Октябр 18, 2018 11:32 Asia/Dushanbe
  • Хавоси обғура дар тавсияҳои пизишкии имом Ризо (а)

Ғура ҳамон ангури норас аст, ки дар ривоёти мо аз он баунвони яке аз меваҳои биҳиштӣ ёд шудааст.

Фавоиди ангур бешумор аст ва таъсироти равонии хориқулъодае дорад ва зидди афсурдагӣ аст.  

Ин мева дар зудудани ғаму андуҳ ва рафъи стресс ва изтироб муассир аст ва аз он фаровардаҳои ғизоии мухталифе ба даст меояд, ки шомили мавиз, шираи ангур, равғани ҳастаи ангур, сирка, ғура ва обғура аст. Ғура баиллати доштани асидҳои олӣ назири аскорбик ва асид тартарик ва асидҳои олии дигар ҳам ба сурати ғизо ва ҳам ба унвони дору масраф мешавад.

Дар тибби суннатӣ аз обғура баунвони мевае қобиз, рафъкунандаи варами мухоти даҳон ва нармии лассаҳо ёд шуда, ки баиллати вуҷуди тартарик асид ва потасиюм дар он, барои сиатик ва ревматизм бисёр нофеъ буда ва барои тақвияти меъда ва кабид ва тасфиякунандаи хун аз он истифода мешавад. Ғура барои афроди мубтало ба чарбии хун бисёр муфид буда ва зидди уфунӣ кунандаи бадан низ ҳаст. Ин меваи норас, ҳарорати хун ва сафро дар баданро кам карда ва боиси аз байн рафтани сафро ва балғами мавҷуд дар меъда мешавад.

Имом Ризо (а) дар Тиббулризо ғалабаи мизоҷи балғам дар фасли зимистонро муҳтамил буршумурдаанд, ки бо унвони мизоҷи зимистонӣ аз он ёд мешавад. Аз ин рӯ мутобиқи тадобири ғизоии имом Ризо (а) бар асоси моҳҳо ва фаслҳо касоне, ки табъи сард доранд, набояд аз ғура ва фаровардаҳои он истифода кунанд. Вале афроди гарммизоҷ,  ки мубтало ба бемориҳои ҳароратӣ мешаванд, метавонанд аз он истифода кунанд, чун ғура мизоҷро сард ва хушк карда ва ҳарорати хун ва сафро дар баданро кам мекунад ва боиси аз байн рафтани сафро ва балғами мавҷуд дар меъда мешавад.

Аз ин рӯ, коршиносони тибти исломӣ муътақиданд фарде, ки ба фарбеҳии демос мубтало аст, барои лоғар кардан бояд аз маводи ғизоии сарду хушк истифода намояд, зеро ин афрод дорои табиате гарму тар ҳастанд ва барои лоғарӣ бояд ба равиши дармон ба зидд истифода кард, ки масрафи ғизоҳои сарду хушк метавонад муҷиби лоғарии фард шавад ва обғура яке аз ғизоҳои сарду хушк аст.

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар бахше аз рисолаи Заҳабия хитоб ба Маъмун ҳамроҳ доштани обғураро барои мусофир лозим дониста мефармояд: Бидон, ки ҳамоно шахси мусофир бояд дар ҳангоми ҳаракат эътидоли ҳаворо дар назар дошта бошад, вақте дар ҳавои гарм ночор ба мусофират шуд, шиками худро аз таом пур накунад ва низ бо шиками холӣ ҳаракат накунад, эътидол дар шикамро риоят кунад, дар ҳавои гарм ғизои сарду мартуб бихурад, аз қарис (гушти тоза) ва ҳилом (гушти бидуни чарбӣ) ва сирка ва равғани зайтун ва обғура ва назири онҳо истифода кунад.

Яке аз хавоси обғура рафъи ташнагӣ ва таъдили иштиҳост ва барои ҳамин дар Уюн Ахборалризо (а) ин сухан аз имом Ризо омадааст, ки шахси мусофир лозим аст, дар ҳайни мусофират обғура ва сирка ва зайтуни хом бихурад.

Бояд дар назар дошт афроде, ки ба захми меъда ва ё зиёдии асиди меъда мубтало ҳастанд ва ё шушҳои онҳо нороҳат аст, хурдани ғура барои онон мамнуъ мебошад.

 

Барчасп