифода кун ва бадон табаррук ҷу ва онро аз ҷониби ман ба садақа бидеҳ. Акнун бирав, ки на ман туро бубинам ва на ту маро. Мард берун рафт. Сулаймон ба он ҳазрат арз кард: Фидоят шавам, бахшиши бузурге кардӣ ва раҳмат овард, пас чаро чеҳра аз ӯ пушондӣ? Фармуд: Аз тарси онки мабодо хории хоҳишро дар чеҳраи ӯ бубинам. Магар ин сухани расули Худоро нашунидӣ, ки мегӯяд: Он ки ба ниҳон накуӣ оварад, бо ҳафтод ҳаҷ баробарӣ мекунад ва он ки палидӣ ва зиштиро ишоа медиҳад, махзул ва хор аст ва касе, ки дар ниҳон гуноҳ кунад, омурзида аст.

 

Барчасп