Чаро музокира бо Амрико бефоида аст?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122094-Чаро_музокира_бо_Амрико_бефоида_аст
Порс Тудей - Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамвора далоили мутааддидеро барои бенатиҷа будани музокира бо Амрико матраҳ кардаанд.
(last modified 2025-09-24T09:56:56+00:00 )
Сентябр 24, 2025 13:18 Asia/Dushanbe
  • Чаро музокира бо Амрико бефоида аст?

Порс Тудей - Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамвора далоили мутааддидеро барои бенатиҷа будани музокира бо Амрико матраҳ кардаанд.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамвора далоили мутааддидеро барои бенатиҷа будани музокира бо Амрико матраҳ кардаанд, ки бар мабнои таҷрибаҳои таърихамӣ, идеологӣ ва таҳлили рафтори тарафи амрикоӣ аст. Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамвора бар ин мавзӯ таъкид кардаанд, ки Амрико бо рӯйкарди султаталабона, вориди музокира мешавад ва ба дунболи тавофуқе одилона нест, балки ҳадафи Вашингтон таҳмили хостаҳои худ аст. Ин рафтори мақомоти амрикоӣ бо асли «истиқлол» ва «зулмситезӣ», ки аз усӯли Инқилоби Исломӣ аст, дар тазод қарор мегирад.

Таҷрибаи гузашта бавижа дар раванди музокироти БАРҶОМ ба хубӣ ошкор кард, ки музокира бо Амрико, на танҳо мушкилоти иқтисодиро ҳал намекунад, балки мақомоти амрикоӣ бо сӯиистифода аз ин шароит ба дунболи пайгирии сиёсатҳои ғайриинсонии худ дар ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон ҳастанд. Ин шароит, нишон медиҳад, ки музокира абзоре барои Амрико, ҷиҳати эъмоли фишор бештар ва гирифтани имтиёз бидуни додани имтиёзи мутақобил аст. Ин навъи музокира, на танҳо бенатиҷа, балки зиёнбор талаққӣ мешавад.

Мақомоти амрикоӣ дар тӯли музокироти БАРҶОМ ва пас аз он, аз абзорҳои дипломатии ҳуқуқӣ барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон истифода карданд. Ин иқдомот аз диди бисёре аз таҳлилгарону мақомоти эронӣ, навъе сӯиистифода аз фазои музокира ва тавофуқоти байналмилалӣ, талаққӣ мешавад. Амрико бо вуҷӯди хурӯҷи расмӣ аз БАРҶОМ дар соли 2018, талош кард аз механизми моша дар қатъномаи 2231 Шӯрои амният истифода кунад то таҳримҳои Созмони милал алайҳи Эронро бозгарданд.

Дар давраҳои мухталифи музокира, амрикоиҳо ба ҷои коҳиши таниш, таҳримҳои ҷадиде алайҳи ниҳодҳо ва афроди эронӣ эъмол карданд то аз он ба унвони аҳруми фишор дар музокирот истифода кунанд. Ин рафтор боиси беэътимодии шадиди тарафи эронӣ шуд ва раванди гуфгугуҳоро бо чолиш мувоҷеҳ кард.

Замоне, ки Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ ба тавофуқоте барои шаффофсозӣ даст ёфт, Амрико ва муттаҳидонаш бо фаъолсозии механизми моша, ин тафоҳумотро нодида гирифтанд. Мақомоти эронӣ ин рафторро намунае аз «дипломатия фиреб» ва «сӯиистифода аз ҳуқуқи байналмилал» медонанд.

Рӯйкарди хасмонаи зиддиэронии Амрико, на танҳо дар раванди музокирот тазъиф нашуд, балки мақомоти Кохи Сафед барои иҷрои таҳримҳои бештар ва эҷоди маҳдӯдиятҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон аз ҳар фурсате истифода карданд. Ин сиёсатҳои зиддиэронии Кохи Сафед дар шароите иҷро шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои гузашта ба тамомии тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ ва дар ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ амал кард, аммо ин тарафи муқобил буд, ки ба ҳеҷ кадом аз тааҳҳудоти худ пойбанд набуд.

Рафтори дугонаи амрикоиҳо дар музокироти ғайри мустақим бо Эрон, низ идома дошту бархилофи усӯли дипломатӣ ва қавонини байналмилалӣ, ин мақомоти Кохи Сафед буданд, ки дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар ҷанги 12 рӯза бо Эрон мушорикат доштанд ва дар иқдоме ситезаҷӯёна таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эронро бомбаборон карданд. Ин маҷмӯаи иқдомоти хасмонаи Кохи Сафед аз диди мақомоти эронӣ, нишонаи ҳамдастӣ ва мушорикати фаъол дар таҷовузи низомии ғайри машрӯъ ва нақзи ҳуқуқи байналмилал аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, бо ташреҳи иллати таслим нашудани миллати ғайратманди Эрон дар муқобили фишору таҳдиди душман барои сарфи назар кардан аз фанноварии пурфоидаи ғанисозии уран, таъкид карданд: Музокирае, ки Амрико аз аввал натиҷаи онро мушаххас ва дикта кунад, бефоида ва пурзарар аст, чаро ки душман зӯргуро барои таҳмили ҳадафҳои баъдӣ ба тамаъ меандозад ва ҳеҷ зарареро ҳам аз мо дафъ намекунад ва ин гуна музокиротро ҳеҷ миллати бо шарафу сиёсатмадори хирадманде намепазирад.

Аз дидгоҳи мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, музокира бо Амрико на танҳо бенатиҷа, балки зиёнбор будааст. Далоили ин дидгоҳ шомили бадаҳдиҳои мукаррар, истифодаи абзорӣ аз музокирот, ҳамдастӣ дар иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ, ва беэътимодии сохторӣ ба сиёсатҳои Амрико аст.