Июл 31, 2024 09:39 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисиҷумҳури Эрон дар пайи қаҳрамонии тими волейболи ҷавонон дар Осиё

Раисиҷумҳури Эрон дар паёме қаҳрамонии тими волейболи ҷавонони Эрон дар Осиёро табрик гуфт.

22-умин давраи рақобатҳои волейболи қаҳрамонии мардони зери 20 соли Осиё, ки аз 23 июл дар Индонезия оғоз шуда буд, рӯзи 30 июл  бо қаҳрамонии тими ҷавонони Эрон ба поён расид.

Тими волейболи ҷавонони Эрон бо шаш бурди мутаволӣ дар рӯзи поёнии ин рақобатҳо барои касби мақоми қаҳрамонӣ ба масофи Кореяи Ҷанубӣ рафт ва бо иқтидор се бар сифр ҳарифро шикаст дода ва ба мақоми қаҳрамонии ин рақобатҳо даст ёфт.

Дар паёми раисиҷумҳури Эрон омадааст, ҷавонони шоистаи тими миллии волейболи Эрон бо қаҳрамонӣ дар Осиё, коре бузург карданд.

 

Барчасп