Май 13, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси ҷумҳурии Узбакистон ба ҳамтои эронии худ

Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, биступанҷумин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ байни ду кишварро табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Шавкат Мирзиёев рӯзи шанбе дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ эълом кард: “Солгарди воқеаи муҳим дар таърихи Тошканд - Теҳронро, ки фаро расидани биступанҷумин соли барқарории равобити дипломатӣ аст, самимона табрик ва таҳният мегӯям ва орзӯҳои нек дорам”.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ин паём ба ҳамтои худ афзудааст, дар қарнҳои гузашта пайвандҳои муҳками ҳусни ҳамҷаворӣ, равобити бозаргонӣ, суннатҳо ва русуми муштарак, ду миллатро пайванд додааст.

Мирзиёев аз тавсеаи равобити Узбакистон ва Эрон ва истеҳкоми дӯстиҳои ду миллат бар асоси зербинои таърихӣ ибрози хурсандӣ кард.

 

Барчасп