Ирсоли паёми табрики раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи паёме ба ҳамтои тоҷикистонии худ солгарди истиқлоли ин кишварро табрик гуфт.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон бо ирсоли паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани солгарди истиқлоли ин кишварро табрик гуфт.
Дар матни ин паём хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст: Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди истиқлоли кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.
Густариши муносиботу ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва муътақидам, ки равобити мубтанӣ бар эҳтироми мутақобили мардуми ду кишвар беш аз гузашта, тақвият ва тавсеа хоҳад ёфт.
Аз Худованди мутаъол, саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб ва тадовуми рушд ва боландагии мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъалат менамоям.