Ҷустуҷу
-
Jun 03, 2017
Расонаҳо аз имзои протокол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари таъйини марзҳои муштарак хабар доданд.
-
Jun 01, 2017
Муовини раиси Донишгоҳи ҷомеаи ҳамсуд дар Русия муътақид аст, ки ихтилоф бар сари обу мавзӯи аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон ду монеи умда дар роҳи густариши равобити Душанбеву Тошканд аст.
-
Май 31, 2017
Коршиноси умури оби Тоҷикистон гуфт, ба далели бориши зиёди барф дар зимистони гузашта ва гармои ҳаво дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон имсол оби бештаре дарёфт хоҳанд кард.
-
Май 31, 2017
Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвар музокироти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.
-
Май 30, 2017
Муовини баҳрабардорӣ ва сайру ҳаракати ширкати “Роҳи оҳан”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъол кардани коридори Тоҷикистон – Узбакистон – Қазоқистон ва Эрон барои ҳамли ду миллион тонна бор дар як сол таъкид кард.
-
Май 28, 2017
Дар сурати мувофиқати ҷониби Узбакистон бо аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофибарӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон, ширкати “Asian Express Terminal” омодааст, ки интиқоли мусофирон дар ин масирро аз Душанбе ба мақсади шаҳрҳои Узбакистон оғоз кунад.
-
Май 22, 2017
Руасои ҷумҳури Узбакистон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Риёз дидор ва дар бораи тавсеаи муносиботи дуҷониба гуфтугӯ карданд.
-
Май 16, 2017
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки барои ширкат дар нишасти “Як камарбанд- як ҷодда дар Пекин”, ба Чин сафар кардааст, дар ҳошияи ин иҷлос бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ кард.
-
Май 13, 2017
Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, биступанҷумин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ байни ду кишварро табрик гуфт.
-
Май 11, 2017
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме фаро расидани биступанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ӯзбакистонро ба раиси ҷумҳурӣ, давлат ва миллати Ӯзбакистон табрик гуфт.
-
Май 10, 2017
Барои нахустин бор пас аз солҳо таваққуф дар равобити расмии фарҳангии Ӯзбакистону Тоҷикистон, як ҳайати муташаккил аз ҳунармандону фарҳангиёни ӯзбакистонӣ вориди Душанбе шуд.
-
Май 02, 2017
Вазорати иқтисоди Тоҷикистон аз имзои ду санади ҳамкории гумрукӣ бо Узбакистон хабар дод.
-
Apr 29, 2017
Нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон дар охирин раддабандии артишҳои ҷаҳон дар рутбаи чиҳилуҳаштуми ҷаҳон ва рутбаи аввали кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифт.
-
Apr 23, 2017
Барпоии намоишгоҳи колоҳои Узбакистон дар Душанбе назари мардуми Тоҷикистонро ба афзоиши ҳамкории иқтисодии кишварашон бо Узбакистон мусбат кардааст.
-
Apr 23, 2017
Иқтисоддони мустақили тоҷик бо ҳимоят аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар шаҳри Душанберо ба нафъи ин ду кишвари ҳамсоя донист.
-
Apr 20, 2017
Ширкатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар поёни нишасти тиҷории худ дар Душанбе, 20 қарордод ба арзиши 35 миллион доллар имзо карданд.
-
Apr 18, 2017
Кумитаи амнияти Узбакистон аз боздошти 16 ифротгаро, ки қасд доштанд, ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия бипайванданд, хабар дод.
-
Apr 18, 2017
Вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфтугӯҳои созанда ва ёфтани роҳҳалли мавриди пазириши тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба ихтилофот бар сари истифода аз манобеи оби минтақа хостор шуд.
-
Apr 17, 2017
Нахустин ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Узбакистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шуруъ кард.
-
Apr 16, 2017
Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси палатаи болоии парлумони Узбакистон мегӯяд, Тошканд метавонад ба масири аслии ҳамлу нақли кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва шоҳроҳи Абрешим табдил шавад