Июн 20, 2017 17:27 Asia/Dushanbe
  • Рушди равобити Тоҷикистону Узбакистон дар як соли ахир

Дар идомаи талоши Душанбе ва Тошканд барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои  иқтисодиву  тиҷорӣ рӯзи 20 июн як ҳайати баландпояи намояндагони давлати Узбакистон  ба Тоҷикистон омад.

Ба  ин ҳайат раҳбарону намояндаҳои 17 вазорату созмони давлатӣ ва ҳудуди 30  намояндаи бахши хусусӣ шомил буда, раёсати онро муовини нахуствазири Узбакистон Улуғбек Розиқулов ба уҳда дорад. Интизор меравад,  муовини нахуствазири  Узбекистон зимни сафари дурӯзааш ба Душанбе бо муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои зирабти Тоҷикистон мулоқот карда,  масоили  тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷории байни ду кишварро  матраҳ кунад. Инчунин фардо дар Душанбе бо ширкати соҳибкорони   Тоҷикистону Узбакистон ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар баргузор гардида,  қарор аст, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расад. Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳайати Узбакистон аз Осорхонаи миллии  Тоҷикистон,  «Кохи Наврӯз»  ва макони сохтмони Маркази фурӯши мошинҳои тавлиди ширкати  «Узавтосаноат»  дар шаҳри Душанбе  боздид намоянд.

Ба иттилои сафорати Узбакистон дар Душанбе, ҳадаф аз сафари ин ҳайат фаъолсозии равобити ду кишвар дар заминаҳои тиҷорию иқтисодӣ ва пайгирии раванди иҷрои тавофуқотест, ки дар охирин нишасти Комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар моҳи декабри 2016 ҳосил шуда буд. Ин манбаъ афзуд, ки дар пайи баргузории охирин нишасти Кумиссиюни ҳамкорӣ ва нахустин намоишгоҳи саноатию тиҷории Узбакистон дар Душанбе 56 ширкати узбакӣ фаъолияти хешро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.

Абдураҳмон Ниёзӣ, таҳлилгари тоҷик зимни истиқбол аз талоши мақомоти ду кишвар барои таҳкими равобит мегӯяд, ки баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон сиёсати Тошканд дар қиболи ҳамсояҳо куллан тағйир карда, ба ҳамгироии кишварҳои минтақа такони ҷиддӣ бахшидааст. Дар баробари ин Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки содда кардани низоми раводид аз омилҳои муассир дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик,  Узбакистон аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ  ба унвони кишвари калидӣ дар ОМ шинохта шудааст ва доштани муносиботи хуб бо Тошканд, бидуни шак, ба нафъи Тоҷикистон аст.

Бояд гуфт, ахиран дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷории “Суғд – 2017” баргузор шуд, ки дар ин намоишгоҳ беш аз 30 ширкату корхонаи Узбакистон ширкат  карда, хостори ҳамкории бештар бо ҳамтоёни тоҷики худ шуданд.Ба гуфтаи масъулини вилояти Суғд, дар чорӯби ин намоишгоҳ бештар аз ҳама, яъне 73 қарордоди ҳамкорӣ бо ширкатҳои  Узбакистон баста шудааст.  Ин қарордодҳо дар мавзӯи воридоту содироти фаровардаҳову маҳсулот буда,  маблағи куллии онҳо  2,5 миллион доллар аст. Аз сӯйи дигар ҳафтаи гузашта да шаҳри Боку миёни ниҳодҳои гумрукии Узбакистону Тоҷикистон ду санад  дар заминаи  ҳамкорӣ дар робита ба фаъолияти гумрукӣ ва қиёси омори гумрукӣ ба имзо расидааст. Ҳамчунин дар авоили моҳи июн дар шаҳри Душанбе ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон баъд аз таъхири  чандсола масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишварро тайи се руз баҳс карда, як санади ҳусни тафоҳум  имзо кардаанд. Мақомот дар Душанбе ва Тошканд мегӯянд, то ҳол беш аз 90 дарсади марзи муштараки миёни ду кишвар, ки  беш аз 1300 -километр тул дорад, таъйину аломатгузорӣ шуда ва фақат 60 километри дигар боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ, баъд аз 25 сол барои нахустин бор ҳавопаймои мусофирбари ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" дар фурудгоҳи Душанбе нишаст. Аз он руз бад ин сӯ парвозҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд расман ба ҷадвали парвозҳои байналмилӣ шомил шуда, ҳафтае як маротиба аз ҷониби ширкати “Ӯзбекистон ҳавой йӯлларӣ” анҷом мешавад. Дар баробари ин дар авохири моҳи апрел дар шаҳри Душанбе барои аввалин бор намоишгоҳи маҳсулоти саноатии  Узбакистон  бо ҳузури намояндагони беш аз 160 ширкат ва ҳудуди 500 тоҷири узбакистонӣ баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми табодули миёни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2016 ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, ба 62 миллион доллар расидааст, дар ҳоле ки  мизони тиҷорати ду кишвар дар соли 2015  ҳамагӣ 12 миллон доллар будааст.